fbpx

Зиёда аз 3,5 ҳазор квота. Арабистони Саудӣ зоирини тоҷикро ба Ҳаҷҷи фарзия даъват кард

Арабистони Саудӣ барои зоирини тоҷик зиёда аз 3,5 квота ҷудо намудааст, хабар додааст Вазорати ҳаҷ ва умраи ин кишвар.


0

Арабистони Саудӣ барои зоирини тоҷик зиёда аз 3,5 ҳазор квота ҷудо намудааст, хабар додааст Вазорати ҳаҷ ва умраи ин кишвар.  

Хабари ҷудо шудани квота ва шумораи он дар саҳифаи расмии масҷиди “Ҳарамайн Шарифайн” дар Facebook нашр шудааст. Дар рӯихат дида мешавад, ки ба Тоҷикистон – 3 ҳазору 562 квота ҷудо гардидааст.

“Мо аз ҷудо шудани квота хабар дорем, вале то ҳол аз ҷониби Арабистони Саудӣ дархости расмӣ нагирифтаем. Вале новобаста аз ин кумита ба корҳои гусели зоирон ба Маккаву Мадина оғоз мекунад”, – хабар дод ба Your.tj Афшин Муқим, котиби матбуотии кумитаи дин ва танзиму анъанаҳои кишвар.

Ӯ қайд кард, ки имсол зоирине ба ҳаҷ фиристода хоҳанд шуд, ки соли 2019 худро номнавис карда буданд ва то ҳол навбати худро интизоранд.

“Шумораи шахсони дар навбат буда зиёда аз 5 ҳазор мебошад, ки бояд онҳо соли 2020 ба адои маросими ҳаҷ мерафтанд, вале аз сабаби хуруҷи коронавирус натавонистанд сафар кунанд. Имсол дар навбати аввал онҳо фиристода хоҳанд шуд”, – гуфт Афшин Муқим.

Ба гуфтаи ӯ, нархи имсолаи адои маросими Ҳаҷ то ҳол муайян нашудааст ва дар сурати маълум шудан, кумита шаҳрвандонро дар ҷараён хоҳад гузошт.

Соли 2019 арзиши адои Ҳаҷ барои як нафар 35 ҳазору 128 сомониро ташкил медод, ки ба он хароҷоти чиптаи ҳавопаймо аз ду тараф, иқомат ва будубош дар Макка ва Мадина, таъмини ҳоҷиён бо ғизо дар давоми мавсими ҳаҷ шомил буд.

Ёдовар мешавем, ки ки тибқи қоидаҳои нав, имсол адои маросими ҳаҷ ба шахсони то 65-сола, ки аз коронавирус ваксина гирифтаанд, иҷоза дода мешавад. Ҳамчунин ба зоирин лозим аст, ки натиҷаи манфии тест ба COVID-19-ро, ки на пештар аз 72 соат то сафар ба шоҳигарӣ гирифта шудааст, пешниҳод намоянд.

Киҳо метавонанд ба Ҳаҷ раванд? 

Тибқи қонунгузории Тоҷикистон, шахсони аз 40 сола боло, ки барои анҷоми ин кор имконияти ҷисмониву молиявӣ доранд, метавонанд барои адои маросими ҳаҷ ба Арабистони Саудӣ раванд.

Барои худро номнавис кардан, хоҳишмандонро лозим аст, ки ба шуъбаҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои маҳалли зисти худ бо ҳуҷҷатҳои зерин муроҷиат намоянд: ариза, шиносномаи дохилӣ ва хориҷӣ, маълумотнома (справка) аз маҳалли зист, маълумотномаи тиббӣ ва ғ.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend