fbpx

“Мо дарди онҳоро ҳис кардем”. Ёде аз амалиёти наҷотдиҳандагони тоҷик дар Туркия

Бар асари заминларзаи харобиовари рӯзи 6 – уми феврал дар Туркия ҳазорон нафар зери харобаҳо монданд. Пас аз ду рӯз гурӯҳи махсуси зудамали наҷодиҳии КҲФ Тоҷикистон ба кӯмаки мардуми турк рафт.


0
Наджибулло спасатель
Ин ва дигар аксҳо аз хазинаи шахсии Наҷибулло Каримов дастрас гардиданд

Имрӯз, 6-уми феврал аз заминларзаи шадиде, ки Туркияро такон дода буд, як сол сипаӣ мешавад. 6 феврали соли 2023 дар марзи Туркия ва Сурия заминларзаи шадид бо магнитудаи 7,7 дараҷа рух дод, ки президенти Туркия ин офати табииро “фалокати аср” номид.

Бино ба гузориши расонаҳо, пас аз таҳқиқи мақомоти расмӣ муайян шудааст, ки аз 170 000 бино дар 10 вилояти осебдида, 25 000 хона комилан тахриб ё осеби ҷиддӣ дидаанд. Дар Туркия бар асари заминларза 53 ҳазору 537 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 107 ҳазор нафари дигар осеб диданд.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ барои кӯмаку наҷот ба Туркия гурӯҳҳои наҷотдиҳандагон ва ёрии моддии худро фиристод. Аз ҷумла, гурӯҳи наҷотдиҳандагон аз Тоҷикистон низ ба амалиёти наҷот ба кишвари Туркия сафарбар шуда буданд.

Дар бораи он ки чӣ гуна наҷотдиҳандагони мо дар шароити ниҳоят хатарноку сангин кор мекарданд ва чаро онҳоро зери кафкӯбиҳои бардавом гусел карданд, Наҷибулло Каримов, командири гурӯҳи махсуси зудамали наҷодиҳии Раёсати кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон нақл кард.

Землетрясение в Турции

Барои кӯмак ба мардуми турк дар қатори наҷотдиҳандагони бисёре аз кишварҳои ҷаҳон бо дастури президенти Тоҷикистон гурӯҳи махсуси зудамали наҷотдиҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла табибон – осебшиносон ва чарроҳон сафарбар шуданд.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ давлати мо аввалин бор наҷотдиҳандагони худро барои анҷоми корҳои ҷустуҷӯӣ ва наҷотдиҳӣ ба хориҷи кишвар фиристод.

Ба ғайр аз кӯмакҳои наҷотдиҳӣ, ба мардуми Туркия кӯмакҳои башардӯстона низ расонида шуд.

Бо дастури Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, бо як ҳавопаймои вижа ба осебдидагони Туркия дар ҳаҷми 100 тонна кӯмаки башардӯстона фиристода шуд. Он аз озуқаворӣ ва дигар молҳои зарурӣ иборат буд.

14 рӯз дар ҷустуҷӯи одамон

Гурӯҳи зудамали наҷотдиҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ КҲФ иборат аз 50 нафар рӯзи 8 феврал ба Туркия парвоз кард.

Наҷибулло Каримов, фармондеҳи гурӯҳи махсуси наҷотдиҳии Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон, аз ҷумлаи онҳое буд, ки ба ҳайати гурӯҳи наҷотбахшон шомил шудаанд.

Ба гуфтаи вай, гурӯҳ 14 рӯз дар ҷустуҷӯи афроди зери харобаҳо монда буд.

Таджикские спасатели

Гурӯҳи 50 – нафараи наҷотдиҳандагони тоҷик дар ду вилояти Туркия – Қаҳрамонмараш ва Хатай корҳои ҷустуҷӯӣ анҷом дод.

Якҷоя бо онҳо гурӯҳҳои наҷотбахши 7 кишвари ҷаҳон ба корҳои ҷустуҷӯӣ ва наҷотдиҳӣ ҷалб шудаанд.

«Гурӯҳи моро дар минтакаи бехатар чойгир карданд. Ба он ҷо шабона шаҳрвандон низ меомаданд.

Корҳои ҷустуҷӯйиро субҳи барвақт оғоз мекардем ва то соати як ё дуи шаб кори мо идома меёфт ”,- қайд кард наҷотдиҳанда.

Наҷибулло гуфт, дар Қаҳрамонмараш, ки нерӯи заминларзаи 6 феврал харобиовар буд, наҷотдиҳандагон ҳар рӯз заминларзаро эҳсос мекарданд.

Аммо ҳадафи онҳо наҷот додани мардум аз зери харобаҳо буд ва бо вуҷуди хатари як офати табиии дигар, наҷотдиҳандагони тоҷик тавонистаанд се нафарро аз зери харобаҳо зинда берун оранд.

Наҷотдиҳандагон бо истифода аз дастгоҳҳои махсус барои ошкор кардани афроди зери харобаҳо амалиёт анҷом доданд.

Явуз дар болои ҷасади модараш хобида буд

«Явуз ном кӯдаки сесола дар зери яке аз харобаҳо дар минтақаи Оникисубот дар оғӯши модар хобида буд. Мо онҳоро ҳангоми ҷудо кардани харобаҳо тасодуфан ошкор кардем. Фикр кардем, ки аллакай дер кардем ва ҳарду мурдаанд.

Вақте ки пои кӯдакро кашидем, ӯ ногаҳон онро ҷунбонд. Мо хеле хурсанд будем! Барои он ки кӯдакро бештар натарсонем, дастгоҳҳоро хомӯш карда, ӯро берун кашидем. Мутаасифона, модараш аллакай мурда буд”,- мегӯяд наҷотдиҳанда.

Ба гуфтаи ӯ, падари кӯдак дар наздикиҳо буд ва вақте писарашро зинда дид, аз шодӣ гиря кард. Одамони назди харобаҳо кӯдакро бо хурсандӣ пешвоз гирифтанд: ба наҷотдиҳандагон кафкӯбӣ карда, бо нидои “Тоҷикистон!” кӯдакро то мошини ёрии таъҷилӣ гусел карданд.

Таджикские спасатели

Кӯдакро фавран ба беморхона бурданд. Маълум шуд, ки модари Явуз бо духтараш вафот кардааст ва Явуз бо падараш зинда мондааст.

“Писарбача 158 соатро дар зери харобаҳо сипарӣ кард. Ин танҳо як мӯъҷиза аст!”,- меафзояд Наҷибулло Каримов.

“Пас аз як ҳафта онҳо зинда берун карда шуданд”

Ба гуфтаи Наҷибулло, кори наҷотдиҳӣ осон набуд, зеро хешовандони қурбониён ҳамеша дар наздикӣ буданд ва ба хусус гирифтани ҷасади беҷони онҳо мушкилу талх буд.

Дар маҷмӯъ, наҷотдиҳандагони мо ҷасади беш аз 217 нафарро пайдо карданд.

Кори наҷотдиҳандагон аз сабаби бисёрии харобаҳо ва ҳар лаҳза рехтани вайронаҳои ноустувор мушкил мегардид.

Таджикские спасатели

Ҳатто касе аз наҷотдиҳандагон бовар надошт, ки пас аз 7 рӯзи чунин заминларзаи шадид тавонистанд се нафарро аз харобаҳо зинда берун бароранд.

Наҷотдиҳандагони тоҷик ба ҷуз Явузи 3 – сола рӯзи 11 феврал як марди 30-соларо бо кӯдаки 6 – моҳа аз зери харобаҳо берун оварданд. Онҳо шаш рӯзро дар интизори кӯмак зери вайронаҳо гузарониданд!

«Вақте мо ба ҷои ҳодиса рафтем, бовар надоштем, ки одамони зинда дар зери харобаҳо бимонанд. Вале дар вакти кофтуков эхтиёткорона ҳаракат мекардем.

Баъзе плитаҳои бетонӣ, ки болои ҳам афтода буданд, байнашон ҷойҳои хурди холиеро ташкил карда буданд. Аксари онҳое, ки зинда монданд, маҳз дар ҳамин “ғорҳо” паноҳ бурданд”,- шарҳ дод Наҷибулло.

“Мо дарди онҳоро ҳис кардем”

20 феврал, тахминан соати 8 дар 15 километр аз макони наҷотдиҳандагони тоҷик боз як заминларзаи шадид бо магнитудаи 5,3 дараҷа рух дод. Дар натича биноҳое, ки дар вақти заминҷунбии пештара қисман зарар дида буданд, тамоман фурӯ рафтанд.

Дар шахри Қаҳрамонмараш биноҳои харобшуда бисёр буданд. Гурӯҳи наҷотдиҳандагони тоҷик ҳар яке аз 27 чунин хонаро бодиққат аз назар гузарониданд.

Таджикские спасатели

“Мо дарди одамонеро ҳис кардем, ки наздикони худро аз даст додаанд. Ҳолатҳое буданд, ки бо онҳо гиря мекардем. Аз даст додани оила як фоҷиаи бузург аст”.

19 феврал, баъди 13 рӯзи заминларза, наҷотдиҳандагони кишвари дигар, ки дар наздикии мо кор мекарданд, аз шодӣ дод заданд, ки як нафари дигарро зинда ёфтанд.

“Ҳар як ҳаёти наҷотёфта барои ҳамаи мо ҷашн буд”,- мегӯяд ӯ.

Ашёи қиматбаҳо ба ихтиёри мақомот супурда шуд

Ба гуфтаи Наҷибулло, азбаски заминларзаи 6 феврал тахминан соати 4 – и субҳ рух дод, ҷасадҳои дарёфткардаи онҳо ба таври возеҳ собит кардааст, ки дар он вақт одамон хоб буданд ва аз ин рӯ, сари вақт гурехта натавонистанд.

Дар вилояти Қаҳрамонмараш талафоти ҷонӣ нисбат ба Ҳатай бештар ба қайд гирифта шудааст, зеро маҳз ҳамин шаҳр маркази зилзила маҳсуб меёфт.

Таджикские спасатели

Ба гуфтаи наҷотдиҳанда, ҳангоми таҳлили харобаҳо ашёи гаронбаҳо низ пайдо кардаанд. Ҳангоми корҳои наҷотдиҳӣ дар ҳама ҷо намояндагони сохторҳои қудратии Туркия ҳузур доштанд.

“Ҳар он чизе, ки наҷотдиҳандагони мо ёфтанд, ба онҳо супурда шуд. Боре мо пули калон ҳам пайдо кардем”,- мегӯяд Наҷибулло.

Вазифаи худро иҷро карданд

Президенти Туркия рӯзи 20 феврали соли 2023 зимни мулоқот бо наҷотдиҳандагони тоҷик ба кори онҳо баҳои баланд дода, барои фидокорӣ изҳори сипос кард.

Таджикские спасатели

Вазири корҳои дохилӣ Сулаймон Сойлу ва вазири мудофиаи миллии Туркия Хулуси Аскар низ бо онҳо вохӯрда, барои кӯмакашон миннатдорӣ баён карданд.

Дар фурудгоҳи Туркия наҷотдиҳандагони моро бо кафкӯбӣ ва миннатдорӣ ба Ватан гусел карданд.

Ҳавопаймо бо наҷотдиҳандагони тоҷик шаби 22 ба 23 феврали соли 2023 вориди Душанбе шуд. Онхоро дар фурудгоҳи пойтахт мисли қаҳрамонҳо – бо гулдастаҳо, эҳтиром ва миннатдорӣ пешвоз гирифтанд. Дар миёни ҳозирон сафири Туркия дар Тоҷикистон низ буд.

“Хушбахтона, рисолати худро бошарафона ба ҷо оварда, бо сари баланд ба Ватан баргаштем. Ман фикр мекунам, ки ин барои ҳамаи мо таҷрибаи хубе буд. Ташаккур ба ҳамаи онҳое, ки ба мо бовар намуданд ва дар ҳаққамон дуо карданд”,- мегӯяд Наҷибулло.

Амонҷон Муҳиддинов, журналист


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
2
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
1
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend