fbpx

Дар Душанбе ронанда барои беэҳтиромӣ нисбат ба мусофирон 10 шабонарӯз ҳабс шуд

Мухтасари хабарҳои рӯз.


0
Акс аз РВКД Душанбе

Русия 13 шаҳрванди мавриди ҷустуҷӯ қарордоштаро ба ихтиёри Тоҷикистон супурд (рӯйхат)

Прокуратураи генералии Русия 13 нафар шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки мавриди ҷустуҷӯ қарор доштанд, ба ихтиёри Тоҷикистон супурд.

Рӯзи 9 август Прокуратураи генералии Русия хабар дод, ки ҳамаи ин шахсон дар доираи “ҳамкории мутақобила бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи дигар кишварҳо дар мубориза бо ҷинояткорӣ” истирдод шудаанд.

Миёни истирдодшудагон шахсони дастдошта дар ҷиноятҳои қаллобӣ дар ҳаҷми ниҳоят калон, фирориҳо, ғоратгарону роҳзанон ва ҷонибдорони “Давлати исломӣ” (ДОИШ) ҳузур доранд.

Дар рӯйхат шахсоне зикр шудаанд, ки пас аз содир намудани ҷиноят аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пинҳон шуда, мавриди ҷустуҷӯ эълон шуда буданд:

* Ҷамшед Атоев – барои даст доштан дар содир намудани ҷинояти марбут ба гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар соли 2011 дар Душанбе;

* Муҳсинҷон Раҷабов – барои даст доштан дар ҷинояти марбут ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир соли 2011 дар Хуҷанд;

* Зафар Қурбоналиев – барои азхудкунии маблағи ниҳоят зиёд, аз ҷумла 1 036 088,79 сомонӣ, 89 561 доллар, 7 709 евро ва 205 500 рубл ва ва камомад зимни кор дар “Тавҳидбонк” дар соли 2021;

* Шоҳинҷон Нуров – азхудкунии амволи ҶДММ “Ноқили Талко” ба маблағи умумии 154 ҳазор сомонӣ дар соли 2019;

* Имомалӣ Розиқов – дуздии пули ҷабрдида соли 2015 дар Душанбе ба маблағи умумии 165 ҳазору 500 доллар;

* Мақсуд Холдорбеков ва Ҷамшед Каримов – барои даст доштан дар ҷинояти қаллобӣ (далелҳои мушаххас оварда нашудааст – Эзоҳи идора);

* Ҷом Гурезов – барои ҳозир нашудан ба хизмати ҳарбӣ (афсар) бе сабабҳои узрнок ба муҳлати зиёда аз 1 моҳ дар соли 2018;

* Мисбоҳиддин Абдуллоев – барои ҳозир нашудан ба комиссариати ҳарбии ноҳияи Нуробод пас аз гирифтани даъватнома дар соли 2021;

* Аҳмадбек Саидов – барои ҳамлаи ғоратгарона ба ҷабрдида ва тасарруфи 86 ҳазору 250 сомонии ӯ соли 2007 дар ноҳияи Данғара;

* Руслан Саидов – барои дуздии 35 ҳазор доллар ва 1 млн рубл пули ҷабрдидагон соли 2019 дар Маскав;

* Ҷамшед Муртазоев – барои ҳамлаи ғоратгарона ва дуздии 26 ҳазору 820 сомонӣ аз нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ соли 2019 дар ноҳияи Рӯдакӣ;

* Муллоҳаким Султонов – барои узвият ва иштироки фаъолона дар сафҳои созмони “Давлати исломӣ” (ДОИШ).

Гуфта мешавад, дар доираи қарордодҳои дуҷониба макони будубоши шахсони дар боло зикршуда дар қаламрави Русия муайян шуда, Прокуратураи генералии Тоҷикистон нисбати онҳо дархостҳои дахлдор пешниҳод намуд.

“Пас аз мавриди амал қарор гирифтани қарори Прокуратураи генералии Русия дар бораи истирдоди иштирокчиёни парвандаҳои ҷиноятӣ, ба Хадамоти иҷрои ҷазо дастур дода шуд, ки интиқоли онҳоро амалӣ намояд. Бо риояи чораҳои зарурии амниятӣ ҳамаи шаҳрвандони зикршуда ба ихтиёри мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дода шуданд”, – зикр мешавад дар хабар.

Дар Душанбе ронанда барои беэҳтиромӣ нисбат ба мусофирон 10 шабонарӯз ҳабс шуд

Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ Наҷибулло Ғоибов, як ронандаи нақлиёти ҷамъиятиро дар Душанбе  барои беэҳтиромӣ ба мусофирон 10-шабонарӯз ҳабси маъмурӣ кардааст.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо нашри як иттилоия гуфт, ки навори муносибати дағалонаи Ғоибов бо мусофирон ва бо суръати баланд идора намудани воситаи нақлиёт рӯзи 6 августи соли ҷорӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардид ва корбарон аз ин раёсат дархост краданд, ки нисбати ин ронанда чораҳои дахлдори қонунӣ андешиданд.

Дар натиҷаи пешбурди як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки Ғоибов ҳамчунин, воситаи нақлиётро бо рақамҳои қайди давлатии бегона ва бе иҷозатнома ба мусофиркашонӣ машғул гардидааст.

“Бо назардошти ҳолатҳои мазкур, нисбати Ғоибов Наҷибулло барои идораи воситаи нақлиёт бо рақамҳои қайди давлатии бегона, тибқи талаботи моддаи 313 ва барои бе иҷозатнома ба мусофиркашонӣ машғул гардидан, тибқи талаботи моддаи 510 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протокол тартиб дода шуд.”н, тибқи талаботи моддаи 510 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протокол тартиб дода шуд”, – омадааст дар хабарнома.

Ҳамин тариқ, бо қарори Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ барои беэҳтиромӣ нисбат ба мусофирон Ғоибов ба 10-шабонарӯз ҳабси маъмурӣ равона карда шуд.

Аз оғози сол дар Тоҷикистон 123 нафар ғарқ шуданд

Чанде пеш кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода қурбонии навбатии риоя накардани қоиддаҳои бехатарӣ дар обро аз канал берун оварданд.

Тавре ки маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, бори навбатӣ боз як ноболиғ ғарқ шудааст.

“Шоми 9 август ба қисми навбатдории Кумита хабар расид, ки як сокини 12-солаи деҳаи Сафобахши ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ҳангоми оббозӣ дар  як канали байнидеҳавӣ бинобар сабаби риоя накардани қоидаҳои шиноварӣ ва беназоратии волидон ғарқ ва ба ҳалокат расидааст”, – иттилоъ медиҳад дафтари матбуоти Кумита.

Гуфта мешавад, барои роҳандозии корҳои ҷустуҷӯву наҷот ба ҷойи ҳодиса кормандони шуъбаи ноҳиявии Кумита сафарбар шуда, ҳамроҳ бо сокинони деҳа ҷасадро даҳ метр дуртар аз ҷойи ҳодиса пайдо ва ба волидонаш супурданд.

Бино ба маълумоти Кумита, дар зарфи 7 моҳи соли равон дар обҳои кишвар 123 нафар ғарқ шуданд, ки 64 нафари онҳо ноболиғони то 16-сола буданд.

Дар ҳамин иртибот Кумита ба падарону модарон муроҷиат мекунад, ки фарзандони ноболиғи худро назорат карда, онҳоро танҳо ба оббозӣ иҷозат надиҳанд.

Ҷиддан бояд қоидаҳои будубош дар назди махзанҳои обро риоя намоянд. Оббозӣ дар ҷойҳои мамнуъ барои ҳаёти шумо хатар дорад! Эҳтиёт кунед!!!

Ҳалокати ду нафар бар асари садамаҳои нақлиётӣ дар ду рӯзи охир

Бар асари ду садамаи нақлиётӣ дар кишвар ду нафар ба ҳалокат расида, 3 тани дигар бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар бемористон бистарӣ шуданд, хабар медиҳад дафтари матбуотии ВКД.

Ба иттилои манбаъ садамаи якум 8 августи соли ҷорӣ, дар роҳи автомобилгарди “Восеъ-Ховалинг”, дар ҳудуди деҳаи Пушёни миёнаи ноҳияи Восеъ рух додааст.

Гуфта мешавад, ки ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, Алихон Назаров, сокини ноҳияи Балҷувон, ҳангоми ҳаракат аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаро чаппа намудааст, ки дар натиҷа, ронанда ҳалок шуда, мусофири он ҷароҳат бардоштааст.

Садамаи дуюм, рӯзи 9 август, дар дар километри 300-уми шоҳроҳи «Душанбе-Чаноқ» рух додааст.

“Ронандаи автомашинаи тамғаи «Тойота Прадо», Сиёвуш Ҳасанзода, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ба автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», таҳти идораи Рӯзимаҳмад Абдуллоев, сокини ноҳияи Мастчоҳ бархӯрда, аз роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи «Тойота Раф-4», таҳти идораи Маҳмадраҷаб Розиқов, сокини ноҳияи Мастчоҳ, бархӯрдааст”. – менависад манбаъ.

Манбаъ мегӯяд, дар натиҷа, мусофири автомашинаи тамғаи «Тойота Прадо», Бунафша Ҳабибуллоева, сокини Душанбе дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Ронандаи автомашинаи мазкур С. Ҳасанзода ва мусофираш Манижа Ҳасанзодаи 12-сола дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
1
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend