Офатҳои табиӣ дар соли 2023

Аз заминҷунбиҳои шадид то обхезиҳои даҳшатнок. Соли 2023 чӣ офатҳо овард?

Соли 2023 низ ба анҷом мерасад, вале он аз оғозаш бо офатҳои даҳшатноки табиӣ, ки боиси марги ҳазорон нафар, вайрону валангор гаштани садҳо манзили зист ва дигар харобиҳои гӯшношунид гардид, дар хотир мемонад.

13-уми октябр Рӯзи байналмилалии коҳиши хатари офатҳои табиӣ аст. Мо аз фоҷианоктарин офатҳое ёд меорем, ки имсол сокинони сайёраро ба ғам гирифтор карданд.

Заминларза дар Туркияву Сурия

Пурқурбонитарин офати сол ҳанӯз дар моҳи феврал ба вуқӯъ пайваст.

Субҳи 6-уми феврал дар 30 километрии шимолу шарқии шаҳри Газиантепи Туркия ва 114 километриии шаҳри Ҳалаби Сурия аз рӯйи магнитудаи 7,8 заминҷунбӣ ба қайд гирифта шуд. Заминларза чанд пасларзаи пурқувват дар пай дошт, ки боиси харобиҳои зиёд гардид.

Акс аз интернет.

Дар пайи он 10 шаҳри Туркия ва чандин минтақаи Сурия зарари ҷиддӣ диданд.

Дар Туркия наздики 60 ҳазор нафар ва дар Сурия қариб 10 ҳазор нафар дар зери харобаҳо ба ҳалокат расиданд. Беш аз 100 ҳазор бинову манзили истиқоматӣ ба хароба табдил ёфтанд. Мақомоти Туркия дар музофотҳои аз офати табиӣ зарардида 3 моҳ вазъияти фавқулодда эълон карданд.

Гурӯҳҳои наҷотдиҳандагон аз кишварҳои ҷаҳон барои ёрӣ дар корҳои наҷотдиҳӣ ба Туркия сафарбар шуданд. Аз ҷумла, гурӯҳи наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон низ дар ин амалиёт иштирок карда, чандин нафарро аз зери харобаҳо зинда берун оварданд.

Акс аз КҲФ

Ҳамчунин, садҳо тонна ёрии башардӯстона аз мамлакатҳои дуру наздик ба Туркияву Сурия ворид шуданд.

Дар пайи офати табиӣ ва фурӯравии биноҳо мақомоти Турки наздики 300 нафар масъулони сохтмонҳои ин кишварро боздошт карданд.

Заминларзаҳо дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон низ моҳи март чанд заминларзаи шадид рух дод, ки боиси ташвишу таҳлука сокинон гардид.

Аз ҷумла, шаби 21-уми март, тахминан соати 21:50 ба вақти маҳаллӣ Тоҷикистонро заминларзаи шадид такон дод. Маркази зилзила 268 км шарқуғарбии шаҳри Душанбе, дар ҳудуди Афғонистон қарор дошт. Қувваи заминларза дар маркази он 7 баллро ва шаҳри Душанбе он 5 баллро ташкил дод.

23 марти соли 2023 дар кишвар ду заминларза ба қайд гирифта шуд. Аввалин такони замин соати 1:07 ба вақти маҳаллӣ рух дод. Маркази заминларза дар 6 – 7 километрии деҳаи Палдораки ҷамоати деҳоти Лангари ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд ба қайд гирифта шуд. Заминларзаи дуввум дар умқи 40 километр соати 07:53 ба вақти маҳаллӣ сабт шуд.

Оқибатҳои харобиовари заминларза дар Тоҷикистон. Акс аз шабакаҳои иҷтимоӣ

Дар ин ҳодиса 318 хона дар ҳудуди ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғди Тоҷикистон осеб дид. 3 нафар ҷароҳат бардошта, инчунин 18 сар чорвои калони шохдор ва 27 сар чорвои майда ба ҳалокат расид.

Ҳамин тариқ, дар ҳудуди Тоҷикистон давоми сол чандин маротибаи дигар ҷунбиши замин бо қувваҳои гуногун ба қайд гирифта шуд, ки хушбахтона талафоти ҷонию молӣ дар пай надошт.

Охирин заминларза дар ҳудуди кишвар 4 октябр, соати 03:31 ба қайд гирифта шуд, ки маркази он дар 7 километрии ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе, дар ноҳияи Рӯдакӣ қарор дошт. Қувваи заминларза дар маркази он 2-3 балл ва дар шаҳри Душанбе 2 баллро ташкил дод.

Заминларзаи харобиовар дар Марокаш

8-уми сентябри соли 2023 дар Марокаш заминларза аз рӯи магнитудаи 6,8 дараҷа ба амал омад. Маркази заминларза дар 71,8 километрии ҷанубу ғарби Марокаш, дар кӯҳҳои Атлас воқеъ буд.

Дар ин заминларза наздики 3 ҳазор нафар ба ҳалокат расида, беш аз 5,5 ҳазор нафар захмӣ шуданд. Заминҷунбӣ боиси харобиҳои зиёд гардид: аз ҷумла зарар дидани ёдгориҳои таърихии Марокаш.

Заминҷунбиҳо дар Афғонистон

7-уми октябри соли 2023 Афғонистонро заминларзаи шадид такон дод, ки қувваи он 6,3 дараҷаро ташкил медод ва чанд пасларзаи дигар дар пай дошт.

Заминларза дар минтақаи шимолу ғарби музофоти Ҳирот рух дод ва 13 деҳаи ин вилоятро пурра хароб кард. Дар натиҷа беш аз 10 ҳазор нафар осеб бардошта зиёда аз 2,5 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд.

Баъди 4 рӯз – 11-уми октябр боз чанд таконхӯрии шадид дар ин вилояти Афғонистон ба қайд гирифта шуд, ки боз боиси харобиҳо ва марги чандин нафар гардид.

Тармаҳои харобкор ва пурқурбонӣ дар Тоҷикистон

Тармафароӣ дар Тоҷикистон дар соли 2023 талафоти зиёдтар овард. Моҳи феврал дар натиҷаи боридани барфи зиёд ва тармафароӣ қариб 20 сокини шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Ванҷи Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон қурбон шуданд.

Акс аз КҲФ

Ҳамчунин дар роҳи Душанбе-Чаноқ давоми фасли зимистони гузашта борҳо тарма фаромада, боиси марги одамон шуд. Аз ҷумла, шаби 26-уми феврал дар километри 157 – уми роҳи Душанбе – Чаноқ (ағбаи Шаҳристон) автомобили тамғаи “Муссо” зери тарма монд, ки дар натиҷа 3 нафар дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид.

Селҳои даҳшатнок дар Тоҷикистон

Селу обхезиҳои шадид дар фасли баҳору тобистон ва тирамоҳи соли 2023 талафоти зиёди молию ҷониро дар кишвар ба бор овард.

Акс аз КҲФ

Серталафоттарини он охири моҳи август рух дод.  Дар натиҷаи бориши зиёди борон 27-уми август дар як қатор шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон селу ярч фаромад. Офати табиӣ ба шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат, Ҳисор ва ноҳияҳои Рӯдакӣ, Варзоб, Деваштич, Рашт, Сангвор ва Тоҷикобод  хисороти ҷиддӣ овард.

Ба иттилои КҲФ дар натиҷаи ин офати табиӣ 21 нафар дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияҳои Рӯдакиву Варзоб ба ҳалокат расида, даҳҳо хонаву манзили истиқоматӣ зери обу гил монданд.

Оқибатҳои гӯшношуниди тӯфону обхезӣ дар Лубнон

Мудҳиштарин обхезӣ дар соли 2023 дар Лубнон ба амал омад. 10-уми сентябр дар натиҷаи тӯфони “Даниэл” дар ин кишвар обхезӣ ба вуқӯъ пайваст. Дар се шаҳри Лубнон – Дерна, Ал-Байда ва Бенгази талафоти зиёди молию ҷонӣ ба қайд гирифта шуданд.

Ба иттилои мақомоти ин кишвар 11,3 ҳазор нафар ба ҳалокат расида, беш аз 10 ҳазор нафари дигар бедарак шудаанд. Наздики 39 ҳазор нафар маҷбур шудаанд, ки манзили худро тарк кунанд.

Ғайр аз ҳодисаҳои номбурда, ки харобиҳо ва талафоти зиёде дар пай доштанд, дар соли 2023 сӯхторҳои шадиди ҷангалҳо дар ҷазираҳои Гавая, Русия, Канада, Амрико, Австралия, тӯфону обхезиҳо дар Чину Ҳиндустон, Мексика, Арабистони Саудӣ ва дигар кишварҳо боиси марги садҳо нафар ва зарар дидани табиату манзили одамон гардид.

Skip to toolbar