Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Аз “Тоҷи кунгурадор” то “Меҳроби Искодар”. Бозёфтҳои нодиртарине, ки дар Осорхонаи миллӣ маҳфузанд

18-уми апрел дар ҷаҳон “Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ” эътироф шудааст. Осорхонаи миллии Тоҷикистон бузургтарин маъхази нигоҳдошти осори бостон аст. Дар ин ҷо ҳудуди 77 ҳазор ёдгориҳо ва бозёфтҳои гуногуни таърихӣ мавҷуданд, ки ҳар кадом арзиши бузург дорад. Муаллифи Your.tj дар бораи 3 ёдгории нодиртарине, ки дар Осорхонаи миллӣ маҳфузанд, маълумот гирд овард.

Тоҷи кунгурадор

Тоҷи кунгурадор

Тоҷ аз тилло сохта шуда, мансуби ибтидои давлатдории империяи Кушониён (асрҳои I то милод – I милодӣ) дониста мешавад, ки ҳудуди имрӯзаи Тоҷикистон ба он дохил буд.

Тоҷ 148,19 гр вазн дошта, 35 см дарозӣ ва 17 см баландӣ дорад. Он соли 2013 аз ҷониби Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ” эҳдо шудааст.

Тоҷи кунгурадор дар толори “Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон”

Бозёфти тоҷи мазкур ба номи этникии тоҷик ҳамбастагии бевосита дорад. Калимаи “тоҷик” аз вожаи “тоҷ” пайдо шуда, маънояш тоҷдор ва давлатдор мебошад.

Тоҷ дар қисмати марказии толори “Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон” ба намоиш гузошта шудааст.

Ба гуфтаи бостоншиносон, тоҷи мазкур аз таърихи қадима ва мероси ғанӣ доштани халқи тоҷик гувоҳӣ медиҳад, ки аз замонҳои қадим дар рӯҳияи сулҳу субот ва ба таври осоишта бо тамаддуну миллатҳои дигар ҳамзистӣ доштааст.

Деворнигораҳо

Деворнигораҳо

Осори таърихии дигаре, ки дар Осорхонаи миллӣ  ҳифз шудааст, ин деворнигораҳо мебошанд. Онҳо дар натиҷаи ҳафриётҳои бостоншиносӣ дар Панҷакенти қадим пайдо шудаанд. Манзаранигорӣ дар девор ба асри VI таалуқ дорад, вале олимон қисми зиёди манзараҳои ёфтшударо ба асри VII мансуб медонанд, ки ба замони гулгулшукуфои шаҳри Панҷакенти қадима рост меояд.

Деворнигораҳо бо рангҳои гуногун, ки дар Суғди асримиёнагӣ маъмул буданд, ба мисли кабуд, зард ва сиёҳ тасвир карда мешуданд. Тарзи бадеӣ, услуб ва хусусан сюжети ин деворнигораҳо аз сарзамини мактаби рассомӣ будани Панҷакент дарак медиҳанд.

Дар ин деворнигора “Таҷлили Иди Наврӯз” таҷассум ёфтааст. Рассомони суғдӣ манзараи нишасти идонаи се ашрофзодаро ба риштаи тасвир кашидаанд. Ҳар яке нерӯманд буда, дар як даст ҷом ва дар дасти дигар шохае аз зироатдона доранд, ки нишона аз Наврўзу фасли баҳор мебошад.

Деворнигораи “Таҷлили Иди Наврӯз”

Либосҳои ашрофзодагон зебою идона буда, аз ҳамдигар бо рангу нақшу нигор фарқ доранд. Ашрофзодагон бо камарбанд ва корду шамшеру ғилоф, ришу мўйҳои ғулӣ ва дар сар кулоҳ тасвир шудаанд, вале қисмати рўи онҳо бошад хароб гардидаанд.

“Меҳроби Искодар”

“Меҳроби Искодар”

Ин меҳроб аз бузургтарин меҳроби чӯбин дар ҷаҳон дониста шуда, мансуби асрҳои X-XI мебошад. Барои он “Меҳроби Искодар” меноманд, ки онро мардумшиноси машҳури рус профессор М.С. Андреев соли 1925 аз деҳаи Искодари ноҳияи Айнӣ бозёфт намуд.

Соли 1946 кишваршиноси шинохта В. Челитко меҳробро тавассути ағбаи Анзоб ба шаҳри Душанбе меорад ва аз ҳамон вақт то имрӯз дар намоиш гузошта шудааст.

Катибаи куфии он соли 2000-ум бори аввал аз ҷониби собиқ корманди Осорхонаи миллӣ Абдувалӣ Шарифзода хонда, тарҷума шудааст.

Матни тоҷикии он чунин аст: “Ба номи Худои бахшанда ва меҳрубон. Гуфта буд пайғамбари мо дуруд бар ў. Касе ҳифз кард сафи пеш ва такбири аввалро, Аллоҳ бар ў подоше медиҳад, ки чашме надидааст, гӯше нашунидааст ва диле гумонбар нашудааст. Агар ҳамаи обҳо ранг, ҳамаи дарахтон қалам ва ҳамаи фариштагон нависанда шаванд, қодир намешаванд, ки савоби онро бинависанд”.

“Меҳроби Искодар” аз чўби дарахти тўс бе истифода аз меху ширеш сохта шудааст. Ҳаҷми он 327х180 см буда, аз се қисми асосӣ – пештоқ, лавҳаи мураббаъ ва ҳошияи мунаққаши тасвири моҳидор иборат аст.

Дар ҳошияи мунаққаши “Меҳроби Искодар” тасвири 6 моҳӣ дар дохили об дар ҳолати давр задан тасвир ёфтаанд. Ин ифодагари он аст, ки тавре моҳӣ бидуни ҳаракат ба пеш рафта наметавонад, инсон низ ҳамингуна аст, бидуни ҷаҳду талош ба коре муваффақ намешавад.

Нақшҳои свастика ва катибаи куфӣ дар “Меҳроби Искодар”

Тамоми пештоқи меҳроби мазкур бо нақши ҷолиби исломию ҳандасӣ оро дода шудааст. Дар лавҳаи чоркунҷашакли дарозрўяи дохили пештоқ дар баробари нақшҳои наботӣ нақшҳои ҳандасии монанд ба чилипо (свастика) баръало намоён аст.

Сарсутунҳои дохилии пештоқ бо усули тоисломӣ сохта шудаанд ва дар қисми берунии онҳо низ свастика хуб намоён аст. “Меҳроби Искодар” аз ҳунари волои меъморӣ кандакории болои чӯб дар замони Сомониён гувоҳӣ медиҳад.

Қурбоной Муқим, барои Your.tj

Skip to toolbar