fbpx

Аз зӯроварии равонӣ то табъиз. Рӯзноманигорон дар Суғд қиссаҳои занони ҷабрдидаро нақл карданд

“Хониши қиссаҳо – қадами аввал ба сӯи тағйирот”,- боварӣ доранд як зумра бонувони рӯзноманигор дар вилояти Суғд.  


0

Рӯзноманигорон дар асоси мисолҳои мушаххас аз ҳаёти бонувоне, ки қурбони зӯроварӣ ва ё табъиз шудаанд, силсила матолиби ба воқеият наздик ва таъсирбахш эҷод карданд.

Бонувони рӯзноманигор тасмим гирифтанд, ки дар доираи 16 рӯзи мубориза алайҳи хушунати ҷинсӣ хониши қиссаҳоро гузаронанд. Дар он 22 зани фаъол аз маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд низ иштирок карданд.

Ин ташаббус бо дастгирии ниҳоди Созмони Милали МуттаҳидЗанон дар Тоҷикистон (UNWOMEN) амалӣ гардид. Муаллифи Your.tj ҳам дар чорабинӣ ширкат кард.

Вазн ва симои зоҳирӣ ба касбу кор чӣ дахл дорад?

Мадина Почоева рӯзноманигорест, ки дар ВАО-и чопии гуногун таҷриба дорад. Ӯ ин навбат дар хусуси фэтшейминг, ки як намуди зӯроварии рӯҳӣ аст, матлаб омода кард.

Он “Вазнам монеи касбам нест!” унвон дошта, дар бораи ҳаҷвнигори шинохтаи кишвар Гулбаҳор Ғаффорова қисса мекунад.

Гулбаҳор Ғаффорова, ҳаҷвнигор

Муаллиф дар матлаб нишон дод, ки аз фэтшейминг (зӯроварии равонӣ) бе шикасту рехт раҳо шудан имкон дорад. Қаҳрамони маводи вай низ пойбанди мушкилоти рӯҳӣ нашуда, дар зиндагӣ мавқеъ ёфт.

“Нафарони фарбеҳ мунтазам дар ҷои кор ба табъиз дучор мешаванд, ҳатто агар онҳо мутахассиси соҳаи худ бошанд. Корфармоён аксар вақт қобилиятҳои одамони фарбеҳро нодида мегиранд ва гумон мекунанд, ки онҳо аз уҳдаи корҳои душвор баромада наметавонанд.

Мисол, вақте қаҳрамони мо дар солҳои аввали фаъолият дар як хор иштирок кардан мехост, ба ӯ иҷоза надоданд, чун либоси ба андозааш мувофиқ набуд. Аммо бо гузашти сол Гулбаҳор як чеҳраи шинохта дар ҳаҷв шуд. Барои сохтану рушд додани корномааш вазни зиёдатӣ монеъ нашуд”,- аз матлабаш қисса кард рӯзноманигор.

Дар Тоҷикистон таъқиб чӣ ҷавобгарӣ дорад?

Фарзона Ҳодибоева хабарнигори телевизиони маҳаллии “Азия” аст. Маводи омодакардаи ӯ дар мавзӯи “Сталкинг: зӯроварӣ аст, ё романтика?” мебошад.

Фарзона Ҳодибоева, рӯзноманигор

Қаҳрамони ин навиштаи ӯ Фаришта Каримова аст. Ин зан тайи 20 сол бо хушунати хонаводагӣ мубориза бурд. Инак 3 сол боз зери таъқиби собиқ шавҳар зиндагӣ мекунад.

“Пас аз як соли хонадоршавӣ Фаришта духтарча таваллуд кард. Шавҳараш бо тундӣ “ту духтар таваллуд кардӣ, на писар!”-гӯён Фариштаро мушту лагадкӯб мекард. Фишори равониву ҷисмонии шавҳар ва ҳам хушдоману хонаводаи шавҳар азобаш медод.

Ӯ соли 2016 писар ба дунё овард ва умед дошт, ки зиндагиаш ранги дигар мегирад, ба муҳаббати ҳақиқии ҳамсар сазовор мегардад. Аз зери борони таънаву маломати хушдоман раҳо меёбад, аммо боз хато кард. Муносибати бади шавҳараш дигар нашуд”,- аз мавод иқтибос овард Фарзона Ҳодибоева.

Қаҳрамони матлаб худро қурбони зӯроварии хонаводагӣ медонад ва мехоҳад ба дигар шаҳр ва ё кишвар кӯч бандад. Зеро ӯ дигар тоқати таҳаммул кардани чунин муносибатро надорад.

Оё таъқиб дар Осиёи Марказӣ муҷозот мешавад? Ба ин савол Фарзона Ҳодибоева дар матлаби худ чунин посух медиҳад.

“Мутаассифона, дар қонунгузории кишварҳои Осиёи Марказӣ истилоҳи “таъқиб” вуҷуд надорад. Қонун чунин қонуншиканиро танзим намекунад ва барои таъқиб низ ҷавобгарии ҷиноятӣ вуҷуд надорад.

Аксар вақт ин гуна кирдорҳо ҳамчун “майдаавбошӣ” тибқи Кодекси маъмурӣ ба танзим дароварда мешаванд. Дар Тоҷикистон ҷарима ба андозаи аз 7 то 10 нишондиҳандаи ҳисобӣ (аз 39 то 56 доллари ИМА) ё ҳабс аз 5 то 15 рӯз муқаррар шудааст”,- шарҳ додааст муаллиф дар матлаб.

