fbpx

Президент дар ВМКБ ва ноҳияҳои Варзобу Ховалинг тағйироти кадрӣ анҷом дод

Аз курсии раиси ноҳияи Ховалинг ба кадом вазифа гузаштани Маҷидӣ Муҳтадӣ Хайрулло ҳоло номуайян аст.


0
Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон
Акси марбута аз интернет.

Бо фармони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 1-уми май чанд тағйироти кадрӣ ба амал омад.

Ба иттилои сомонаи president.tj  Сафарзода Шарифхон Нураҳмад аз вазифаи раиси ноҳияи Варзоб озод ва муовини якуми раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин карда шуд.

Шарифхон Сафарзода аз 25 июли соли 2022 дар мансаби раиси ноҳияи Варзоб фаъолият дошт.

Бо фармони дигари президент Дамонзода Хусрав Назаралӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Варзоб таъин карда шуд. То ин замон, Хусрав Дамонзода ба ҳайси муовини раиси ноҳияи Синои пойтахт фаъолият дошт.

Ҳамин тавр, Маҷидӣ Муҳтадӣ Хайрулло низ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон озод карда шуд. Ба ҷойи ӯ Мирзозода Музаффар Бурҳон таъйин шуд. Мирзозода Музаффар то ин дам муовини якуми вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ин вазифа озод ва бо фармони президент иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон таъйин гардид.

Ба кадом вазифа гузаштани Маҷидӣ Муҳтадӣ Хайрулло ҳоло номуайян аст.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend