fbpx

Ҳалокати ду чӯпони 18 сола бар асари сел дар Турсунзода

Мухтасари хабарҳои рӯз, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


1
1 point
Акс аз сомонаи Спутник Тоҷикистон

Ҳабси пулчинаки микроавтобус барои дағалӣ бо мусофирон

Суд пулчинак (кондуктор)-и микроавтобус (маршрутка)-и як хатсайри пойтахт Муродбек Ҷамолиддинзодаи 22-соларо барои дағалрафторӣ нисбат ба мусофири пирамард ба 10 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум кард.

Тавре ки дафтари матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, 5 март дар як қатор шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр гардид, ки дар он муносибати дағалона ва амалу рафтори ноҷавонмардонаи пулчинаки (кондуктор) хатсайри №15 нисбати як нафар мусофири пирамард инъикос ёфта, мавриди вокунишҳои шадиди шаҳрвандону истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ қарор гирифт.

“Дар зимн аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хоҳиш карда шуд, ки дар доираи қонунгузорӣ амалу рафтори номбурда баҳо дода шавад”, – омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, дар натиҷаи баррасии муроҷиати мазкур ва роҳандозӣ намудани як қатор чорабиниҳои оперативӣ бо гузашти ҳамагӣ ду соат шахсияти ҷавони дағалгуфтор муайян ва ба мақомоти милитсия дастрас карда шуд.

“Зимни санҷиш ва пурсиши дастгиршудаю шоҳидони ҳодисаи мазкур муайян гардид, ки пулчинак нисбати мусофири дар навор инъикосёфта барои маблағи роҳкиро дағалрафторӣ ва дашному ҳақоратҳои қабеҳ намуда, шаъну шарафи ӯро дар назди атрофиён паст задааст”, – хабар медиҳад Раёсат.

Нисбат ба Муродбек Ҷамолиддинзода тибқи моддаи 460 (Майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, бо қарори суд ба 10 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум шуд.

Зимнан зикр мегардад, ки ҳамзамон бо ронанда ва дигар масъулони хатсайри мазкур ҷиҳати таъмини босифати хизматрасонии мусофиркашонӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.

 Эмомалӣ Раҳмон бонувони ҷумҳуриро ба муносибати ҷашни Рӯзи модар таҳният гуфт

Дар паёми шодбошии худ ба ин муносибат зикр шуд, ки арҷ гузоштан ба бузургии модар, ба ҷо овардани иззату эҳтироми ӯ ва расидан ба қадри заҳматҳои шабонарӯзии вай вазифаи ҷониву имонии ҳар як фарзанди солимфикру соҳибхирад ва қарзи инсонии ҳар як фарди бонангу номус ба шумор меравад.

Ӯ хотиррасон нмуд, ки масъулияти фарзандон барои нигоҳубин ва таъминоти иҷтимоии падару модар дар моддаи 34-уми Конститутсияи Тоҷикистон низ дарҷ шудааст.

“Яъне мо бояд ба падару модари худ дар вақте, ки онҳо зинда ҳастанд, хизмат ва меҳрубониву ғамхорӣ кунем, онҳоро дӯст дорем, ҳамаҷониба нигоҳубин намоем ва нагузорем, ки падару модарони мо хору зор шаванд”, – таъкид доштааст ӯ.

Ба гуфтаи президент, ғамхорӣ дар ҳаққи занону бонувон ва ҳарчи бештар ба корҳои давлату ҷомеа ҷалб намудани онҳо ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи ҳукумати мамлакат қарор дорад.

Эмомалӣ Раҳмон зикр мекунад, ки ҳоло тибқи дастури роҳбари давлат бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони болаёқат барои солҳои 2023 – 2030» таҳия шуда истодааст.

Дар паёми зикр шуд, ки дар ин раванд, соҳиби ахлоқу одоби ҳамида гардонидани фарзандон ва ба зиндагии мустақилона омода кардани онҳо, яъне омӯзонидани нозукиҳои зиндагии оилавӣ низ вазифаи модарон буда, яке аз ҳадафҳо аз қабули қонуни миллӣ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» маҳз аз ҳамин иборат аст.

“Мо бояд кӯшиш кунем, ки бонувону духтарони тоҷик соҳиби касбу ҳунар, саводу маърифат, илму дониш ва ҳунарманду кадбону бошанд, то ки дар зиндагиву рӯзгори оилавӣ ба азобу душворӣ рӯ ба рӯ нагарданд”, – гуфт президент. – Дигар ин, ки саришта кардани рӯзгори хонадон, яъне идора намудани дороиву даромади оила низ аз модарону бонувон вобаста мебошад”.

Сарвари давлат таъкид дошт, ки бонувону занон бояд ба ин масъала ҷиддӣ муносибат намоянд ва ҳаргиз ба зиёдаравию исрофкорӣ роҳ надиҳанд.

Ҳалокати ду чӯпони 18 сола бар асари сел дар Турсунзода

Бар асари боришоти шадиди борон аз теппаҳои назди деҳаи Чашмаи ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмонови шаҳри Турсунзода сел фаромад.

Бар хабари котиботи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, сел нисфирӯзи 6 март, тахминан соати 15:20 дақиқа фаромада ду чӯпони ҷавонро бурд.

“Ҳар ду чӯпон 18 сол дошта сокинони деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмонови шаҳри Турсунзода мебошанд”, – омадааст дар хабари манбаъ.

Манбаъ меафзояд, чӯпонон кӯшиш карданд то чорвои худро аз офати табиӣ наҷот диҳанд, вале худ бо 10 сар чорво зери сел монда ба ҳалокат расиданд.

Гуфта мешавад, ҷасади ҷавонони 18 – сола дар масофаи чор километр дуртар аз ҷойи ҳодиса пайдо шудааст.

Илова бар ин, боришоти зиёд боиси боло рафтани сатҳи оби рӯдхонаи Қаратоғ ва канали Муллошодӣ шуда, дар навбати худ хатари зери об мондани биноҳои истиқоматиро зиёд кардааст. Дар ҷои ҳодиса комиссияи изтирории шаҳр кор мекунад, барои бартарафсозии онҳо техникаи махсус ҷалб шудааст.

Дар ҳамин ҳол, Оҷонсии ҳавошиносӣ хабар медиҳад, ки ҳавои ноустувор ва боришот дар кишвар то охири ҳафта идома хоҳад кард ва хатари фаромадани тарма, фаромадани сел ва сангрезиҳо боқӣ мемонад.

Зимнан, ин ниҳод аз тамоми шаҳрвандон ва меҳмонон даъват мекунад, ки аз сафар, рафтан ба минтақаҳои хатарнок, шикор, моҳидорӣ, ҷамъоварии гиёҳ дар ноҳияҳои кӯҳӣ, чаронидани чорво худдорӣ намуда, ҳушёр бошанд.

Пирӯзиҳои муштзанони навраси тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё

Се нафар муштзанони тоқик дар қувваозмоиҳои мусобиқаи Чемпионати Осиё оид ба бокс байни наврасону ҷавонон дар Урдун ғалаба ба даст оварданд.

Аз 4 то 6 март дар вазни то 46 кг Анӯшервон Фозилов муштзан аз Ироқ Қосим Ҳамданӣ ва Рустамҷон Ашӯров (то 60 кг) ҳам боз як варзишгар аз Ироқ Ҳуссейн Алӣ Тамерро мағлуб намуда, ба даври чаҳорякфиналӣ роҳ ёфтанд.

Дар рақобати аввали худ Нурланбек Ерматов (вазни то 75 кг) бар намояндаи Урдун  Зайд-Алден Яшаш дастболо шуд.

Боқимонда муштзанони тоҷик, ки дар ин рӯзҳо рақобат карданд, қувваозмоиҳои худро бохтанд.

Имрӯз чунин қувваозмоиҳо баргузор мешаванд: Меъроҷ Зоидов (то 48 кг) – Вишванатх Суреш (Ҳиндустон), Асламҷон Қурбонов (то 51 кг) – Хӯҷаназар Нортоҷиев (Ӯзбекистон), Бузургмеҳр Иксанов (то 54 кг) – Ананд Йадай (Ҳиндустон), Абдураҳим Ёқубов (то 60 кг) – Пудра Патар Сингх Данги (Ҳиндустон), Саддам Давлатов (то 63,5 кг) – Аҳмад Наба (Сурия).

Қобили зикр аст, ки дар мусобиқаҳо байни ҷавонон муштзанони соли таваллудашон 2004 ва 2005 ва дар мусобиқаи байни наврасон варзишагрони соли таваллудашон 2006 ва 2007 иштирок мекунанд.

Бино ба маълумоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар ин чемпионат зиёда аз 350 варзишгар аз 21 давлати қора иштирок доранд. Аз ҷумҳурии мо 21 варзишгар (11 нафар миёни ҷавонон, 10 нафар миёни наврасон) ба Урдун сафарбар гардиданд.

Идомаи беқурбшавии рубл дар Тоҷикистон

Қурби расмии рубли Русия нисбат ба арзи миллии Тоҷикистон – сомонӣ тайи рӯзҳои истироҳати сипаришуда ба андозаи боз 11,2% поин рафт.

Мувофиқи қурби муқаррарнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), имрӯз, 7 март 1 рубл 0,0910 сомонӣ нарх дорад ва ин ҳам дар ҳолест, ки рӯзи ҷумъаи охири ҳафтаи гузашта он ба 0,1025 сомонӣ баробар буд.

Беқурбшавии рубл дар Тоҷикистон бо оғози даргириҳои мусаллаҳона байни Русия ва Украина – аз 24 феврал шурӯъ шуд. Дар ин давра қурби расмии рубл нисбат ба сомонӣ ба андозаи 35,7% поин рафт.

Қурби расмии доллар тайи ду сол инҷониб қариб бетағйир боқӣ мемонад – 11,30 сомонӣ барои 1 доллар.

Дар ҳамин ҳол, дар нуқтаҳои мубодилаи асъори бонкҳои тиҷоратӣ ҳафтаи дуюм аст, ки ин навъи асъори серталаб фурӯхта нашуда, лекин бо камоли майл қабул карда мешавад. Дар ҳамин ҳол, қурби мубодилаи бонкҳо хеле аз ҳам тафовут доранд. Масалан, қурби хариду фурӯш дар бонкҳои кишвар имрӯз тариқи зайланд: “Бонки Эсхата” – мутаносибан 0,0882 сомонӣ ва 0,092 сомонӣ, “Ориёнбонк” – 0,1000 сомонӣ ва 0,1300 сомонӣ, “Спитаменбонк” – 0,1000 ва 0,1150 сомонӣ.

Қурби мубодилавии хариду фурӯши доллар дар аксари бонкҳо дар сатҳи 11,2800 – 11,3000 сомонӣ муқаррар шудааст.

Қобили зикр аст, ки беҳад беқурбшавии қурби рубл ба шиддат ёфтани хавфҳои геополитикии марбут ба ҷанг дар Украина ва таҳримҳои нави кишварҳои Ғарб алайҳи Русия маънидод мешавад. Қобили зикр аст, ки поинравии қурби рублро дар бонкҳои Тоҷикистон оилаҳои муҳоҷирони тоҷик, ки саробонашон дар Русия кор мекунанд, хеле дардовар қабул мекунанд. Ҳамчунин мебояд гуфт, аз соли 2016 бо дастури Бонки миллии Тоҷикистон маблағҳои интиқол бо рубли Русия дар бонкҳои ҷумҳурӣ танҳо бо арзи миллӣ пас аз мубодилаи он бо қурби ҳамон лаҳза дода мешаванд. Агар то оғози амалиёти ҷангӣ дар Украина ба 1000 рубли русӣ дар бонкҳои Тоҷикистон 141 сомонӣ медоданд, пас имрӯз ба ҳамин миқдор маблағ ҳамагӣ 92 сомонӣ пардохт мекунанд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

1
1 point

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend