Сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон

Ҷанҷоли ахир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон таҳқиқ мешавад. Гуфтушуниди гурӯҳҳои кории ду кишвар дар марз

Маҳдудияти ҳаракати мошинҳои боркаш дар роҳи Душанбе – Чаноқ

Дар роҳи Душанбе-Чаноқ ҳаракати мошинҳои боркаши калонҷҳаҷм муваққатан манъ карда шуд, хабар дод дар саҳифаи худ филиали ширкати байналмилалии Innovative Road Solutions (IRS), ки масъули нигаҳдориву хидматрасонӣ ба ин роҳ аст.

Акс аз маркази матбуотии ширкати IRS

Ба иттилои манбаъ, дар километри аз 10 то 73-юми роҳи Душанбе – Чаноқ боришоти пуршиддати барф ба қайд гирифта шудааст.

“Тамоми шаб роҳ аз барф тоза ва бо маводи зиддилағжиш коркард шуда, ҳоло ҳаракати нақлиёти сабукрав имконпазир аст. Барои фураҳо ва дигар мошинҳои калонҷҳаҷм роҳ баста аст”, – гуфтанд дар филиали ширкат.

Зикр шуд, ки ҳаракати баъзе аз навъҳои нақлиёт бо мақсади пешгирии ҳолатҳои танбашавӣ дар ин роҳ маҳдуд шудааст.

Қобили зикр аст, ки айни замон дар Тоҷикистон барф борида истодааст.

Дар ин робита тибқи маълумоти обуҳавошиносони ҷумҳурӣ, дар роҳҳои мошингард фаромадани тармаҳо аз эҳтимол дур нест.

Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносӣ, то 9 декабр дар қаламрави кишвар обуҳавои хунук пешбинӣ мешавад. Дар водиҳо борон ва барфи тар борида, дар доманакӯҳ ва кӯҳҳо пуршиддат боридани барф дар назар аст.

Ҷанҷоли ахир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон таҳқиқ мешавад. Гуфтушуниди гурӯҳҳои кории ду кишвар дар марз

Баъди ҷанҷоли навбатӣ мулоқоти намояндагони Хадамоти марзбонии Қирғизистон ва дар сарҳади ду кишвар сурат гирифт.

Хадамоти марзбонии Қирғизистон расман хабар додааст, ки дар ин вохӯрӣ раҳбарони минтақавии корҳои дохилӣ ва кумитаҳои амнияти миллии ду кишвар иштирок доштанд.

“Ҷонибҳо дар ҷараёни гуфтугӯ ҷузъиёти ҷанҷол миёни сокинони Қирғизистон ва Тоҷикистонро омӯхта, ба тавофуқ расиданд, ки аз шиддат гирифтани вазъ ва ҳама гуна иғво пешгирӣ кунанд. Сабаби ҷанҷол аз ҷониби маъмурони пулиси ду кишвар таҳқиқ ва ба он минтақа неруи иловагии пулис сафарбар карда мешавад”, – омадааст дар иттилоияи ҷониби Қирғизистон.

Тибқи иттилои намояндагони мақомоти маҳаллӣ ва сокинони марзии шаҳри Исфара субҳи 3 декабр байни тоҷикону қирғизтаборон ҷанҷолу даъво сар зад. Ҳодиса соати 11-и рӯз дар маҳаллаи Сомониёни болои ҷамоати Чоркӯҳи Тоҷикистон ва ҳаммарз бо деҳаи Куктоши ноҳияи Бодканди Қирғизистон рух додааст.

Дар натиҷа як сокини маҳаллаи Сомониён ҷароҳати сабук бардошта, ба беморхонаи марказии ҷамоати Чоркуҳ интиқол дода шудааст. Аз нафари ҷабрдида Ҳизбаллоҳ Оқилзодаи 21-сола ном бурда мешавад.

Ҳалокати мусофири трактор дар натиҷаи бархӯрд бо сабукрав

Бар асари садамаи нақлиётии як рӯз қабл дар ҷануби Тоҷикистон як нафар ба ҳалокат расида, як каси дигар ҷароҳат бардоштааст.

 

Бино ба иттилои маркази матбуотии ВКД ҶТ, садама дар роҳи шаҳри Бохтар ба сӯи ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон рух дод.

Ронандаи тамғаи «Мерседес-Бенс», сокини 33-солаи ноҳияи Дӯстӣ идораро аз даст дода, дар натиҷа автомобил ба трактори канори роҳ истода, ки ба як сокини ноҳияи Ҷ. Балхӣ тааллуқ дорад бархӯрдааст.

Мутаассифона, мусофири трактор, сокини 29-солаи ин ноҳия Утаев Раҳмонқул Раҳматуллоевич бар асари ҷароҳатҳои бардоштааш дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Мусофири 34-солаи «Мерседес-Бенс» Каримов Манучеҳр Юнусалиевич ҷароҳат бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст.

“Ҳавои хунуку сербориш ва хатарнок”. Огоҳии КҲФ ба шаҳрвандон

Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, то 9 декабр дар қаламрави кишвар обуҳавои хунук пешбинӣ мегардад. Дар водиҳо борон борида ба барфи тар мубаддал мешавад, дар доманакӯҳ ва кӯҳҳо баъзан бошиддат барф меборад.

КҲФ маслиҳат медиҳад, ки агар нақлиёт ба зимистон омода набошад, беҳтараш аз сафар худдорӣ намоед.

Дар водиҳо ва ноҳияҳои доманакӯҳи ҷумҳурӣ рӯзона ҳарорат ба ҳисоби миёна то 5 дараҷа гарм мешавад.

Дар робита ба ин пешгӯӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ аз шаҳрвандон даъват мекунад, ки ҳангоми истифодаи дастгоҳҳои барқии гармкунӣ қоидаҳои бехатарии сӯхторро қатъиян риоя намуда, қувваи барқро сарфа кунанд.

Бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳо, бахусус дар роҳҳои кӯҳӣ ва ағбаҳо ба ронандагон чунин твасияҳо дода мешавад:

  • пеш аз сафар мошини худро тафтиш кунед, ки нуқсе надошта бошад;
  • батареяи аккумуляторро иваз  кунед;
  • чархҳои тобистониро бо зимистона табдил кунед, мошинҳои калонҳаҷми боркашро бо ҳама гуна васоили эҳтиётӣ, аз ҷумла занҷирҳои зидди яхбандӣ, белҳо, шамолкашҳо, фонусҳо, панҷара барои радиатор таъмин намоед. Ҳамзамон бо ин, коршоямии системаи гармидиҳандаро санҷед;
  • дар бордони мошинатон сарулибоси гарм, фонус, бели хурд, трос, бушкаи эҳтиётии  пур аз сӯзишворӣ, гӯгирд, термоси пур аз об ё чойи гарм гузоред;
  • дорухонаи мошинатонро нав кунед;
  • бо суръате мошин ронед, ки бехатариро дар ҷойҳои сермошину серодам, назди мактабҳо, хамгаштҳо, пулҳо ва нишебиҳо таъмин созад;
  • ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ фосилаи байни мошинҳоро назар ба ҳолатҳои маъмулӣ дарозтар гузоред, зеро дар роҳҳои пурлой ва яхӣ нигоҳ доштани мошин мушкил аст;
  • ҳаракат бо мошинро дар шабонгаҳон ва дар ҳоли тирагии ҳаво маҳдуд созед.

Ғайр аз ин, дар Кумита зикр мекунанд, ки агар автомашина ба зимистон омода набошад, беҳтараш аз сафарҳо худдорӣ кардан лозим аст.

Ҳамчунин КҲФ ба шаҳрвандон тавсия медиҳад, ки бомҳоро аз барф тоза карда, автомашинаҳоро зери дарахтҳо нагузоранд.

Барои пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои мавсимӣ, Кумита тавсия медиҳад, ки дар нақлиёти ҷамъиятӣ ва макони серодам шаҳрвандон бояд ниқоб пӯшанд.

Аз шаҳрвандон боисрор дархост мешавад, ки дар ин рӯзҳо бидуни зарурат ҳаракат дар роҳҳоро маҳдуд созанд, аз корҳои кишоварзӣ, чаронидани чорво, моҳидорӣ, ҷамъоварии ҳезум ва шикор дар мавзеъҳои кӯҳӣ худдорӣ карда, мувофиқи мавсим либос пӯшанд ва барои пешгирӣ аъ заҳролудшавӣ аз дуд қубурҳои оташдонро бори дигар аз назар гузаронанд.

 

Skip to toolbar