Аз тавваллуди чоргоникҳо то бунёди “Боғи ҳайвонот”- нав дар Душанбе

Овоза! Шиносномаҳо иваз намешаванд

Дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон сару садоҳои бархоста дар бораи иваз шудани шиносномаҳоро дар соли 2021 беасос хондаанд.

Зумрад Абдуллозода, муовини сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” гуфтааст: “Ин гуна ният нест. Дар мо ҳоло танҳо иваз кардани шиносномаҳои шаҳрвандии намунаи соли 1996 ба шиносномаи шаҳрвандии намунаи соли 2014 (IC-корти идентификатсионӣ) рафта истодаасту халос”.

Сару садоҳои иваз шудани шиноснома чанд вақти ахир аст, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳс мешавад. Аз ҷумла “Азия-Плюс” дар такя ба як хонандааш гуфтааст, “гуфта мешавад дар Тоҷикистон соли 2021 шиносномаҳо иваз мешаванд ва шиносномаи шаҳрвандиву шиносномаи хориҷӣ яке мешаванд”.

Ин хонанда гуфтааст, ки яке аз наздиконашон дар яке аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон кор мекунад ва ин нуктаро ӯ гуфтааст.

Таваллуди чоргоникҳо дар шаҳри Душанбе

Дар таваллудхонаи рақами сеи шаҳри Душанбе дирӯз чоргоникҳо ба дунё омаданд. Модари навзодҳо Сарвиноз Аскароваи 34-сола, як сокини шаҳри Душанбе аст. Ду писару ду духтар норасид ба дунё омаданд, аз ин рӯ модару кӯдакон бояд муддате дар шӯъбаи эҳёгарӣ нигаҳдорӣ шаванд.

Таваллуди чоргоникҳо дар зоишгоҳҳои Тоҷикистон ҳарчанд ҳодисаи камназир аст, вале дар гузашта рух додааст. Ба яке аз чунин хонаводаҳо ҳукумат хонаи сеҳуҷраӣ тақдим карда буд.

Рустами Эмомалӣ дар мақоми президенти ФФТ монд

Рустами Эмомалӣ, писари бузурги раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро бори севум президенти Федератсияи Футболи Тоҷикистон интихоб кардаанд. Маросим рӯзи 16-уми декабр дар Душанбе гузашт.

Вай аз соли 2012 раёсати Федератсияи футболро ба дӯш дорад. Ҳамзамон раиси шаҳри Душанбе ва раиси Маҷлиси Миллӣ аст, ки амалан шахси дувуми ҷумҳурӣ ба шумор меравад.

Конфронси ҳисоботӣ ва интихоботии Федератсияи Футболи Тоҷикистон 16-уми декабр дар меҳмонхонаи “Ҳятт Реҷенсӣ”-и Душанбе баргузор шуд. Ба иттилои расмӣ, интихоби Рустами Эмомалӣ ба мақоми президенти федератсия бидуни рақиб сурат гирифтааст. Вай тӯли чаҳор соли дигар раҳбарии ФФТ-ро бар ӯҳда хоҳад дошт.

Хуршеди Мирзо муовини аввал, Дилшод Ҷӯразода ва Алишер Урунов ноибони президенти ФФТ интихоб шудаанд.

Дар Душанбе “Боғи ҳайвонот”-и нав бунёд мешавад

Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Душанбе  хабар додааст, ки дар буриши хиёбонҳои Рӯдакӣ ва Ҳофизи Шерозии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе “Боғи ҳайвонот” -и муосир сохта мешавад.

Тибқи лоиҳаи ангоравӣ  “Боғи ҳайвонот”  дар масоҳати 13 гектар бунёд шуда, барои зиёда аз  1500 сар ҷонвар пешбинӣ гардидааст.

Таъкид шудааст, ки сохтмони ин “Боғи ҳайвонот” -и муосир   соли 2021 оғоз мегардад.

Гуфта шудааст, ки мавзеи  ҷудогардида   барои ташкили ҳама гуна имконияти нигоҳдорӣ, аз ҷумла ҷойгиронии ҳайвонот,  парандаҳо ва хазандаҳо мувофиқ буда, инчунин фароҳам овардани  шароити озоди гашту гузори  ҷонварон, ки талаботи замони муосир мебошад,  ба назар гирифта шудааст.

Дар ҳамин ҳол манбаъ қайд кардааст, ки то сохта ба истифода додани боғи нави ҳайвонот, дар “Боғи ҳайвонот”-и амалкунанда низ барои тамошои сокинон тамоми шароит фароҳам оварда мешавад.

“Боғи ҳайвонот”-и шаҳри Душанбе ҳануз соли соли 1960 бунёд гардида, то имрӯз ба таври мунтазам фаъолият мекунад. Ҳоло дар ин макони вуҳуш 135 навъи ҳайвонот бо шумораи умумии 985 сар маскун мебошанд.

“Комбинати орди Душанбе” баъди 30 сол фаъол шуд

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар ноҳияи Шоҳмансур дар маросими фаъолсозии “Комбинати орди Душанбе” иштирок кард.

Ба иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, “Комбинати орди Душанбе”, ки зиёда аз 30 соли охир бо сабаби кӯҳнаву фарсуда шудани хатҳои истеҳсолӣ аз фаъолият боз монда буд, бо харҷи беш аз 50 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ пурра таҷдиду навсозӣ гардид.

Манбаъ афзудааст, ки бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани “Комбинати орди Душанбе” дар маҷмуъ 100 нафар мутахассисони маҳаллӣ бо ҷойи кору маоши хуб таъмин гардиданд.

“Дар ин комбинат дар як шабонарӯз 400 тонна гандум мавриди коркард қарор дода шуда, бо номҳои “Майса”, “Хӯша”, Сунбула” ва “Суфра” тавлиди бештар аз 10 навъи орд, ки аз он ярмаи гандум, макарон, номгӯи зиёди маҳсулоти нонию қаннодӣ истеҳсол карда мешавад, роҳандозӣ гардидааст”, – таъкид шудаст дар матлаб.

Skip to toolbar