Алиф Бонк якчанд маҳдудиятҳои дар пайи бонки исломӣ шудан, ҷорӣ кардаашро бекор кард

Бонки миллии Тоҷикистон расман эълон кард, ки аз Алиф Бонк талаб кардааст, маҳдудиятҳои пардохт бо корти Visa барои он хизматрасониҳое, ки боиси норозигии корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ шудаанд, баррасӣ кунад. Сухан дар бораи пардохт бо корти «Алиф» дар мағозаҳои асбобҳои мусиқӣ, маҳсулоти динӣ, пардохти ҳаққи хидмати гурӯҳҳо ва ҳунармандони оркестр, фурӯши суғурта, андеррайтинг ва мукофотҳои суғуртавӣ меравад.

Дар изҳороти расмии Бонки Миллӣ  омадааст, ки маълумот дар бораи қоидаҳои маҳдуд кардани пардохт бо корти Visa аз бонки Алиф барои хизматрасониҳо ва харидҳое, ки ба принсипҳои бонкдории исломӣ мувофиқ нестанд, баҳсҳои зиёдеро дар ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён овардаасту Бонки Миллӣ ба ин баҳсҳо вокуниш нишон додааст.

“28 октябри соли 2021 ҶСК «Алиф Бонк» ба Бонки миллии Тоҷикистон бо як бастаи ҳуҷҷатҳо ҷиҳати оғоз намудани раванди табдилдиҳӣ аз бонки анъанавӣ ба бонки исломӣ дархост ирсол намудааст. Муроҷиати ҶСК «Алиф Бонк» мавриди омӯзиш қарор гирифта, бастаи ҳуҷҷатҳо барои бартараф намудани баъзе камбудиҳо баргардонида шуд”, – омадааст дар изҳороти Бонки миллӣ.

Пас аз нашри қоидаҳои нав дар сомонаи “Алиф Бонк” ва баррасии онҳо дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ, Бонки миллӣ раҳбарияти Алифро муваззаф кардааст, ки сабабҳо ва маҳдудиятҳои молу хизматрасониҳоро муаян кунад

“Дар номаи ҷавобии “Алиф Бонк” омадааст, ки бо назардошти вазъи бозор ва эътирози муштариён аз маҳдудиятҳои эълонкардаи бонк, роҳбарияти бонк ин масъаларо бо Кумитаи хизматрасонии молии исломӣ баррасӣ кардааст. Дар натиҷа, тасмим гирифта шуд, ки маҳдудиятҳо дар чаҳор банди қоидаҳо бекор карда шаванд. Аз ҷумла, маҳдудиятҳо барои пардохт дар мағозаҳои асбобҳои мусиқӣ, маҳсулоти динӣ, хидматрасонии оркестрҳо ва иҷрокунандагони он, фурӯши суғурта, андеррайтинг ва мукофотҳои суғуртавӣ бекор карда шуданд”, – менависад Бонки миллӣ.

Қобили зикр аст, ки ин қоидаҳо танҳо ба кортҳои низоми пардохтии Visa дахл доранд, аммо на ба кортҳои низоми пардохти миллии “Корти Миллӣ”.

Барои гирифтани маълумоти бештар дар бораи қоидаҳо, чӣ гуна кор кардани онҳо, чаро Алиф Бонк тасмим гирифт, ки ба бонки исломӣ табдил ёбад, дар бахши русии сомонаи мо бихонед.

Skip to toolbar