Садама дар роҳи Душанбе-Чаноқ

Ҳалокати 6 нафар дар садамае дар роҳи Душанбе-Чаноқ

Субҳи барвақт, тахминан соати 5 дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ садама рух дод, ки дар натиҷа 6 нафар ба ҳалокат расид. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод.

Ҳодиса дар километри 145-уми шоҳроҳи ноҳияи Айнии вилояти Суғд рух додааст.

“Ронандаи мошини “Starex” ҳангоми ҳаракат аз маркази вилояти Айнӣ ба самти шаҳри Панҷакент, идораи мошинро аз даст дода, аз баландии 200 метр сарозер шудааст”,- хабар медиҳад КҲФ.

Ба иттилои манбаъ, чанд нафари дигар, аз ҷумла кӯдакон дар бемористон бистарӣ шудаанд.

“Наҷотдиҳандагони КҲФ ҷасади ронандаи ҳалокшуда ва панҷ мусофирро аз мошин берун оварда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд”,- омадааст дар хабар.

Се кӯдак ва як зан бо ҷароҳатҳои гуногун ба беморхонаи ноҳиявии Айнӣ интиқол ёфтаанд.

Skip to toolbar