fbpx

Мӯйлаби сеҳрнок: Чӣ тавр ҷавони тоҷик қаҳрамони филмҳои туркӣ шуд

Your.tj имрӯз ба шумо саргузашти Умед Шатаков, ҷавони зодаи Тоҷикистон, ки дар зиёда аз се филми туркӣ нақш офаридааст, қисса мекунад.


2
2 points

Мӯйлабҳои ҷавони тоҷик сабаб шуданду коргардонҳои турк, ӯро барои нақшофарӣ дар силсилафилмҳои туркӣ даъват намуданд. Ноумедиву пешравиҳои ҷавони тоҷикро дар соҳаи филмофарии Туркия дар маводи мо бихонед.

Тақрибан даҳ соли охир силсилафилмҳои туркӣ аз сербинандатарин филмҳо дар Тоҷикистон ба шумор мераванд. Мардум ба ҳунари волои ҳунармандони турк каф мекӯбанду аз истеъдоди онҳо ба ваҷд меоянд. Тоҷикистониён замоне дилбастаи силсилафилмҳои туркӣ шуданд, ки студияҳои ватанӣ тарҷумаи филмҳои хориҷӣ, аз ҷумла силсилафилмҳои туркиро ба роҳ монданд. То як соли қабл ҳеҷ касе хабар надошт ва ҳатто тасаввур ҳам намекард, ки як ҷавони тоҷик ба синамои турк роҳ ёфтаасту дар силсилафилмҳои туркӣ нақш меофарад.

Your.tj имрӯз ба шумо саргузашти Умед Шатаков, ҷавони зодаи Тоҷикистон, ки дар зиёда аз се филми туркӣ нақш офаридааст, қисса мекунад.

Қаҳрамони тоҷики филмҳои туркӣ кист?

Умед Шатаков 7-уми апрели соли 1994 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ба дунё омадааст. Падараш нисф зиёди умрашро сарфи фаъолият дар маҳбаси занонаи шаҳри Норак карда, ҳоло нафақахӯр аст. Модараш дар хобгоҳи Донишгоҳи давлатии Данғара кор мекунад. Умед фарзанди дувуми оила буда, ғайр аз худ як бародар ва ду хоҳари дигар низ дорад.

Баъди хатми мактаби миёна, ӯ бо маслиҳати падар ва тавсияи устодон ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи иқтисоди Донишгоҳи Салҷуқ супорид ва хост, ки таҳсилашро дар шаҳри Қунияи Ҷумҳурии Туркия идома дода, дар оянда мутахассиси варзидаи соҳаи худ шавад. Ҳамин тавр, соли 2012 дар донишгоҳи мазкур таҳсилро оғоз кард. Пас аз хатми донишгоҳ, ба Тоҷикистон баргашт ва ҳамагӣ чанд моҳе дар зодгоҳаш зиндагӣ карду дубора озими шаҳри Қуния шуд. Ин бор мехост, ки ба шӯъбаи магистратура дохил шавад.

Умед Шатаков дар нахустнамоиши филми “Салом зебо Ватанам”

Оғози кор дар синамои турк

Як дӯсти наздикаш Умедро барои нақшофарӣ дар саҳнаҳои умумии як филм, ки дар Қуния ба навор мегирифтаанд, даъват мекунад. Ин даъвати ногаҳонӣ диққати Умедро, ки аслан дар сар фикри ҳунарманд шудан надошт, ба худ ҷалб кард. Филм «Як ҳадис» ном дошт ва ҳодисаву воқеаҳои солҳои 1250 – ро дарбар мегирифт. Умед таваккал карда, худро дар қатори дигарон номнавис кард ва ба майдони сабт ҳозир шуд, аммо ӯро қабул накарданд, вале тақдир ба ӯ сюрпиризи дигар омада карда буд.

