Қарзи берунии Тоҷикистон то 4,1 млрд зиёд мешавад.

Аз афзоиши қарзи берунии Тоҷикистон то 4,1 млрд доллар то сардиҳои шадид

Ҳушдор аз сардиҳои шадид дар Тоҷикистон

Аз 10 январ дар қаламрави кишвар сармои шадид оғоз мешавад. Ҳарорат дар баъзе ноҳияҳо шабона то 17 ва рӯзона то 8 дараҷа хунук мешавад, хабар медиҳад Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ.

Ҳарорат шабона баъзан 12-17 ва рӯзона 2-7 дараҷа хунук шуда, рӯзҳои 10-11 январ дар саросари кишвар борон ва барфи тар меборад.

Дар ин рӯзҳо дар Душанбе борон ва барф меборад. Суръати шамол 4-8 м/с. Рӯзи 10 январ ҳарорати шабона 1-3 дараҷа ва рӯзона 2-4 дараҷа гарм, рӯзи 11 январ шабона аз 1-3 дараҷа хунук ва рӯзона 1-3 дараҷа гарм дар назар аст.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ низ обуҳаво ба мисли пойтахт дар назар буда, 1 ё дараҷа фарқият дорад. Лекин дар ноҳияҳои ҷудогонаи кӯҳӣ хунуктар – рӯзона -3+2 ва дар баъзе ноҳияҳо то 5-10 дараҷа хунук мешавад. Рӯзи 11 январ ҳарорат то 12 дараҷа хунук мешавад.

Дар вилояти Суғд низ ҳамин гуна обуҳаво пешбинӣ гардида, лекин дар ноҳияҳои ҷудогонаи кӯҳӣ ҳарорат шабона аз -7 то -12 ва рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад.

Дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ ҳарорат шабона аз 2 то 5 дараҷа хунук ва рӯзона то 2 дараҷа хунук пешбинӣ шудааст.

Ҳарорат аз ҳама зиёдтар дар ВМКБ поин меравад: дар баъе ноҳияҳо ҳарорат шабона аз 12 то 17 дараҷа (дар баъзе ҷойҳо то 25 дараҷа) хунук, рӯзона аз 2 то 7 дараҷа (дар баъзе ноҳияҳо то 13 дараҷа) хунук пешгӯӣ мешавад.

Нисбат ба соли гузашта моҳи январи имсол 1-2º хунуктар дар назар дошта шудааст (соли 2022 дар қисми зиёди ҷумҳурӣ ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво аз меъёри муқараррӣ аз 2º то 4º гарм  буд).

Қобили зикр аст, ки дар кишварҳои ҳамсояи Ӯзбекистону Қирғизистон низ ҳаво хунук мешавад. Рӯзҳои 10-11 январ дар Ӯзбекистон борону барф борида, ҳарорат шабона 12-17 ва рӯзона – 5-8 дараҷа хунук мешавад. Дар Қирғизистон низ борону барф борида, ҳарорат шабона то 17 дараҷа ва рӯзона то 8 дараҷа хунук мешавад.

Узбекистон таътилро тамдид кард, Тоҷикистон чӣ?

Аз 10 январ дар Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсояи он сармоҳои шадид оғоз мешаванд. Вобаста ба ин дар кишвари ҳамсояи Узбекистон таътили зимистонаи мактабҳо тамдид карда шудааст. Оё дар Тоҷикистон ҳам чунин тасмим гирифта мешавад?

Акс аз Евгений Золотухин

Тавре ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ Эҳсон Сафарзода хабар дод, тамдиди муҳлати таътили зимистонаи мактабхонҳо ба нақша гирифта нашудааст.

“Мисли солҳои пеш то 10 январ истироҳат карда, рӯзи 11 январ ба таҳсил мебароянд”, – иброз дошт Сафарзода.

Ҳоло маълум нест, ки бар асари афзоиши ҳолатҳои гирифторӣ ба бемории зуком (грипп)-и мавсимӣ, карантин ҷорӣ шуда метавонад ё на.

“Баъди ба таҳсил баромадани мактабхонҳо вазъиятро арзёбӣ мекунем. Агар то замони оғози чоряки нав зиёда аз 50%-и хонандагон бемор бошанд, пас тасмим хоҳем гирифт”, – изҳор дошт Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати бехатарии эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулода ва ёрии таъҷилии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ.

Ба далели вазнинтар шудани зуком дар мавсими имсола, дар моҳи декабри соли гузашта Вазорати тандурустӣ ба шӯъбаҳои зерсохтори худ дар шаҳру ноҳияҳо дастур дода буд, ки бо шӯъбаҳои маориф ҳамкорӣ карда, вазъро зери назорат гиранд.

Дар ҳамин ҳол, дар Вазорат изҳор намуданд, ки маризие, ки дар Тоҷикистон паҳн мешавад, зукоми мавсимӣ буда, «дар он ҳеҷ чизи хатарноке нест», ҳарчанд аломатҳои он ба коронавирус шабоҳат доранд.

Чанде пеш мақомоти Ӯзбекистон тасмим гирифтанд, ки бинобар сабаби сармо таътили зимистонаи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро тамдид кунанд. Эҳтимол меравад, ки рӯзҳои наздик ҳарорат дар Ӯзбекистон то ба 30 дараҷа хунук мерасад. Чоряки сеюми соли

Нархи газ поён, бензин бошад боло рафт

Дар Душанбе, Хуҷанд ва Бохтар нархи гази моеъ барои имрӯз, 6-уми январ, 4 сомониву 90 дирам муайян шудааст. Он дар охири соли 2022-юм дар ин се шаҳри Тоҷикистон 5 сомониву 20 дирам арзиш дошт.

Сурат аз Радиои Озодӣ

Қобили зикр аст, ки гази моеъ сӯзишвории асосии автомобилӣ дар Тоҷикистон аст ва тибқи маълумоти расмӣ, зиёда аз нисфи моликони автомашинаҳо аз ин навъи сӯзишворӣ истифода мебаранд.

Дар ин баробар, нархи дигар навъи сӯзишворӣ нисбат ба моҳи декабри соли 2022 баланд шудааст. Ҳоло дар Душанбе як литр бензини А-92 – 7 сомониву 80 дирам нарх дорад. Қаблан дар пойтахт ин навъи сӯзишворӣ 7 сомониву 50 дирам фурӯхта мешуд.

Бензини А-95 дар Душанбе 8 сомониву 20 дирам аст. Пештар он 8 сомонӣ арзиш дошт. Сӯзишвории дизелӣ бошад, қариб тағйир наёфтааст ва ҳоло аз 11 сомониву 80 дирам то 12 сомонӣ фурӯхта мешавад.

Дар шаҳри Хуҷанд нархи сӯзишворӣ нисбатан арзонтар аст. Имрӯз дар шимоли кишвар нархи бензини АИ 92 7,80 сомонӣ, АИ 95 8,20 сомонӣ, сӯзишвории дизелӣ 11,60 сомонӣ фурӯхта мешавад.

Дар Бохтар бошад, арзиши 1 литр бензини А 92 аз 8 сомонӣ ва 1 литр сӯзишвории дизелӣ 12 сомониву 40 дирам аст.

Дар ин ҳол, коршиносон сабаби арзон шудани нархи гази моеъро ба хабаргузории “Суғд-ниюс” гуфтаанд, ба ҳаҷми воридоти ин навъи сӯзишворӣ ба кишвар вобаста аст.

Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, давоми моҳҳои январ-октябри соли 2022 ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 155,2 млн доллар ҳудуди 329 ҳазор тонна гази моеъ ворид карда шудааст.

Аммо дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2021 воридот аз рӯи вазн ба андозаи 11,1% ва аз рӯи арзиш – 11,3% кам шудааст. Дар ҳамин ҳол, арзиши воридоти як тонна гази моеъ ба ҳисоби миёна қариб бетағйир – 487 доллар боқӣ мондааст.

Тоҷикистон зиёда аз 86,2%-и ин навъи сӯзишворӣ аз Қазоқистон, ҳудуди 8% – аз Ӯзбекистон, зиёда аз 5,5% – аз Русия ва 0,3% – аз Туркманистон харид мекунад.

Ёдовар мешавем, ки воридоти қисми зиёдтари гази моеъ аз Қазоқистон бо арзонтар будани он дар ин кишвар маънидод мешавад: нархи миёнаи як тонна гази воридотӣ аз Қазоқистон 483 доллар, Ӯзбекистон – 505, Русия – 514 ва Туркманистон – 804 долларро ташкил медиҳад.

Қарзи берунии Тоҷикистон дар соли 2023 эҳтимол аст ба 4,1 млрд доллар расад

Тибқи нақшаи Ҳукумати Тоҷикистон қарзи хориҷии кишвар дар соли равон эҳтимол аст ба миқдори 140 млн доллар зиёд шавад.

Дар Барномаи қарзгирии берунаи давлатии Тоҷикистон барои соли 2022 ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2023-2024 гуфта мешавад, афзоиши ҳаҷми қарзи хориҷӣ аз 3,96 млрд доллар дар 1 январи соли 2023 то ба 4,1 млрд доллар дар ҳамин давраи соли 2024 дар назар аст.

Акс аз шабакаҳои иҷтимоӣ

Дар ҳамин ҳол, муаллифони санад коҳиши таносуби қарзи берунаро ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ мутаносбан аз 41,6% то 40,9% пешгӯӣ мекунанд. Ин пешгӯӣ ба интизории афзоиши ҳаҷми ММД аз 9,53 млрд доллар дар соли 2022 то ба 10,4 млрд дар соли 2023 асос ёфтааст.

Дар соли ҷорӣ ҳукумат азхудкунии беш аз 300 млн доллар маблағҳои қарзӣ ва баргардонидани қарзи хориҷиро аз ҳисоби буҷет ба маблағи ҳудуди 253 млн доллар ба нақша гирифтааст.

Қарздиҳандаи асосии хориҷии Тоҷикистон Бонки содироту воридоти Чин мебошад, ки қарз аз ин ниҳоди молиявӣ зиёда аз 1 млрд долларро ташкил медиҳад. Қарзҳои кишвар ба Бонки ҷаҳонӣ, Бонки осиёии рушд, Хазинаи байнулмилалии асъор, Бонки исломии рушд ва қарзҳо аз евробондҳо низ зиёданд.

Изҳороти ВКХ: Шаҳрвандони Тоҷикистон дар ошӯбҳои Қазоқистон ширкат накарданд

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар як изҳороти хеш, таъкид намуд, ки зимни ошӯбҳои оммавии моҳи январи соли 2022 дар Қазоқистон шаҳрвандони Тоҷикистон ширкат накардаанд.

Акс аз сомонаи dp.ru

“Тоҷикистон тавассути шабакаҳои расмӣ аз ҷониби Қазоқистон дар бораи далелҳои иштироки шаҳрвандони кишвар дар ҳодисаҳои зикршуда маълумот нагирифтааст. Гузашта аз ин, пас аз интишори иттилоъ дар расонаҳо бо истинод ба додситонии Қазоқистон, намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгарии Тоҷикистон дар Қазоқистон ба сохторҳои дахлдори ин кишвар муроҷиат карданд ва далелҳои зикршуда тасдиқи худро наёфтанд”, – гуфта мешавад дар изҳороти ВКХ-и Тоҷикистон.

Ин изҳороти ВКХ-и Тоҷикистон дар робита ба иттилоест, ки дирӯз, 5-уми январ, Берик Асилов, Додситони кулли Қазоқистон барои расонаҳо иброз дошт.

Берик Асилов гуфт, дар парвандаи рӯйдодҳои моҳи январ дар Қазоқистон шаҳрвандони Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон низ ҳастанд.

Ӯ афзуда буд, ки дар бетартибиҳои оммавӣ ва дигар ҷиноятҳо хориҷиён низ ба сифати гумонбарон эътироф шудаанд.

Дар бораи дигар ҷузъиёти иштироки хориҷиён дар рӯйдодҳои моҳи январи соли 2022 ӯ чизе нагуфтааст.

Ӯ таъкид доштааст, ки миёни боздоштшудаҳо ҳашт нафар аз пайравони ҷараёнҳои тахрибкоронаи мазҳабӣ низ ҳастанд.

Асилов зикр кардааст, ки дар парвандаҳои марбут ба ҳодисаҳои январ 573 нафар маҳкум шудаанд, аз ҷумла дар ду парвандаи марбут ба амалҳои террористӣ.

Ба гуфтаи додситони кулли Қазоқистон, то кунун 18 созмондиҳандаи ошӯб ошкор шуда, парвандаи 13 нафари онҳо аллакай дар баррасии додгоҳ аст.

Ёдрас мекунем, ки гирдиҳамоиҳои эътирозӣ дар Қазоқистон аввали моҳи январи соли гузашта баргузор шуданд. Дар ҷараёни онҳо 238 нафар, аз ҷумла 19 нафар кормандони пулис ва ҳарбиён ҳалок шуда, 4353 нафар, аз ҷумла 3393 нафар кормандони сохторҳои қудратӣ захмӣ шуданд.

Skip to toolbar