Аз оғози соли 2025 пардохт барои хизмати пулакӣ, андоз, ҷаримаҳо зиёд мешавад

Дар Тоҷикистон шурӯъ аз 1-уми январи соли 2025 ҳаҷми хизмати пулакӣ, андоз, ҷаримаҳо зиёд мешавад.

Мувофиқи Қонуни буҷет барои соли 2025 ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои соли 2025 аз 72 сомонӣ ба 75 сомонӣ боло бурда мешавад.

Бо зиёд шудани нишондиҳанда барои ҳисобҳо аз соли оянда андозҳо, боҷҳо ва ҷаримаҳо мутаносибан гаронтар мешавад.

Аз ҷумла, ҷарима барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ низ зиёд мешавад.

Инчунин, ҳаҷми пардохтҳои ҳатмӣ, кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ ва иловапулӣ низ тағйир меёбад.

Андозаи пардохт барои хизмати алтернативии ҳарбӣ низ бештар мешавад.

Мувофиқи ислоҳоте, ки 31 июли соли 2023 ба қарори “Дар бораи тартиби адои хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираи даъвати сафарбаркунӣ” ворид карда шуд, пардохт барои хидмати алтернативӣ дар ҳаҷми 750 нишондиҳанда барои ҳисобҳо муқаррар карда шуд. Қаблан ин пардохт ба 420 нишондиҳанда барои ҳисобҳоро ташкил медод.

Аз 1 сентябри соли 2023 бо ворид шудани ислоҳот пардохт барои хизмати алтернативӣ 51 ҳазор сомон ва аз оғози соли 2024 он 54 ҳазор сомониро ташкил дод.

Аз 1 январи соли 2025 бошад, ба 56 ҳазору 250 сомонӣ баробар хоҳад шуд.

Бояд қайд кард, ки нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар буҷети давлатӣ бо назардошти сатҳи таваррум, ки барои соли дахлдор пешбинӣ гардидааст, муқаррар карда мешавад.

Skip to toolbar