Ҳасанҷон Муродов зодаи водии Яғноб, деҳаи Кирёнте аст. Ӯ аз синни 7-солагӣ ҳамроҳи падар ба чӯпонӣ машғул аст. Он замон тасаввур намекард, ки кори заҳматталаби рамабонӣ барояш на фақат шуғл, балки касби дӯстдошта мешавад.
Ӯ имрӯз бо завқ соле 6 моҳи умри худро дар оғӯши кӯҳсорон бо нигоҳубини беш аз ҳазор сар чорво сипарӣ мекунад. Вай дар шабакаи иҷтимоии Instagram бо номи @dahmarda1999 фаъол аст ва тариқи наворҳояш ҳаёти як чӯпони кӯҳистониро нишон медиҳад.
Посмотреть эту публикацию в Instagram
Муаллифи Your.tj бо Ҳасанҷон Муродов дар бораи душвориву ҷолибияти чӯпонӣ дар шароити кӯҳистон, рӯ ба рӯ шудан бо ҳайвоноти даранда, тамошои пиряхҳо баланду мавзеъҳои нотакрор ва сабаби фаъол кардани блог ҳамсуҳбат шуд.
Рисолати аслии чӯпон
Ҳасанҷон Муродов аз овони хурдӣ орзу дошт, ки соҳиби моли зиёд шавад. Ӯ қадам ба қадам ба ин орзуи худ наздик мешавад. Имрӯз 200 сар гӯсфанд дорад, ки дар қатори моли дигарон онро дар кӯҳҳои минтақаҳои Ромиту Рашт ва Яғноб бонӣ мекунад.
Посмотреть эту публикацию в Instagram
“Чӯпон будан дар кӯҳу пушта осон аст, ба шарте, ки агар аз борону барф, ҳавои хунук ва ҳайвонти ваҳшии кӯҳу пуштаҳо натарсед. Ҳамаи талошу кӯшиши чӯпон танҳо ба он равона мешавад, ки молро фарбеҳтар кунад, дар ҷойи сералафу амн беосеб нигаҳ дорад”, – рисолати чӯпониро шарҳ дод ҷавон.
Реҷаи рӯзи чӯпон
Ӯ аз соли 2014, ки ҳамагӣ 13 сол дошт, чӯпони мустақил шуданро меомӯхт. Дар ин роҳ падарашро устоди худ мешуморад. Имрӯз ба ҷуз чӯпонӣ ба дигар коре машғул нест.
Кори рамабонии ӯ соле 6 моҳ давом меёбад. Сипас тибқи ивазшавии чӯпон Ҳасанҷон 1 моҳи истироҳатро дар шаҳри Душанбе, ки алҳол ҷойи зисташ аст, мегузаронад. Баъд аз фароғат корро шуруъ карда, аз самти ноҳияи Рашт боз ба назди молҳо мебарояд.
Посмотреть эту публикацию в Instagram
“Соати 12-и шаб рамаро аз хоб хезонида, то соати 4-и саҳар меронем. Онҳо то ин вақт ризқу рӯзии худро ёфта мехӯранд. Баъдан 2-3 соат хоб мераванд. Вақте аз хоб хестанд, боз то соати 10-и нисифрӯзӣ мечаронем. Баъдан то соати 14 лаҳзаи дамгирӣ, мо ҳам дар ин вақт хӯрок хӯрда, каме дам мегирем. То фаро расидани вақти намози шом молҳоро боз чарх мезанонем”,- шарҳ дод чӯпон.
Блог барои чӯпон барои чӣ зарур аст?
Қаҳрамони мо гоҳе бе ҳамроҳ танҳо худаш 1000 сар гӯсфандро нигоҳубин мекунад. Аз ӯ наздикон ва дӯстон чанд бор хоҳиш карданд, ки вақте ба қуллаҳои баланди кӯҳ мебарояд, молҳояшро, ҷойҳои нотакрори кӯҳиро навор гирад, то аз тамошои манзараҳои назаррабо дигарон низ баҳраманд шаванд.
“Ҳамин тариқ, ҳавсалаи фаъол кардани блог дар инстагарм пайдо шуд. Дар кӯҳҳои Ромиту Рашту Яғноб пиряхҳоеро, ки баъзе аз онҳо то ба 30-50 метр баландӣ дорад, мебинам. Онҳо умуман об намешаванд. На ҳар кас чунин шоҳкориҳои табиатро бо чашми худ дида метавонад.
Посмотреть эту публикацию в Instagram
Ҳангоми рондани рама ва ист кардан дар ҷойҳои зебои табиат навору аксҳо мегирам. Дар ҷойе, ки мавҷ пайдо шуд, онҳоро дар саҳифаам нашр мекунам. Мақсад аз нашри наворҳо дигаронро низ ба чӯпонӣ ҷалб кардан нест, танҳо нишон додани ҳаёти ғайриодии рамабон ва минтақаҳои хушбоду ҳавои Ватан аст”, – афзуд Ҳасанҷон.
Лаҳзаҳои хатарноки чӯпон дар баландии кӯҳҳо
Ҳасанҷон тӯли ин қадар соли машғул шудан бо чӯпонӣ борҳо воқеаҳои ҷолибро аз сар гузаронида, манзараҳои ҳушрабои табиатро тамошо карда, моту мабҳут мондааст.
Ҳоло дигар ғайриинтизор аз пеши роҳи рама гургу хирс барояд, ё дар қуллае пиряхи баландтар аз 50 метрро бинад, ҳайратзада намешавад. Аллакай, аз сиру асроре, ки дар қалби кӯҳҳо ҷо дорад, то андозае огоҳӣ дорад.
Посмотреть эту публикацию в Instagram
“Чанд сол пеш бори аввал аз рух додани чунин ҳодиса сахт тарсида будам. Ин ҳодиса дар дили кӯҳ ҳангоми шаб ба вуқӯъ пайваст. Молро ба ҷойи сералаф ронда истода будем. Ҳамон замон он ҷо хирсе низ будааст. Чароғро равшан кардаму тақрибан 10 метр дуртар аз худ хирсеро дидам. Дар аввал як каме карахт шудам. Ба назарам чунин расид, ки хирс ба тарафи ман омада истодааст.
Болопӯши дар китф партофтаамро ба даст гирифта, ба сари хирс ҳаво додам. Вай хашмигн шуда, болопӯшро даронида пора-пора карда буд, ки сагҳои мо наздик шуданд. Ахир, хирс гурехт. Аммо ҳуши ман парида буд, баданамро арақи хунук пахш карда буд. Хирсро бори аввал дида, сахт тарсида будам”, – қисса кард чӯпони ҷавон.
Пас аз ин ҳодиса боз дар кӯҳҳои Рашт чандин бор бо хирс рӯ ба рӯ шуд. Акнун дар вуҷудаш он тарсу ваҳме, ки дар вохӯрии аввалин фаро гирифта буд, осоре намондааст.
Чаро наметарсад, чунки ин ҳайвони ваҳшӣ ба одаме, ки ба вай зарар нарасонидааст, ҳуҷум намекунад. Ҳамзамон, 14 саги чӯпонӣ, ки аз уҳдаи посбонии рамаю рамабон хуб мебарояд, гӯё қуввати дилаш аст. Онҳо намегузоранд, ки хирсу гург ба рама зиён расонад.
Посмотреть эту публикацию в Instagram
Чӣ гуна чӯпон муддати дароз дар кӯҳҳо касал намешавад?
Қаҳрамони моро на танҳо чӯпони соҳибтаҷриба, балки кӯҳгарди ҳирфаӣ низ метавон ном бурд. Ӯ медонад, ки дар қуллаи кӯҳ, дар ҷойи сершамолу сард чӣ гуна оташ гиронад, чой ҷӯшонад ва ё дӯғи хунук аз шири буз тайёр кунад.
Посмотреть эту публикацию в Instagram
“Ҳамеша бо худ захираи гӯгирд дорам. Бо он алов мекунам. Бештар шохаву навдаҳои арчаҳоеро, ки дар пайи тармафароӣ шикаста, хушк шудаанд, барои пешдаргирон ҷамъ мекунам. Ба оташ танҳо чӯби хушк мепартоям”, – илова кард рамабон.
Тавре Ҳасанҷон гуфт, барои дар теғаи кӯҳҳо касал нашудан бисёртар равғану гӯшти гӯсфанд мехӯрад.
Посмотреть эту публикацию в Instagram
Молро низ дар ҷойи хушк ё палми гӯсфанд, ки ғафс аст, мехобонанд, то ки бемор нашавад. Ҳаракат мекунанд, ки онҳоро аз ҷойи серобу пурбарф дур нигоҳ доранд.
Вақте кори чӯпон барор намегирад!
Баъзан вақт кори чӯпон низ мувофиқи мақсад ба пеш намеравад. Соатҳои зиёди ӯ зоеъ мегузарад.
Посмотреть эту публикацию в Instagram
“Аксар вақт ҳамроҳ бо чӯпони дигар ба рамабонӣ мебароем. Яке аз рӯзҳо буд, ки дукаса рамаро мерондем, банохост дар ағбаи “Жуликдара”-и (ҳамсуҳбати мо аз ин мавеъ чунин ном бурд) пур аз барф дармондем. Мол аз ағба гузашт, аммо хар на. Зӯр задем, вале бенатиҷа.
Ночор дар сари ағбаи сербарфу хунук хайма зада хоб рафтем. Бо дӯғу нони қоқ шиками гуруснаро фиреб додем. Хунукӣ хеле шадид буд. Зиқ шудем, мол дар ин тарафи ағба монда буд, хар дар он тараф. Ба назарам ҳамон шаб мисли як ҳафта гузашт. Боз ҳарду сахт гурусна монда будем”, – ба ёд овард Ҳасанҷон.
Боре як дӯсти шаҳрии қаҳрамони мо хост, ки ҳамроҳ ба чӯпонӣ бароянд. “Осон нест” гуфтани чӯпонро ҷиддӣ қабул накарда, ҳарду ҳамроҳ ба кӯҳ баромаданд. Дар ҷое истоданд. Ҳасанҷон лаҳзае канор рафт. Пеш аз рафтан ба дӯсташ таъкид кард, ки то омаданаш нигоҳ кунад, то оташ хомӯш нашавад.
“Омада дидам, ки алов хомӯш шудааст. Дӯстам аз шамоли сахт гурехта, худро ба даруни хайма задааст. Ҳамон шаб оташ гиронда натавонистем ва то саҳар бе чой мондем. Вақте дӯстони шаҳрӣ кори чӯпониро аз наздик бинанд, баъд мефаҳманд, ки то чӣ андоза душвор аст”, – бо лабханд мегӯяд ӯ.
Кор на барои маош, балки барои расидан ба орзуву ҳадаф
Ҳасанҷон Муродов барои кори чӯпонӣ маош намегирад. Харҷи нигаҳдории 200 сар гӯсфандаш аз ҳисоби сармояи соҳибони қисми бештари рама, ки дӯстонаш мебошанд, пӯшонида мешавад.
Посмотреть эту публикацию в Instagram
Яъне, дар қатори моли дигарон чорвои худро низ бонӣ карда, онҳоро фарбеҳ мекунаду саршуморашонро зиёд.
“Дар кори рамабонӣ на ҳама вақт зиқ мешавам. Агар чӯпоне, ки маро дар сари кор иваз мекунад, дертар ҳозир шавад, он гоҳ зиқ мешавам. Кӣ интизор шуданро хуш дорад?
Барои амалӣ кардани орзуҳоям қадамҳои устувор ниҳода истодаам. Нияти нек дорам, ки саршумори моламро зиёд кунам, оиладор шавам, мошин харам ва волидонро ба Ҳаҷ фиристам”, – гуфт ӯ.
Файзуллохон Обидов, Your.tj