Филмҳои туркӣ зиёда аз ду даҳсолаи охир маъруфияти зиёд байни тамошобинони кишварҳои гуногун пайдо кардаанд. Аз ҷумла, ҳаводорони зиёде аз мардуми Тоҷикистон низ доранд. Қаҳрамони навбатии мо Сомон Ҳамидзода, ҷавони 23-сола аст, ки дар кишвари Туркия ба олами синамои ин кишвар роҳ ёфтааст.
Ӯ аллакай дар чанд филм нақшҳои хурдро иҷро кардааст. Аввалин нақши иҷро кардааш ин нақши шамшерзан дар силсилафилми таърихии “Основание: Осман” (“Ҳукмдор Усмон” тарҷ. муаллиф) будааст. Баъди он дар самт муваффақияташ бештар шудааст. Зеро филми номбурда миёни ҳаводорони синамои турк маҳбубияти зиёд дошта, ба якчанд забон тарҷума шудааст.
Муаллифи Your.tj бо Сомон ҳамсуҳбат шуда, аз фаъолияти ҳунариаш дар синамои турк қисса кард.
“Кастинг маро ҳунарманд кард”
Сомон Ҳамидзода хатмкардаи ихтисоси фарҳанги ҷаҳонӣ ва ватании факултети филологияи ДМТ аст. Як сол мешавад, ки ӯ дар нақшҳои иловагии филмҳои туркӣ ҳунарнамоӣ мекунад.
Вай бори аввал ба кастинге, ки барои силсилафилми “Ҳукмдор Усмон” таҳия гардида буд, иштирок намуда ғолиб омад. Аъзои ҳакамон ба маҳорати актёрии ин ҷавон баҳои баланд дода ӯро ба кор қабул карданд.
Аз ҳамон вақт сар карда фаъолияти ҳунарии Сомон оғоз гардид. Қаҳрамони мо ҳарчанд забони туркиро намедонист бо забони англисӣ муошират карда, нақшҳои ба зиммааш гузоштаро бо маҳорати баланд иҷро мекард.
“Аз хурдӣ ба филмҳои таърихӣ таваҷҷуҳи зиёд доштам. Махсусан, филмҳои туркиро бениҳоят дӯст медоштам. Вақте эълони кастингро дидам, барои санҷидани маҳоратам иштирок намудам ва дар он ғолиб омадам. Ба қавле кастинг маро ҳунарманд кард. Дар ягон гӯшаи хаёлам набуд, ки рӯзе дар чунин филми овозадор нақш меофарам”,- мегӯяд Сомон Ҳамидзода.
Қаҳрамони мо дар силсилафилми машҳури “Ҳукмдор Усмон” ҳамчун шамшерзан ҳунарнамоӣ кардааст. Нақшҳояш дар қисмҳои 99-100-и филми мазкур ба назар мерасанд.
Чун дар нақшҳои иловагӣ ҳунарнамоӣ мекунад, дар баъзе ҷойҳо хуб ва бархе ҷойи дигар кам ба назар мерасад. Ба гуфтаи Сомон чӣ дар нақши асосӣ ва чӣ иловагӣ аз ҳунарманд ҳамон заҳмату маҳорат талаб карда мешавад.
“Барои панҷ дақиқаи нақш дар филм рӯзҳо заҳмат мекашӣ”
Ҳунарманди ҷавон мегӯяд, барои офаридани панҷ – даҳ дақиқаи филм, баъзан ду – се рӯз сарф мешавад. Чун барои иҷрои нақш тамрини зиёд лозим аст.
“Мо то ба навор гирифтани филм тамринҳои зиёд мекунем. Махсусан дар филмҳои таърихӣ қувваи зиёд лозим аст. Зеро, рӯз то бегоҳ дар ҷангал ва “майдони ҷанг” шамшерзанӣ мекунем.
Баъзан вақт аз тамрини зиёд дастон обила мебанданд. Чун филм ба навор гирифта мешаваду мебинед як эҳсоси гуворое шуморо фаро мегирад ва тамоми хастагиятон рафъ мегардад”,- иброз дошт ҳамсуҳбати мо.
Лаҳзаҳои хотирмон аз силсилафилми “Ҳукмдор Усмон”
Сомон Ҳамидзода мегӯяд, раванди ба наворгирии филм пур аз воқеаҳои аҷибу рангоранганд. Чун тамоми ҳунармандон ва анбӯҳи одамон бо либоси таърихӣ он ҷо ҳузур доранд.
Майдони банаворгирии филм майдони воқеии ҷангро мемонад. Ҳама бояд маҳорати худро истифода карда, аз пайи иҷрои нақши худ шавад. Қаҳрамони мо лаҳзаеро аз силсилафилми “Ҳукмдор Усмон” ёдоварӣ намуда, чунин нақл кард.
“Вақте дар филми “Ҳукмдор Усмон” нақш меофаридем, лаҳзае буд, ки бояд ду даста бо ҳам муҳориба мекарданд. Як дӯстамон он қадар вориди образи қаҳрамонаш шуд, ки тарафи душман бударо бо мушт ба биниаш зад. Якчанд вақт аз бинии “ҳариф” хуни зиёд шорид. Рафиқамон дар хиҷолат монда узр пурсид. Чунин ҳолатҳои ҳам ҳайратовар ва ҳам хандаовар дар раванди ба наворгирии филм бисёр вомехӯранд”.
Ҳамсабақи Абӯалӣ ибни Сино
Синамогарони турк силсилафилми ҷадидеро, ки аз зиндагии ҳакими бузурги тоҷик Абуалӣ ибни Сино қисса мекунад, ба навор гирифтаанд, ки ҳоло рӯйи экран набаромадааст. Дар якчанд лаҳзаҳои филми мазкур ҷавони тоҷик Сомон Ҳамидзода низ нақш дорад. Ӯ дар ин филм нақши ҳамсабақи Абӯалӣ ибни Синоро иҷро мекунад.
“Падарам, ки табиб ҳастанд, дар хонадони мо аз рӯзгори Абуалӣ ибни Сино зиёд қисса мекунанд. Ҳамчунин аз хурдӣ адабиёти гуногунеро доир ба ҳаёту фаъолияти ин нобиғаи миллат мутолиа кардаам. Вақте ки ба ман нақши ҳамсабақи Синоро доданд, маро як ҳиссиёти бузурге фаро гирифт. Ба ҳамагон мегуфтам, ки ин филм аз ҳаёти Ҳакими бузурги тоҷик аст”,- ифтихормандона гуфт қаҳрамони мо.
Дар филми мазкур Сомон Ҳамидзода нақшҳои ҳамсабақ, фурӯшанда ва роҳгузарро иҷро кардааст. Ӯ мегӯяд нақшофарӣ дар филме, ки аз ҳаёту рӯзгори нобиғаи миллаташ қисса мекунад, мояи ифтихори якумрааш аст.
Тоҷикистонро дӯст медоранд
Албатта, ҳар тоҷике, ки берун аз ватан меравад, мехоҳад бо ҳар роҳу восита фарҳанги худро муаррифӣ намояд. Қаҳрамони мо низ ба дӯстони туркаш бештар аз зебоиҳои ватан ва фарҳангу тамаддуни тоҷикона қисса мекунад.
“Ҳар гоҳ ки аз Тоҷикистон ҳарф мезанам рафиқонам бо камоли майл гӯш медиҳанд. Онҳо он гунае, ки мо Тоҷикистонро васф мекунем намедонанд. Вақте аз шабакаҳои иҷтимоӣ расмҳои зебои диёрро нишон медиҳам, дар ҳайрат мемонанд, ки Тоҷикистон то ин дараҷа рушд кардааст. Аз ин рӯ мехоҳанд кишвари моро аз наздик бинанд. Онҳо Тоҷикистонро хеле дӯст медоранд.
Дар ин баробар ба рафиқони туркам хӯрокҳои миллии тоҷикӣ пухта медиҳам. Мехоҳам онҳо донанд, ки тоҷикон чӣ қадар мардуми ҳунарманду меҳмоннавозанд”, – гуфт ҳунарманди ҷавон.
Назар ба гуфти қаҳрамони мо ҳар куҷое, ки равад парчами кишварро ҳамроҳаш мегирад ва ҳар лаҳза, ки ёди ватан кунад, онро мебӯсад.
“Парчами ватани азизамро хеле дӯст медорам. Ҳар тоҷик бо миллат, парчам ва забонаш ифтихор мекунад. Кӯшиш мекунад инро дар ҳама ҳолат нишон диҳад. Ман бештари маврид парчам дар даст акс мегирам. Ҳар боре, ки бо парчам сурат мегирам ҳозирин мепурсанд ин парчами зебо аз кадом кишвар аст? Ман бо ифтихор мегӯям, аз Тоҷикистон!”,- изҳор дошт Сомон Ҳамидзода.
Соҳиби “Сертификати соҳаи синамои турк”
Сомон Ҳамидзода то имрӯз дар филмҳои “Ҳукмдор Усмон”, “Алпарслон”, “Абӯалӣ ибни Сино” ва даҳҳо филми дигар ҳамчун шамшерзан, ғулом, полис, савдогар, донишҷӯ, хонандаи мактаб, толибилми мадраса, роҳгузар, одами фақири деҳа шуда нақш офаридааст. Чун дар филмҳо маҳорату истеъдоди баланд нишон додааст, ба “Сертификати соҳаи синамои турк” соҳиб гардидааст.
Қаҳрамони мо ният дорад дар нақшҳои асосии филмҳои туркӣ низ ҳунарнамоӣ кунад. Вай мегӯяд, пас аз он ки сазовори малакаи хуб гардид, ба ватан баргашта, фаъолияти ҳунариашро идома медиҳад.
Абдуғаффор Шодиев