Қирғизистон ба шаҳрвандонаш тавсия дод, ки аз сафар ба Тоҷикистон худдорӣ кунанд.

“Аз ҳама гуна сафар ба Тоҷикистон худдорӣ кунед”. Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон

Дар Тоҷикистон Консепсияи миллии мудофиа таҳия мешавад

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон, дар Паёми худ ба парлумон зарурати пурзӯр кардани мубориза бо амалҳои террористӣ ва ифротгароӣ, аз ҷумла ҷиноятҳоеро, ки бо истифода аз фанновариҳои иттилоотӣ содир мешаванд, таъкид кард.

Акс аз сомонаи bankstoday.net

Дар робита ба ин, сарвари давлат ба Прокуратураи генералӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Вазорати корҳои дохилӣ дар якҷоягӣ бо сохторҳои дигар супориш дод, ки масъалаи таъсиси Маркази ягонаи иттилоотиро баррасӣ кунанд.

«Вазъияти мураккаби ҷаҳони муосир моро водор мекунад, ки барои навсозӣ ва муҷаҳҳаз намудани Қувваҳои Мусаллаҳ чораҳо андешем. Дар робита ба ин, Вазорати дифоъро зарур аст, ки Консепсияи мудофиаи миллӣ таҳия намояд», – гуфт сарвари давлат.

“Суръати интернет дар Тоҷикистон баланд ва нархи он паст шавад”. Дастури нави Президент

Ҳукумати Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо сохторҳои масъул дар соли 2023 тарҳи нави қонун “Дар бораи алоқа”-ро таҳия хоҳад кард.

Тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар, аз ҷумла шаҳрҳои баландкӯҳ бояд бо интернети баландсуръат таъмин карда шаванд.

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон, имрӯз, 23-юми декабр дар Паёми худ ба парлумони кишвар дар хусуси беҳтар кардани вазъи таъмини мардум бо интернети баландсуръат таъкид кард.

«Суръат ва қимати интернет дар ҷумҳурии мо ба талабот ҷавобгӯ нест. Аз ин лиҳоз, Хадамоти алоқа ва дигар сохторҳои масъулро зарур аст, ки ҷиҳати таъмини интернети баландсуръат бо нархҳои дастрас тадбирҳо андешанд», – гуфт роҳбари давлат.

Ба гуфтаи президент, тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар, аз ҷумла шаҳрҳои баландкӯҳ бояд бо интернети баландсуръат таъмин карда шаванд.

Ба ин муносибат ба ҳукумати ҷумҳурӣ супориш дода шуд, ки якҷоя бо сохторҳои масъул тарҳи нави қонуни «Дар бораи алоқа»-ро таҳия намояд.

«Сайёҳони хориҷӣ ба куҷо мераванд, он ҷо интернети хуб вуҷуд дорад. Аз шумо хоҳиш мекунам, ки ба ин эътибор дихед», – таъкид кард Эмомалӣ Раҳмон.

“Аз ҳама гуна сафар ба Тоҷикистон худдорӣ кунед”. Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон

Қирғизистон ба шаҳрвандонаш тавсия дод, ки аз сафар ба Тоҷикистон худдорӣ кунанд. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар изҳорот нашр кард. Дар хабари он зикр мешавад, ки ин тавсияҳо дар робита ба идома ёфтани чораҳои маҳдудкунандаи вуруди шаҳрвандони Қирғизистон ба Тоҷикистон нашр шудаанд.

Сухан дар бораи кадом чораҳо меравад, маълумот дода нашудааст.

“Вазорат ба шаҳрвандони Қирғизистон тавсия медиҳад, ки аз ҳама гуна сафар ба Тоҷикистон ё хастайри транзитии раҳсипор шудан ба дигар кишварҳо тариқи қаламрави Тоҷикистон муваққатан худдорӣ кунанд”, – гуфта мешавад дар хабари Вазорат.

Қобили зикр аст, ки сарҳад аз тарафи Тоҷикистон боз буда, Қирғизистон пас аз муноқишаи навбатӣ якҷониба сарҳад бо Тоҷикистонро аз 21 майи соли 2021 баста буд ва он то ҳол баста боқӣ мемонад.

Муноқишаи ахир байни кишварҳо нимаи моҳи сентябр рух дод. Бар асари он аз ҳар ду ҷониб зиёда аз 100 нафар кушта ва даҳҳо нафар захмӣ шуданд. Ҳамчунин дар ин муноқиша манзилҳо ва иншооти иҷтимоии сершумор дар қаламрави наздимарзӣ тахриб ва ё пурра вайрон шуданд.

Ёдовар мешавем, ки дарозии марзи байни ду ҷумҳурӣ тақрибан 970 километрро ташкил медиҳад ва расмиёти аломатгузории он пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ анҷом наёфтааст. Дар ҳоли ҳозир, Тоҷикистону Қирғизистон аз 970 километр марз танҳо 602,5 километри онро аломатгузорӣ намудаанд.

Ҳабси маъмурии ду ҷавон, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ маводи порнографӣ паҳн мекарданд

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ду “блогер”-и 22-соларо, ки дар шабакаи иҷтимоии “Инстаграм” бо номи “Ҳодиса ТВ” канал кушода, маводи шаҳвонӣ ё порнографиро паҳн мекарданд, боздошт ва 10 шабонарӯз ҳабс кардааст.

Нусратулло Маҳмадзода, сухангӯи ВКД Тоҷикистон дар гузориши “Ахбори ВКД”, ки шоми 21-уми декабр нашр шуд, аз онҳо сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Амрохон Абдуллоеви 23-сола ва Рустам Фозилови 22-сола ном бурд ва гуфт, ки “онҳо ба хотири ҷалби тамошобини бештар ва гирифтани лайки зиёд аксҳои шаҳрвандонро аз саҳифаҳояшон дар шабакаҳои иҷтимоӣ гирифта, ба бадани онҳое, ки дар видеоҳои порнографӣ иштирок мекунанд, мечаспонданд ва дар саҳифаашон, дар шабакаи Инстаграм нашр мекарданд”.

Худи “блогер”-он низ дар ин гузориш аз кирдори худ изҳори пушаймонӣ карда, эътироф намудаанд, ки ҳадафашон аз паҳн кардани маводи порнографӣ ҷамъ овардани тамошобину лайки зиёд буд.

ВКД гуфт, боздошти ин ду ба ном “блогер” аз ҷониби кормандони Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД сурат гирифта, онҳо 10 шабонарӯз ба ҳабси маъмурӣ гирифта шудаанд.

Зимнан, гуфта намешавад, ки онҳо бо кадом моддаи Кодекси ҳуқуқвайронкунии Тоҷикистон ҷазо дода шуданд.

Ҳамин тариқ, гуфта нашудааст, ки канале, ки онҳо фаъол кардаанд, бо канали замоне маъруфи “Ҳодиса ТВ”, ки пиромуни масоили доғ ва дар баъзе мавридҳо, навори хусусияти шаҳвонидошта нашр мекард, рабте дорад ё на?

Боздошти ду блогери мард дар ҳолест, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон вақтҳои охир бар муҳтавои маводе, ки блогерҳо ва дигар корбарони тоҷик дар Интернет мегузоранд, назоратро сахт карда, дар як моҳи охир, аллакай чандин блогери занро барои нашри маводи “бадахлоқона” ҷазо доданд.

Аз ҷумла, моҳи гузашта мақомот як духтари 18-сола аз шаҳри Бӯстонро, ки бо пахши наворҳои баҳсбарангез дар саҳифаи “Instagram” маъруф буд, “бинобар истифодаи ибораҳои таҳқиромез ва хусусияти шаҳвонидошта” ба муҳлати 10 шабонарӯз ҳабс кард.

Баъди як ҳафта, дар Интернет сабтҳои видеои узрхоҳии алоҳидаи овозхони ҷавон Рафоати Ҷамшед, блогер Ҷонон Ашурова ва раққоса Суман Қамбарова нашр шуд, ки онҳо “барои рафтори ношоистаи худ” аз мардуми тоҷик узр мепурсанд ва бо изҳори сипос ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ваъда медиҳанд, ки “аз ин ба баъд ба либоси миллӣ ва ахлоқу арзишҳои миллӣ арҷу эҳтиром гузошта, даст ба рафторе нахоҳанд зад, ки духтари тоҷикро бадном кунад”.

Дар ин ҳолат, ягон ниҳоди ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон доир ба барои суҳбат даъват шудани ин ҳунармандон хабари расмӣ нашр накард. Маркази матбуоти ВКД аз сабти ин видеоҳо аз ҷониби ниҳодҳои зирабти ин вазорат изҳори бехабарӣ кард.

Чанд рӯз пас аз ин, Раёсати ВКД дар Душанбе  аз муҷозоти як ҷавонзани блогер барои дашномҳои қабеҳ дар пахши мустақимаш дар шабакаи “Тик-Ток” хабар дод. Мақомот гуфтанд ӯ ҷарима шуд, вале дар асоси кадом модда ва чӣ қадар ҷарима шуд, хабар дода намешавад.

Милитсияи пойтахт гуфт, “ин зан бо хости як қатор истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ, ки наворҳои пур аз дашномҳои қабеҳи ӯро ба онҳо равон карданд, дастгир ва нисбаташ чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шуд”.

Дар ҳамин ҳол, Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе гуфт, минбаъд низ боздошту ҳабси духтарони блогерро идома медиҳад, “чунки он аз ҷониби шаҳрвандон ҳамовозӣ пайдо кардааст”.

Ба таъкиди ин ниҳод, мақсад пеш аз ҳама, баланд бардоштани маърифатнокию одоби истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва нигоҳ доштани фарҳангу ҳувияти миллӣ аст.

Дар се ҳолат ҳам мақомоти қудратии кишвар моддаи мушаххасе, ки блогерони ҷавон бо он ҷазо дода шуданд, зикр нашудааст. Ҳам аз ВКД ва ҳам аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе нагуфтанд, ки духтарони блогер бо кадом модда ба ҷавобгарӣ кашида шуданд. Ин ҳам дар ҳолест, ки акси духтарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд ва онҳо аллакай ҷазо гирифтаанд.

Баъдан гуруҳе аз истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ эътироз карданд, ки чаро мақомот танҳо блогерони занро дастгир ва муҷозот мекунанд, дар ҳоле ки блогерони мард низ дар наворҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз алфози қабеҳ истифода мекунанд.

Skip to toolbar