Хизмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон

Арзиши хизмати алтернативӣ 51 ҳазор сомонӣ мешавад

Бо супориши ҳукумати Тоҷикистон ба қарор “Дар бораи Тартиби гузаштани хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои сафарбаркунӣ”, ки 30 июни соли 2021 ба имзо расида буд, тағйирот ворид карда мешавад. Тибқи он аз 28 ҳазору 560 сомонӣ ба 51 ҳазор сомонӣ мерасад.

Тибқи фармон тағйирот аз 1 сентябри соли 2023 эътибор пайдо мекунад.

“Ҳаҷми маблағ барои адои хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираи даъвати сафарбаркунӣ дар ҳаҷми 750 нишондиҳанда барои ҳисобҳо муқаррар карда мешавад”,- омадааст дар фармон, ки дар сомонаи Вазорати адлияи кишвар нашр шуд.

Дар ҳоли ҳозир маблағи пардохти хидмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои сафарбаркунӣ 420 нишондиҳанда барои ҳисобҳоро ташкил медиҳад. Як нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои соли ҷорӣ 68 сомонӣ ($6,2) муқаррар шудааст.

Ба ин тартиб, арзиши хидмати алтернативии ҳарбӣ аз 28 ҳазору 560 сомонӣ ба 51 ҳазор сомонӣ мерасад.

Тибқи тартиб шаҳрвандони синни даъвати Тоҷикистон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани мӯҳлати даъватро надоранд, метавонанд ба таври ихтиёрӣ хидмати ҳарбиро адо кунанд. Хизмати алтернативии ҳарбӣ пас аз пардохти маблағ ва иштирок дар таълими якмоҳа анҷом дода мешавад.

Мо дар ин ҷо аз нақли як сарбози хизмати алтернативиро адокарда дар бораи чӣ тавр гузаштани хизмати якмоҳа навишта будем.

Skip to toolbar