Филми “Қасам”

«Азбаски филм баёнгари ҳодисаҳои солҳои пешин буд, мо бояд бо риш ба майдони сабт ҳозир мешудем, лекин касе дар ин бора ба ман чизе нагуфта буд. Ман ҳам ришҳоямро тоза тарошидам ва бо мӯйлабҳоям ба майдони сабт омадам, ки ҳамаро қабул карданду маро не. Ногаҳон коргардони филм Айҳан Узен аз наздам гузашт ва суол кард, ки чаро ба ман барои нақшофарӣ либос надодаанд, гуфтам , ки қабулам накарданд, коргардон таъкидам кард ки каме интизор шавам», – нақл мекунад Умед Шатаков.

Қатъи сабти филм ва сӯхтани кӯдакон

Умед, ки диққати коргардонро ҷалб карда буд, ба ӯ яке аз нақшҳои марказиро доданд, касе пай набурда буд, ки Умед тоҷикбача аст, то он даме, ки ӯ баъзе калимаҳоро нодуруст талаффуз кард. Қаҳрамони мо дар ҷодаи нақшофарӣ таҷриба надошт, коргардони филм ба ӯ нозукиҳои нақшофариро меомӯзонд. Гурӯҳи эҷодӣ ҳашт қисми силсилафилмро сабт карда ният доштанд, ки онро дар моҳи Рамазони соли 2018 бори нахуст намоиш медиҳанд.

«Субҳи як рӯзи истироҳатӣ занг заданд, ки сабти филм барҳам хӯрд ва дигар сабт намешавад. Дар ҳайрат мондам ва сабаб пурсидам. Гуфтанд, ки ду кӯдак сӯхтааст. Ҳама медонад, ки дар солҳои 1250-ум қувваи барқ набуд ва мардум аз чароғҳои оташин истифода мебурданд. Ду кӯдак берун аз майдони сабт бо чароғҳо бозӣ кардаанд, ки дар натиҷа сӯзишвории дохили чароғ ба болояшон рехтаву оташ гирифтааст»,- бо таассуф нақл мекунад Умед.

Ноумедиву пешравиҳо дар фаъолият

Пас аз ин ҳодиса коргардон Айҳан Узен Умедро ба Истамбул даъват мекунад, ва бо ёрии ӯ курси маҳорати актёрӣ хонда соҳиби сертификат мегардад. Баъдан Умед Шатаков интизори коргадон барои нақшофари дар филми нав мешавад, пас аз интизории чандмоҳа ва ноумедӣ ӯро боз ба кастинг барои интихоби ҳунармандон барои филми “Қасам” дар қатори 100 нафар иштирокчӣ даъват мекунанд.

«Боз ноумед шудам. Ҳеҷ интизор набудам, ки ин қадар ҳунармандони туркро як сӯ монда, мани тоҷикро интихоб кунанд. Тоҷикистон бошад, дигар гап, аммо ба синамои як кишвари дигар роҳ ёфтану ном баровардан кори саҳл нест. Пас аз ду рӯзи баргузории кастинг хабар доданд, ки ман ҳам гузаштаам. Ҳам ҳайратзада будам ва ҳам хурсанд», – нақл мекунад Умед.

Умед дар филми “Қасам”

Умед аз қисми 10-ум то қисми 20-ум дар силсилафилми «Қасам» нақши Вуралро офаридааст. Ӯ тавонист коргардонҳои туркро дар ҳайрат гузорад, зеро кам нафароне ҳастанд, ки бо вуҷуди надоштани таҷрибаи кофӣ, чунин моҳирона нақш офаранд. Баъди ба анҷом расидани сабти филми «Қасам», ба Умед нақшофарӣ дар филми «Салом, зебо Ватанам»-ро пешниҳод намуданд.

Ӯ бояд дар филм нақши «Анвари гург»-ро мебозид, зеро ба қаҳрамони худ хеле монанд буд. Хусусан, мӯйлабҳои Умед диққати кулли коргардонҳоро ба худ ҷалб мекард ва дар филми «Салом, зебо Ватанам» низ бо шарофати мӯйлабҳо ва чеҳраи мувофиқаш ӯ соҳиби нақш шуд. Нахустнамоиши филми мазкур моҳи ноябри соли 2019 дар сатҳи олӣ гузашт, дар он ҳатто шаҳрдори Истамбул Акрам Имомоғлу иштирок кард.