Тасъири синну сол дар пайдо кардани ҷойи кор

Робия Розиқова сармуҳаррири нашрияи “Нилуфар” дар вилояти Суғд аст, ки он асосан барои бонувон мавод нашр мекунад. Ӯ дар ин чорабинӣ маводашро бо номи “Фурсати Моҳира аз даст рафт?” муаррифӣ кард.

Робия Розиқова, рӯзноманигор

Мавзӯи матраҳгардида ба проблемаи табъизи синнусолӣ дахл дорад. Ин намуди хушунатро бо истилоҳ эйдҷизм мегӯянд.

Қаҳрамони маводи ин рӯзноманигор занест бо номи Моҳира. Вай модари танҳост. Тарбияи 3 фарзандро бар дӯш дорад. Ӯ аз рӯйи ихтисос муҳосиб аст. Аммо ба хотири он ки 37-сола аст, кор пайдо карда наметавонад.

“Оилаи Моҳира баъд аз 15 соли зиндагии якҷоя бо шавҳари бадрашк ва зӯровар пош хӯрд. Акнун ӯ бояд барои хӯронидану пӯшонидани 3 фарзанди ноболиғаш кор кунад.

Алименте, ки суд барои падари кӯдаконаш муқаррар кардааст, маблағи ночиз аст. Он барои харҷи роҳи ба мактабу боғча намерасад.

Моҳира дар соҳаи муҳосибӣ таҷриба надорад ва бо ин омил корфармоён ӯро ба кор қабл кардан намехоҳанд. Агар қаҳрамони мо дар Тоҷикистон ба худ кори мувофиқ наёбад, маҷбур аст, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия равад”, – нақл кард Робия Розиқова.

Ӯ зимни омодосазии мавод назари мутахассисони Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд, Раёсати кор бо занон ва оиларо дар бобати масъалаи матраҳ пурсон шуд.

Муборизаи бонувон бо зӯроварии иқтисодию равонӣ

Фарзона Муродӣ рӯзноманигори “Азия-Плюс”, дар бораи шаклҳои гуногуни табъиз, ки ҷомеа нисбат ба занон раво мебинад, нақл кард. Дар матлаби вай сухан аз ҳаёти ду зан меравад, ки бо мушкилоти сангини хонаводагӣ, аз ҷумла, зӯроварии иқтисодӣ ва равонӣ рӯ ба рӯ шудаанд.

Фарзона Муродӣ, рӯзноманигор

Қаҳрамони якуми Фариза Норматова сокини 31-солаи ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аст. Ӯ аз оилаи аввалаш бо як духтару як писар ҷудо шуд. Аз “бева” ва “бешӯй” гуфтани атрофиён зиқ шуда, дубора оила бунёд кард.

“Аммо аз “таги борон зери новадон” шудам. Шавҳари дуюмам на танҳо ба ду фарзанди ӯгаяш падарӣ накард, балки се тилфи бегуноҳашро нигоҳубин накард. Ҳоло барои 5 фарзандам маҷбурам, ки аз хайрхоҳон кӯмак талаб кунам.

Ба ман доим чунин мегӯянд: “Беақл набошӣ, ки 5 фарзандро ба дунё меорӣ?”, “Калон карда натавонӣ бар ба давлат супор!”, “Шароити иқтисодӣ надоштӣ, барои чӣ таваллуд мекунӣ?”

Аз таъна, тамғазанӣ ва бадгӯӣ хаста шудам. Мехоҳам кор карда фарзандонамро калон кунам. Аз меҳнати ҳалол шарм намедорам, тайёрам, ки бо мардикорӣ, кӯчарӯбӣ, зарфшӯӣ ё тамизкорӣ машғул шавам”,- аз забони қаҳрамонаш нақл кард рӯзноманигор.

Саёҳат Файзуллоева, сокини ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов қаҳрамони матлаби дигар аст. Ӯ барои қаблан маҳбусӣ будан азоби руҳӣ мекашад.

“Саёҳат дар маҳбасхонаи занонаи шаҳри Норак адои ҷазо кард. Вай дар пеши қонун ба амали кардааш ҷавоб дод. Аммо дар байни ҷомеа то ҳол “ҷазо” мегирад. Барояш шунидани “Ту тюремчик” хеле дардовар аст.

Хонаводаи шавҳар ӯро дигар келин намешуморанд. Аз маҳбасӣ шудани ӯ ҳазар мекунанд.

Саёҳат ба озодӣ баромада бошад ҳам, дарди шунидани суханони ноҷои атрофиён, бахусус, зери табъизи наздикон монданро аз азоби маҳбас вазнинтар медонад”,- қисса кард муаллиф.

Фарзона Муродӣ дар матлаби худ фаҳмонида додааст, ки шахси ба табъиз рӯ ба рӯ гардида чӣ кор бояд кунад. Ӯ зарур медонад, барои коҳиш ёфтани табъиз ба корбарии психологӣ аҳамияти ҷиддӣ зоҳир шавад.

Таъсиси маҳфили “Хушдоманҳо”

Дар қисмати ҷамъбасти чорабинӣ занҳои фаъол аз маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд низ дар хусуси зӯроварии равонию иқтисодӣ ба бонувон, ки чанд вақти охир дар бештари хонаводаҳо ба мушоҳида мерасад, ибрози назар карданд.

“Дар оилаҳои ҷавон зӯроварии равонӣ ва иқисодӣ зиёдтар аст. Мо, раисони занони маҳаллаҳо барои баланд бардоштани маърифати оиладорӣ ва ҳуқуқии ҷавонон ва ҳам калонсолон кор карда истодаем. Мисол, дар Хуҷанд маҳфили “Хушдоманҳо” фаъол карданием, ки он натиҷаи хубе хоҳад дод”,- гуфтанд занҳои фаъол.

Файзуллохон Обидов


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
2
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend