Аз дарёи Зарафшон ҷасади як духтари 16 – соларо пайдо карданд

Имдодгарони бахши КҲФ дар водии Зарафшон ҷасади як духтари 16 – сола пайдо кардаанд.

Як духтари 16-сола аз деҳаи Хӯҷапанҷи ҷамоати деҳоти Амондараи шаҳри Панҷекат рӯзи 9-уми августи соли равон баъди як муноқишаи оилавӣ аз хона берун шуда, дигар барнагаштаст.  Пас аз ду рӯзи корҳои ҷустуҷӯи ҷасади духтари ноболиғро пайдо карданд.

Гуфта мешавад, ки ҷасади ин ноболиғ дар соҳили дарёи Зарафшон, дар ҳудуди деҳаи Озодагони ҷамоати деҳоти Хурмӣ пайдо ва ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурда шуд.

“Дар иртибот ба ин ҳодиса, ки назири он вақтҳои охир зиёд рух медиҳанд, Кумита аз волидон бо эҳтиром хоҳиш мекунад бо фарзандони худ бо муҳаббати падариву модарӣ ва ҳисси дилсӯзӣ ба ояндаи онҳо муносибат кунанд. Талош кунед ба баҳсу муноқишаҳо ба хушиву хурсандӣ анҷом диҳед ва нагузоред, ки фарзандони шумо эҳсоси танҳоиву бекасӣ дар афкор кунанд ва роҳи наҷотро дар худкушӣ бинанд”, – таъкид мекунад, КФҲ.

Чунин ҳодиса рӯзи 5-уми август дар ноҳияи Рашт пух дода буд. Маҳинаи Холаҳмад сокини 26 – солаи ҳамин ноҳия худро ба дарёи Сорбоғ партофтааст, ҳодиса пас аз он рух додааст, ки шавҳараш ин занро талоқ медиҳад. “Баъди ҷанҷол хушдоманаш кӯдаки нӯҳмоҳаашро бо зӯр аз дасташ мегирад. Ӯ ночор меравад ва аз телефони як ҳамсоя ба падараш занг зада мепурсад, ки ба сараш ҳамин ҳолат омад, аммо падараш, бехабар аз ҷузъиёти ҷанҷол, ба хотири идомаи зиндагии хонаводагии духтараш, розӣ намешавад, ки ба хонаи волидайнаш баргардад. Маҳина дигар ба самти дарё меравад”, – нақл мекунанд, ҳамдеҳагони ҷавонзан.

Ҳолатҳои ба худкушӣ даст задани занон дар дигар минтақаҳои Тоҷикистон низ сабт шудаанд. Коршиносон сабаби чунин ҳодисаҳоро ба низоъу хушунати оилавӣ рабт медиҳанд.

Дар ҳамин ҳол раиси Кумитаи занон ва оили Тоҷикистон, Ҳилолбӣ Қурбонзода рӯзи 2 – юми август ба рӯзноманигорон гуфта буд, ки шахси солим наметавонад ба худкушӣ даст занад, бахусус дар мавриди он  худкушиҳое, ки тавассути корд анҷом дода мешавад.

Ҳамчунин ба иттилоъи ӯ  дар шаш моҳи соли ҷорӣ, 108 ҳолати худкушӣ ва сӯиқасд ба ҷони худ аз ҷониби занон ва духтарони ноболиғ ба қайд гирифта шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 21 адад кам аст.

Skip to toolbar