Мӯйлаб сабаби тағйир додани касб

Умед мӯйлабҳояшро дар пайравӣ ба ҳунармандони турк Кенан Имирзалиоғлу, Тунҷай Курт ва Ҳалук Билгинер, ки худаш бевосита дӯст медораду пайравӣ мекунад, гузоштааст. Дар аввал дигарон ба ҳоли ӯ механдиданд, баъдан одат карданд. Муҳимтар аз ҳама, ба худаш писанд аст ва волидонаш низ фикри ӯро ҷонибдорӣ мекунанд.

«Дар бахши сеюми донишгоҳ мехондам. Рӯзе як филми Кенан Имирзалиоғлуро тамошо кардам, ки дар он мӯйлаб мондааст. Ман ҳам ба ӯ пайравӣ карда, мӯйлаб мондам, вале чуноне мехостам нашуд. Пас аз чанд муддат дубора мӯйлаб мондам ва дигар натарошидам. Ин мӯйлабҳо ҳаёти маро тағйир доданд ва сабаб шуданд, ки ман аз иқтисод ба синамо рӯй орам»,- мегӯяд Умед.

Нақшаҳои оянда дар соҳаи кино

Умед мехоҳад, ки як муддат ҳамроҳи ҳунармандон ва коргардонҳои турк кор карда, таҷрибаашро комил кунад, баъдан ба Амрико рафта ба синамои он ҷо низ роҳ ёбад. Нозукиҳои синамои Амрикоро низ омӯхтан мехоҳад. Баъди омӯхтани синамои кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, ният дорад, ки ба Тоҷикистон баргардад ва ҳамроҳ бо ҳунармандону коргардонҳои тоҷик фаъолияташро идома диҳад. Ба ақидаи ӯ фарқият байни синамои тоҷику турк хеле калон аст, умед дорад ки дар солҳои наздик, мушкилотҳои тоҷикфилм низ бартараф мешаванд. Ҳамзамон, худи Умед филмномае бо номи «Ӯ акнун як малоика»- ро иншо кардааст, ки аз рӯйи он филм ба навор гирифтан мехоҳад. Ҳадаф дорад, ки солҳои наздик филме ба навор гирифта, Тоҷикистонро дар тамоми дунё муаррифӣ намояд.

«Дар Туркия ҳунармандон хеле боқадранд. Ба онҳо маблағи хуб пешниҳод мекунанд. Барои наворбардорӣ тамоми таҷҳизотҳои зарурӣ вуҷуд дорад. Муҳимтар аз ҳама, филмномаҳои олӣ доранд. Вақте ки корро сар карданд, дар ними роҳ таваққуф накарда бо нияти ҷиддӣ то охири роҳ мераванд. Мутаассифона, дар синамои тоҷик камбудиҳои зиёде вуҷуд дорад, ки боварӣ дорам, то чанд соли баъд ислоҳ мешаванд. Ба ин хотир ман як филмнома таълиф кардам ва ният дорам онро ба навор гирам», – мегӯяд Умед.

Ба ғайр аз се филми туркӣ, Умед дар як филми истеҳсоли синамогарони Покистон низ нақш офаридааст. Чун ҳоло банду баст ва танзими филм ба анҷом нарасидааст, дар бораи он маълумоти пурра вуҷуд надорад. Дӯстдорони силсилафилмҳои туркӣ ва мухлисони Умед Шатаков метавонанд, филмҳои нақшофаридаи ӯро аз шабакаи YouTube тамошо кунанд. Умед ҳоло дар фикри издивоҷ нест. Аввал дар ҷодаи интихобкардааш муваффақ шудан мехоҳад.

«Ҳамсари ояндаам тоҷик мешавад ё турк, Худо медонад», – мегӯяд Умед.

Сомони Муҳаммад махсус барои Your.tj


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

2
2 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
1
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
3
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend