“Аждаҳорсанг” – асотире дар водии Вахони Бадахшон

Дар қалби кӯҳҳои осмонбӯси Бадахшон мавзеъҳое ҷой доранд, ки на танҳо бо зебогии табиӣ, балки бо таърих ва ривоятҳои асроромези худ маъруфанд. Мардуми ин минтақа то ҳол ин ривоятҳоро ҳамчун як марҳилаи нодири таърихӣ нигоҳ дошта, аз қиссаҳои калонсолон ва ҳатто ба шакли китоб ба насли наврас боқӣ гузоштаанд.

Ҷолиб ин, ки бештари аз ривоятҳо бо воқеият алоқамандии зич доранд. Ҳатто дар баъзе маконҳои ин минтақа ашёи ба ривоятҳо алоқаманд то ба имрӯз ҳамчун чизи муқаддас нигоҳ дошта мешаванд.

Яке аз чунин ривоятҳои маъруф, ки барои мардум воқеиятро мемонад, ин ривояти “Аждаҳор ва шахси Бузург” мебошад, ки бо мавзее бо номи “Аждаҳорсанг” сахт пайванд ёфтааст.

Муаллифи Your.tj дар ҷустуҷӯи ин ривоят ба водии Вахон рафт ва қиссаи ҷолиберо нақл кард.

Ривоят ва рамзи қаҳрамонӣ

Ин мавзеъ дар деҳаи Ширгини водии Вахони ноҳияи Ишкошим ҷойгир аст. Санге азим ва хомӯш, ки дар назари аввал танҳо як порае аз табиат аст. Аммо мардуми маҳаллӣ онро бо эҳтироми вижа ҳамчун ёдгории зиндаи муборизаи нур бар зулмот ва рамзи пирӯзии қаҳрамонӣ бар тарс нигоҳ медоранд.

Чӣ гуна “Аждаҳорсанг”-е, ки дар деҳаи Ширгин воқеъ аст ба ривояти “Аждаҳор ва шахси Бузург” алоқамандӣ дорад ва чаро мардуми водии Вахон то имрӯз ин сангро ҳамчун ёдгорӣ ва порае аз таърих нигоҳ медоранд? Ҳатто ҳар меҳмони хориҷӣ, дӯстдорони таъриху фарҳанг, ки ба ин водӣ қадам гузоранд, нахустин чизи макони зиёраташон ҳамин санги таърихӣ аст.

“Аждаҳорсанг” ва тамоми ашёе, ки ба ривояти “Аждаҳор ва шахси Бузург” алоқаманданд дар деҳаи Ширгин ҷойгиранд.

Музаффаров Алибек муаллими синфҳои ибтидоӣ, ки дар ин деҳа ба воя расидааст, ин ривоятро хеле хуб медонад.

“Дар замонҳои хеле қадим дар водии Вахон аждаҳори азимҷусса ва бадҳайбате дар назди соҳил зиндагӣ мекардаст. Тибқи ривоят аждаҳор он замонҳо дар наздикии деҳаи Ширгини имрӯза зиндагӣ карда, мардум аз тарси он худро ба дараву пуштаҳо пинҳон мекарданд.

Ӯ на танҳо мардуми Вахон, балки мардуми он тарафи соҳилро, ки Афғонистони ҳозира мебошад азият медодааст. Аз тарси он ки аждаҳор ба худи деҳа ҳамла накунад, сардори деҳа ҳар рӯз як одамро бо ғизо ба назди соҳил равон мекардаст ва аждаҳор одамро ҳамроҳи ғизо мехӯрдааст.

Ҳамин тавр аз байн чанд муддат мегузарад ва дар деҳа ғайр аз сардори деҳа ва духтараш дигар одам намемонад. Сардор маҷбур мешавад, ки духтарашро бо ғизо ба назди аждаҳор равон кунад. Духтар ларзону тарсон ба лаби соҳил наздик мешавад ва мебинад, ки дар он ҷо чизе нест. Дар ҷояш мешинаду гиря мекунад, ки ҳамин дам нафаре пайдо мешавад”,- қисса кард муаллим.

Аз рӯи боварии мардум ва нақли муаллим Алибек ин одам хеле бузургҷусса будааст ва бо қаҳрамониҳои худ он замонҳо одамонро аз чунин махлуқҳои бадҳайбат наҷот медодааст. Аз ин рӯ ӯро ҳамчун шахси Бузург ёд мекунанд.

Ӯ дар роҳи сафар будааст ва дар лаби соҳил духтари гирёнро мебинад. Ба назди духтар меояд ва аз ӯ мепурсад, ки аз куҷост ва дар лаби соҳил чаро нишаста гиря мекунад. Духтар ба шахс Бузург асли воқеаро нақл мекунад ва мегӯяд, ки ман хеле метарсам ва падарам дар деҳа танҳо мондааст.

“Шахси Бузург духтарро ором мекунад ва мегӯяд: “Ту ором бош ва ҳеҷ ташвиш махӯр, ман ба шумо кӯмак мекунам. Ҳоло ҳамин ҷо интизори аждаҳор мешавем ва кӯшиш мекунам ин махлуқро нобуд созам”.

Онҳо интизор мемонанд, вале бо гузашти чанд соат аждаҳор пайдо намешавад. Шахси Бузургро дар назди духтар хоб мебарад. Ногоҳ аждаҳор дар назди соҳил пайдо мешавад ва духтар баробари дидани он аз тарс забонаш лол мешавад. Ашкаш ба рӯи шахси Бузург меафтад ӯ бедор мешавад ва дар назди худ воқеан як аждаҳори азимҷусса ва бадҳайбатро мебинад”,- нақл кард ривоятро муаллим Музаффаров.

Аз рӯи нақли ӯ, шахси Бузург шамшерашро аз ғилоф мебарорад (ин шамшер низ аз рӯи боварии мардум, шамшери одӣ набудааст). Дар наздикии худ санги азимеро мебинад ва ба худ мегӯяд, ки агар бо шамшер ба он занаду пора карда тавонад, пас аджаҳорро низ кушта метавонад.

Шамшерро ба санг мезанад, ки он ду тақсим мешавад. Ба гуфтаи ҳамсуҳбатамон ин санг то кунун тақрибан 50 метр дуртар аз “Аждаҳорсанг” вуҷуд дорад.

Баъдан шахси Бузург бо шиддати хеле зиёд шамшерро ба гардани аждаҳори азимҷусса мезанад. Сари он аз танаш ҷудо шуда ба дарё меафтад, вале танаш дар хушкӣ мемонад.

Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, санге, ки ба танаи аждаҳор монанд аст, аз ҳамин лаҳзаи ривоят барои мо ба ҳақиқат наздикӣ пайдо кардааст. Яъне он санг дар болои дарае, каме болотар аз дарёи Панҷ воқеъ аст.

“Ҳамин тавр аждаҳор аз дасти шахси Бузург кушта мешавад ва духтар бо падараш наҷот меёбанд. Шахси Бузург бошад, шамшерашро ба замин мезанад, ки аз он оби гарм пайдо мешавад.

Чашмаи оби гарм дар назди соҳили дарё ҳамчун “чашмаи Ширгин” маъруф аст ва барои дардҳои зиёде фоида дорад. Аз рӯи ривоят аз ҳамон замон то инҷониб дигар аждаҳор дар ин минтақа пайдо нашудааст”,- ривоятро ба поён расонид Музаффаров Алибек.

Аз асотир то воқеият

Чӣ гуна ин асотир то имрӯз моҳияти худро гум накардааст?

Муаллим Алибек дар ҷавоб ба ин савол гуфт, асотир чизест, ки мисли як афсона боқӣ мемонад, вале ин ки ин ривоят ба “Аждаҳорсанг”-и мо наздикии зич дорад воқеан қобили таҳқиқ ҳаст.

“Аз ин ҷост, ки бисёре аз сайёҳон ва меҳмонон аз кишмарҳои гуногун дар сафари худ ба водии Вахон ҳатман аз ин макон дидан мекунанд.

Вақте аз ривоят барояшон нақл мекунем, дар ҳайрат афтода, саволҳои зиёд медиҳанд ва аз ин ҷойҳо аксбардорӣ мекунанд. Вале то кунун ҳеҷ яке аз онҳо воқеан ин сангро мавриди таҳқиқ қарор надодааст”,- мегӯяд муаллим.

Арзиш ва аҳамияти фарҳангӣ

“Аждаҳорсанг” на танҳо як порчаи санг аст. Он ба як мактаби маънавӣ табдил ёфтааст, ки мардумро ба андеша водор мекунад. Ривоят гувоҳи он аст, ки нур ҳамеша бар зулмат ғалаба мекунад, қаҳрамонӣ бар тарсу ваҳм пирӯз мешавад ва хотираи гузашта метавонад ба инсонҳо ҳамчун василаи тарбияи маънавӣ хизмат кунад.

Ин ривоят баёнгари он аст, ки асотир танҳо ба як минтақа тааллуқ надорад. Он метавонад моликияти тамоми башар бошад, зеро одамон дар ҳар замону макон онро тибқи андешаи худ такмил медиҳанд.

Аждаҳорсанг на танҳо ривоят, балки рамзи зиндаи қувват, қаҳрамонӣ ва ҳифзи фарҳанги мардум аст. Чун мардум то имрӯз онро эҳтиром мекунанд, ин маънои онро дорад, ки ривоятҳо метавонанд садсолаҳо зинда монанд ва ба наслҳои оянда паёми умед ва нерӯ расонанд.

Имрӯз, вақте сайёҳе ба водии Вахон меояд, на танҳо табиати зеборо мебинад, балки бо ҷаҳони асотир, фарҳанг ва рӯҳи қаҳрамонпарвари мардум ошно мешавад.

Дило Доробшоева, махсус барои Your.tj

Skip to toolbar