Тоҷикистонро боз як заминларза такон дод
Соати 13:01 дақиқаи имрӯз, 23 феврал дар қаламрави Тоҷикистон боз як заминларзаи дигар ба қайд гирифта шуд. Ин маълумоти Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон тасдиқ карданд.
Маркази заминларза дар 380 километрии ҷанбу ғарби Душанбе, 86 километрии ғарби ноҳияи Мурғоб ва 45 километрии шарқи кӯли Сарез воқеъ будааст.
“Қувваи заминларза дар маркази он 5 балл ва дар шаҳри Хоруғ – 4 баллро ташкил дод. Талафоти ҷонӣ ва харобиҳо ба қайд гирифта нашудааст”, – хабар доданд аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ.
Ёдрас мекунем, ки имрӯз соати 05:37 дақиқа ва соати 05:55 дақиқа ба вақти маҳаллӣ дар Тоҷикистон заминҷунбиҳо ба қайд гирифта шудаанд.
Мутахассисон мегӯянд, маркази заминларза 400 километр ҷанубу шарқ аз шаҳри Душанбе, 65 километр шарқ аз ноҳияи Мурғоб ва 30 км шимолтари кӯли Сарез қарор дошт. Қувваи заминларзаи соати 5:37 дар марказаш 6 – 7 балл ва соати 5:55 – 5 – 6 баллро ташкил дод.
Дар шаҳри Хоруғ заминларзаи 5 – 6 балл ва дар шаҳри Душанбе 2 – 3 балл эҳсос шуд.
Тибқи маълумоти Маркази зилзилашиносии Аврупо ва Баҳри Миёназамин, қувваи заминларзаи субҳ рухдода магнитудаи 6,8 дошт.
Таконҳо аз ҷумла дар Ӯзбекистон, Қирғизистон, Афғонистон, Чин ва Покистон дар масофаи то 600 километр аз маркази он эҳсос шудааст. Пас аз заминларза якчанд таконҳои баъдии он (афтершок) ба амал омад.
Ҳавои барфу боронӣ ба Тоҷикистон бармегардад
Рӯзи 25 феврал ҳавои хунук номусоид ба Тоҷикистон бармегардад. Ин бо дохил шудани ҳавои хунук аз минтақаи Сибири Ғарбӣ ба ҳудуди ҷумҳурӣ алоқаманд аст, хабар медиҳад Агентии обуҳавошиносии ҶТ.
Ҳавошиносон қайд мекунанд, ки дар доманакӯҳҳои вилояти Хатлон, дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон боришот дар шакли борон ва ҳатто барф дар назар аст.
Дар аксар ноҳияҳо харорат то 10 – 12 дараҷа паст мешавад.
То 26 феврал дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби ВМКБ, дар шоҳроҳҳои Душанбе – Чаноқ, Нуробод – Тавилдара, Душанбе – Хоруғ, Хоруғ – Шуғнон, Хоруғ – Рошқалъа ва Хоруғ – Ишкошим эҳтимоли фаромадани тарма мавҷуд аст.
Ба иттилои ҳавошиносон бар асари боришоти шадид рӯзи 25 феврал дар доманакӯҳҳои вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва ғарби ВМКБ омадани сел дар назар аст.
Дар Душанбе ва НТҶ аз 24 феврал то 28 феврал ҳавои абрнок боқӣ монда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳаво рӯзона аз 10 то 22 дараҷа гарм мешавад. Шабона аз 4 то 9 дараҷа гарм мешавад. Дар водиҳо каме хунуктар: шабона аз –4 то +3 мешавад. Шамол аз самти шарқ ба ғарб мевазад.
Дар Хуҷанд ва дигар ноҳияҳои вилояти Суғд низ ҳавои абрнок дар назар дошта шуда, боришот шаби 25 феврал оғоз мешавад. Ҳаво рӯзона аз 0 то +17 дараҷа ва шабона аз –3 то +7 дараҷа гарм мешавад. Шамол аз самти ғарб 4-9 м/с мевазад.
Дар Бохтар ва дигар ноҳияҳои вилояти Хатлон ҳавои нимаабрӣ дар назар аст. Ҳарорат назар ба дигар минтақаҳои кишвар андаке баланд аст: рӯзона аз 10 то 25 ва шабона аз 4 то 9 дараҷа гарм. 25 феврал дар баъзе минтақаҳо боридани борон ва дар ноҳияҳои доманакӯҳ боридани барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 4-9 м/с мевазад.
Дар Хоруғ ва дигар ноҳияҳои ВМКБ ҳаво хунуктар мешавад: рӯзона аз –2 то –6 дараҷа, шабона аз –9 то –2 дараҷа хунук. Рӯзҳои 25 – 26 феврал боришот дар шакли борону барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 4-9 м/с мевазад.
Арабистон ба зарардидагони тарма дар ВМКБ кӯмак мефиристад
Арабистони Саудӣ ба маблағи умумии 1,5 миллион доллар ба сокинони аз тарма осебдидаи ВМКБ ва дигар табақаҳои осебпазири аҳолӣ кӯмак мефиристад. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон дар ин бора хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, ироаи кӯмак зимни ташрифи ҳайати Подшоҳии Арабистони Саудӣ бо сарварии Роҳбари Сарраёсати Вазорати корҳои хориҷии Подшоҳии Арабистони Саудӣ – Ёвари ҷонишини вазири корҳои хориҷии Арабистон оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ ҷаноби Муҳаммад Муҳаммад ибни Абдулҳодӣ Ал-Матрафӣ ба ин Кумита баррасӣ шудааст.
Ҳамчунин, дар ин мулоқот масъалаҳои мусоидат ба таҳкими иқтидори техникии Кумита, таъсиси маркази симулятсионии дорои синфҳои интерактивӣ, харидани таҷҳизоти махсус барои рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ ва таҷҳизоти махсус барои наҷотдиҳандагон низ муҳокима гардидааст.
“Дар ин дидор дар мавриди ироаи кумакҳои башардӯстона аз ҷониби Бунёди Шоҳ Салмон ба аҳолии осебдидаи Тоҷикистон аз офатҳои табиии зимистони соли ҷорӣ ва ҳамчунин, кумак ба табақаҳои осебпазири аҳолӣ ба маблағи умумии 1,5 миллион доллар тавофуқ ҳосил шуд”,- менависад манбаъ.
Таъкид мешавад, ки ин ёриҳо ба 12 ҳазор аҳолии ниёзманди Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд ва бар асоси муоҳада ёрии Бунёди Шоҳ Салмон аз тариқи Кумита дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрҳо ва ноҳияҳои Тоҷикистон муддати 6 моҳи соли 2023 тақсим карда мешавад.
Бояд гуфт, ки ҳафтаи гузашта дар пайи тармафуроӣ дар ВМКБ 18 нафар ҷон бохта, даҳҳо нафари дигар ҷароҳат бардоштанд. Зарари дар натиҷаи тармафуроӣ ба сохторҳои соҳаи энергетикии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон расидаро 1,7 миллион сомонӣ арзёбӣ мешавад.