“Ҳамааш аз 4 қуттӣ занбӯр оғоз шуд”. Роҳи пуршебу фарози занбӯрпарваре аз Хатлон

Бадриддин Маҳмадуллоев, сокини 59-солаи деҳаи Обшорони ноҳияи Ҳамадонӣ, маъюби гурӯҳи дуюм аст. Ӯ 5 сол пеш бо дастгирии созмони ҷамъиятии “Равонбахш” ба занбӯрпарварӣ шуруъ кард ва ҳоло ба ҳамтақдиронаш нозукиҳои ин касбро меомӯзад.

Созмони “Равонбахш” давоми 11 сол наздики 250 нафар шахсони маъюбиятдошта, занони хушунатдида ва оилаҳои камбизоатро дар вилояти Хатлон ба омӯзиш, касбомӯзӣ ва ҷойи кор фаро гирифтааст.

Ин ташкилот соли 2014 ба хотири ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қишри осебпазири ҷомеа, аз ҷумла маъюбон ва беҳсозии сатҳи зиндагии онҳо таъсис дода шудааст.

“Дармонбахш”-и маъюбон

Бадриддин Маҳмадуллоев маъюби модарзод нест. Соли 1997 дар тасодуфи нақлиётӣ осеби ҷисмонӣ бардошт ва аз роҳ рафтан маҳрум шуд. Табобати зиёд гирифт, вале бенатиҷа буд. Ҳоло бо асобағал роҳ меравад.

Қаблан, бо бародаронаш кишоварзӣ мекард. Баъди тасодуфи нақлиётӣ дар роҳи Душанбе-Кӯлоб кашидани бори зиндагӣ бо ду фарзанди ноболиғ барояш душвор шуд. Ҳарчанд, бародаронаш кӯмак мекарданд, вале мехост мустақил бошад.

“Аввалҳои соли 2019, дӯстонам ҳолу аҳволи маро дида, тавсия доданд, ки ба Ташкилоти ҷамъиятии “Равонбахш”, ба маркази ноҳия равам. Он ҷо ҳамроҳи ман 16 нафари дигар буданд.

Нахуст, нозукиҳои занбӯрпарвариро ба мо омӯзонида, ба ҳар кадоми мо 4 қуттӣ занбӯри асал доданд, то зиндагии худро пеш барем. Дар тӯли 5 сол шумораи оилаҳои занбӯрро зиёд карда, чаҳор қуттии гирифтаамро ба “Равонбахш” баргардонидам. Ин ташкилот дармонбахши мо – маъюбон мебошад”,- нақл кард қаҳрамони мо.

 

Бадриддин ба он хотир ин қуттиҳоро ба ташкилот баргардонид, ки барои дигар нафарони муҳтоҷ, аз ҷумла маъюбон имкони бештар пайдо шавад, то тавонанд мисли ӯ занбӯрпарварӣ карда зиндагиашонро пеш баранд.

1 литр асал 100 сомонӣ. Даромад аз ҳисоби занбӯрпарварӣ

Бо гузашти вақт, Бадриддин шумораи қуттиҳои занбӯри асалро ба 24 адад расонид ва ҳоло дар як мавсим зиёда аз 150 литр асал мегирад. Барои асали зиёд гирифтан ва он ҳам аз гулу буттаҳои табиӣ, ӯ қуттиҳои занбӯрашро ба кӯҳҳу пуштаҳои ноҳияи Шамсиддин Шоҳин мебарад.

Номбурда ҳоло як литр асалро 100 сомонӣ мефурӯшад. Бозори марказии ноҳия макони фурӯши маҳсулоташ аст. Дар як мавсим ба ҳисоби миёна ҳудуди 15 ҳазор сомонӣ даромад ба даст меорад.

Ӯ мегӯяд, гоҳо аз сокинони деҳаҳо ва муҳоҷироне, ки дар Русия ҳастанд, барои харидории асал фармоиш мегирад.

Бадриддин баъди маъюб шудан зиндагии сангинеро пушти сар кард ва маҳз бо дастгирӣ ва роҳнамоии созмони ҷамъиятии “Равонбахш” сатҳи зиндагиашро беҳтар намуда, ба ҳамтақдиронаш шуғли занбӯрпарвариро ёд медиҳад.

“Равонбахш” чӣ гуна ба шахсони осебпазир кӯмак мекунад?

Мисли Бадриддин Маҳмадуллоев даҳҳо нафари дигар аз қишрҳои осебпазири ҷомеа бо кӯмакҳои ташкилоти “Равонбахш” рӯзгорашонро обод кардаанд.

Ташкилоти ҷамъиятии “Равонбахш” дар ноҳияи Ҳамадонӣ соли 2014 ба фаъолият оғоз кардааст. Давоми қариб 11 соли фаъолият ҳудуди 250 нафар шахсони маъюбиятдошта, оилаҳои камбизоат ва занони хушунатдидаро ба омӯзишҳои ҳуқуқӣ ва касбомӯзӣ ҷалб карда, чандин нафарро бо ҷойи кор ҳам таъмин намудааст.

Зайнулло Муродов, роҳбари ташкилот, ки маъюби гурӯҳи якум аст, гуфт, баъди ширкат дар вохӯриву чорабиниҳои вобаста ба дастгирии шахсони дорои маъюбият ҳамчун аъзои ташкилоти ҷамъиятии маъюбони кишвар аз ҳуқуқу имкониятҳое, ки барои маъюбон пешбинӣ шудааст, огоҳ шуд ва тасмим гирифт, ба ҳамтақдирони худ кӯмак кунад.

Барои оғоз кардани фаъолияти соҳибкорӣ ба ӯ рафиқаш кӯмак кард ва баъдтар тавонист, тариқи бурди грантҳо қишрҳои осебпазирро дар самти ҳунаромӯзию таъмин бо кор дастгирӣ намояд.

“Ташкилоти мо дар якҷоягӣ бо идораи шуғли аҳолии ноҳия ба маъюбон, оилаҳои камбизоат ва занони танҳо ҳунарҳои дӯзандагию пазандагӣ ва кафшергариро ройгон меомӯзонад. Инчунин, ба 30 нафар қуттиҳои занбӯри асалро ройгон додем, ки ҳоло онҳо дар ин соҳа муваффақ ҳастанду зиндагии хуб доранд”,- гуфт роҳбари ин ташкилот.

Мушкили ҷойи кор ва умед аз хайрхоҳон

Зайнулло Муродов фаъолияти чунин ташкилотҳои ҷамъиятиро дар деҳаҳо муҳим арзёбӣ кард ва гуфт, “нафарони маъюбиятдошта барои дуруст кардани ҳуҷҷатҳои нафақа ва дастрасӣ ба замин ба онҳо муроҷиат мекунанд”.

Ташкилоти “Равонбахш” то як соли пеш дар асоси шартнома ду ҳуҷраи корӣ дошт, вале баъди ба итмом расидани шартнома бе ҷой мондааст.

Роҳбари ташкилот мегӯяд, барои гузаронидани семинару машвартҳо ҷой лозим аст ва умед дорад, ки нафарони хайрхоҳ дар ҳалли ин мушкил барояшон кӯмак мерасонанд.

“Равонбахш” борҳо барои гирифтани замин ба ҳукумати ноҳияи Ҳамадонӣ муроҷиат кардааст, вале талошҳояш бенатиҷа монд.

Зайнулло Муродов, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии “Равонбахш”

“Агар ба мо замин диҳанд, ба таври шартнома нафарони солимро ба кор мегирем ва заминро истифода мебарем. Маҳсулоти кишткардаро ба қишрҳои осебпазир ва ба муҳтоҷон тақсим мекунем. Ё он маъюбонеро, ки қобилияти кор доранд, ба кор мегирем ва бо маводи ғизоӣ таъмин мекунем”,- гуфт роҳбари ташкилот.

Ҳоло дар “Равонбахш” 7 нафар расман кор мекунад, ки 5 нафари онҳо дорои маъюбият мебошанд.

“Маъюби гурӯҳи якум пурра ва гурӯҳҳои 2 ва 3-юм 50% аз андоз озод ҳастанд. Ду нафар корманди солими мо, ки тариқи шартнома кор мекунанд, андоз месупоранд”,- афзуд Зайнулло Муродов.

Фаъолияти “Равонбахш” як намунаи соҳибкории иҷтимоӣ аст, ки бо қишрҳои осебпазири ҷомеа кор мекунад. Интизор меравад, ки дар кишвар қонун дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ қабул шавад. Зайнулло Муродов умед дорад, ки қонуни мазкур ба рушди соҳибкории иҷтимоӣ дар мамлакат, аз ҷумла ҳалли мушкили ӯ мусоидат хоҳад кард.

Амонҷон Муҳиддинов

Skip to toolbar