fbpx

Ҳалқаи чӯбини тақдир. Косатарошони ҷанубӣ чӣ гуна зиндагиашонро пеш мебаранд

Мероси бобоӣ сабаб шуд, то табақҳои тоҷикӣ то ба Амрикову Олмон раванд.


0

Саидаҳтам Достиев аз ҳисоби косатарошӣ зиндагии худро пеш мебарад. Ин касб ба ӯ аз аҷдодонаш мерос мондааст. Ӯ ба муаллифи Your.tj дар бораи чӣ гуна ба олами ин ҳунар омадан ва нозукиҳои касби косатарошӣ қисса кард.

Ҳунари косатарошӣ ё худ сохтани табақҳои чӯбин аз қадим маъмул мебошад. Ба ин ҳунар асосан сокинони ҷануби Тоҷикистон таваҷҷӯҳи хоса доранд. Маърака ва ҷашну маросимҳои мардуми ин минтақаи Тоҷикистон бидуни истифодаи ин табақҳо намегузарад.

Хӯрокҳои миллии қурутоб, фатиршӯрбо ва шакаробро мардум дар табақҳои чӯбин истеъмол мекунанд. Имрӯзҳо пас аз маъмулу маъруф гардидани ин намудҳои ғизо миёни сокинон табақҳои чӯбиро метавон дар ҳар як минтақаи Тоҷикистон вохӯрд.

“Касбро аз байн баред аз Шумо розӣ намешавам”

Саидаҳтам Достиеви косатарош 62 сола буда зодаи ноҳияи Мӯъминобод мебошад. Ӯ беш аз 30 сол боз ба косатарошӣ машғул асту луқмаи фарзандонашро аз ҳамин ҳисоб ба даст меорад.

“Зиндагии ман аз рӯйи ҳамин касб пеш меравад. Ман дар ягон мактаби олӣ таҳсил накардам ва касби дигаре низ надорам, ки ба он машғул шавам,- нақл мекунад Саидаҳтам. – Шояд сухани бобоям буд, ки мегуфт агар касби меросиамонро аз байн баред аз Шумо розӣ нахоҳам буд ва ман нагузоштам, ки мероси онҳо аз байн равад. Лекин шукрона аз он мекунам, ки ҳамин касб аз гузаштагонам ба ман мерос монду то имрӯз барои пешбурди рӯзгорам кӯмак мекунад”.

Муҳити кори ва табақҳои сохати Усто Саидаҳтам

“Баъди сари ман ҳамааш моли худат мешавад”

Саидаҳтам Достиев бо ин ҳунар ҳанӯз аз синни 7 солагӣ ошноӣ дошт ва аз кӯдакӣ ҳангоми кор гирди бобояш парвона шуда ба ӯ кӯмак мекард. Ҳар боре, ки бобояш ба устохона медаромад, Саидаҳтам аз баҳри бозии кӯдакона мебаромад ва назди бобояш мерафт. Он замон бобою падараш асбобҳои мусиқӣ месохтанду, ҳангоми истироҳат дутор менавохтанд. Саидаҳтам дар тақлид ба падару бобояш дар вақти набудани онҳо дуторро гирифта бо завқ менавохт.

Саидаҳтам Достиев ҳангоми навохтани дутори бобоӣ

Ӯ чандин маротиба торҳои дутори бобояшро кандаву ноҷур кардааст, ки ӯро доим барои ин кораш сарзаниш менамуданд. “Бобоям доим таъкид мекарданд, ки ту бо асбобҳои ман кордор нашав, вақте бузург шудӣ баъди сари ман ҳамааш моли худат мешавад. Ҳоло он дутор 90 сол дораду ман аз рӯи қоидаи меросӣ, гоҳ гоҳе дар ҳуҷраи кориам онро ба даст гирифта менавозам”, – бо завқ қисса мекунад амаки Саидаҳтам.

Аз созтарошӣ ба косатарошӣ

Қаҳрамони мо пас аз хатми мактаб ба мактаби олӣ дохил намешаваду ҳамроҳи падару бобояш ба сохтани асбобҳои мусиқӣ мепардозад. Аммо, вақте ӯ мебинад, ки талабот ба табақи чӯбин зиёд аст, ба косатарошӣ машғул мешавад

“Вақте ки ман аз падар созтароширо ба пуррагӣ аз худ кардам. Мақсад гузоштам, ки ҳунари табақтароширо низ омӯзам. Бо ин ният бо як устои табақтарош аз деҳаи Корез бо номи Усто Маҷид шинос шудам ва дар як муддати кӯтоҳ ин ҳунарро низ аз худ намудам, – мегӯяд усто Саидаҳтам. – Пештар ба омода кардани дутор сарукор доштам ва маҳсули дастони хешро дар шаҳри Кӯлоб бурда мефурӯхтам. Аммо талабот ба табақ ва дигар асбобҳои рӯзгор зиёдтар буд ва даромади хуб ҳам дошт. Аз ин рӯ, аз созтарошӣ дида бештар ба табақтарошӣ машғул шудам”, – нақл кард ӯ.

Маҳсули дастони Саидаҳтам

“Талабот ба табақ нисбат ба асбоҳои мусиқӣ зиёд аст”

Усто Саидаҳтам дар баробари табақ нонпар, оштахта, чағчуб (чӯбе, ки дар деҳот барои дуғкашӣ истифода мешавад), қошуқу кафлез, нонросткун ва дигар асбобҳои рӯзғорро омода мекунад. Асбобҳои мусиқиро бошад танҳо тибқи дархости муштарӣ месозад. Ба ақидаи Усто на ҳар кас аз ӯҳдаи сохтани асбобҳои мусиқӣ баромада метавонад.

Саидаҳтам ҳангоми гулкорӣ

“Думбраро танҳо ҳамон устое беҳтар сохта метавонад, ки аз ӯҳдаи навохтани он ба хубӣ баромада метавонад. Вақте шахс аз иҷрои навохтани он намебарояд, суратан дутор метарошад ва шаклу намудашро хуб омода мекунад, лекин мувофиқ кардани садои ин асбоб хеле муҳим аст. Шахсе ки онро навохта натавонад садояшро низ мувофиқ карда наметавонад”, – мегӯяд Усто Саидаҳтам.

Имрӯз талабот ба табақ нисбат ба дутору дигар асбобҳои мусиқӣ дида зиёдтар аст. Аз ин рӯ Усто танҳо тибқи фармоиш асбоби мусиқӣ месозад.

Ӯ ҳамарӯза ба ҳунари табақтарошӣ машғул мешавад ва бовар дорад, ки маҳсули дастонаш харидор доранд. “Дар ҳар хонадони тоҷик барои хӯрдани хӯрокҳои миллӣ ҳатман аз табақ истифода мебаранд ва дар вақти хонадор кардани фарзандон ба эшон табақ мехаранд. Асбобҳои мусиқиро бошад, агар бо ягон ансамбли ҳунарӣ шартнома надошта бошӣ, қариб касе намехарад”, – мегӯяд қаҳрамони мо.

Омодагӣ барои табақтарошӣ

Як табақ дар муддати 3-4 соат омода мешавад

Кори табақтарошӣ барои Достиев Саидаҳтам, аллакай як шуғли маъмулӣ шудааст ва омода кардани як табақ 3-4 соат вақташро сарф мекунад. Усто сараввал кундаро ба андозаи табақ кафонда, пай мекунад ва дар сари дастгоҳ онро як соат ба шакли табақ медарорад. Пас аз ин баъзеи онро гулкорӣ карда, ба муддати 10-15 рӯз бо мақсади пурра омода шудани он ва накафиданаш даруни об мегузорад. Табақ ҳар қадар зиёдтар даруни об бошад мустаҳкам мегардад.

Дар баробари он ки хӯрдани хӯрок дар табақи чӯбин маззаи дигар дорад, он нигоҳубини хосро талаб мекунад. Усто Саид ба ҳама муштариёнаш тарзи нигоҳубини дурустро мефаҳмонад.

“Ҳар нафаре, ки табақ харидорӣ мекунад онро бояд дар хона бо маҳлули собун тоза шуста, як рӯз пас, муддати 10 рӯз равғани пахта молида, дохили салафан нигоҳ дорад, то ки ба он ҳаво надарояд. Пас аз он метавонад табақро истифода барад.

Табақҳои ба об таркарда

Як муддат, яъне ҳар боре ки онро бо собун ё воситаи зарфшӯи мешӯяд, ҳатман равған молад. Дар ин ҳолат табақ метавонад солҳои тулонӣ хизмат кунад ва аз каҷшавию кафидан эмин бошад. Дар ҳолате, ки агар табақ каҷ шуд, метавонад онро як чанд рӯз дохили об монда, аз болояш санг ё ягон чизи вазнинро гузорад, он гоҳ табақ рост мешавад ва шакли пештараашро мегирад” – мегӯяд Усто Саидаҳтам.

Чӯбе, ки аз он табақ метарошанд

“Пайдо кардани чӯб мушкил аст”

Дар фаъолияти корӣ барои устои табақтарош ягона мушкилӣ ин пайдо кардани чӯб аст, чунки табақ аз якчанд чӯбҳои дарахтони махсус, ба монанди чормағз, чанор, тут, қарағоч ва туғ сохта мешавад. Табақи аз чӯби чормағз сохташуда, бинобар сабаби дар таркибаш йод доштан сиёҳ мешавад.

Табақҳои аз чормағз омодашуда

“Имрӯзҳо пайдо кардани чӯб бисёр мушкил аст. Мо барои вайрон тнакардани муҳити атроф наметавонем, ҳар дарахти пеш омадаро бурида, тиҷоратамонро пеш барем. Аз ин рӯ хона ба хона гашта, чӯби мувофиқ мекобем ва бо розигии тарафайн онро мехарем. Баъзан ҳолате мешавад, ки дарахт дар объекти хона ё иморат қарор дорад ва хонадор онро буридан мехоҳад. Мо бо ӯ маслиҳат мекунему вобаста ба навъ ва ҳаҷми дарахт онро 1000-1500 сомонӣ мехарем. Як дарахте, ки онро 1000 сомонӣ мехарем ва баъди заҳматҳои зиёд аз он 20 то 25 табақ омода мекунем, ки нархи як табақ вобаста ба ҳаҷмаш аз 40 то 100 сомонӣ арзиш дорад. Маҳсулотро бурда дар бозор мефурӯшем ё ин ки харидорон худашон омада мебаранд”, – мегӯяд усто Саидаҳтам.

Косатарош ҳангоми кор

Табақҳои усто то Амрикову Олмон рафтааст

То имрӯз Достиев Саидаҳтам дар ҳама озмун ва чорабиниҳои ноҳиявӣ ва баъзан ҷумҳуриявӣ бо маҳсули дастони хеш иштирок кардааст. Маҳз маҳсули дастони усто Саидаҳтам муаррифгари ҳунари қадимаи табақтарошӣ дар ноҳияи Муъминобод шинохта шудааст. Табақҳои ӯро харидорон то ба Амрикову Олмон бурдаанд.

Асбобҳои кории Саидаҳтам

Усто Саидаҳтам барои оне ки мероси падарӣ ва ҳунари аҷдоди аз байн наравад, ба тарбияи шогирдон низ машғул аст, ки аллакай 3 фарзанди ӯ ба хубӣ аз ӯҳдаи табақтарошӣ баромада метавонанд.

“. Фарзандонам, ки аз хурдӣ дар корҳоям ба ман кумак мерасонданд ва оҳиста – оҳиста нозукиҳои ин пешаро аз худ карданд. Пас аз хатми мактаби миёна бо сабаби мушкилиҳои зиндагӣ ба ягон донишгоҳи олӣ дохил шуда натавонистанд. Лекин кӯшиш намуданд, ки ҳунари табақтароширо ба пуррагӣ аз худ намоянд. Онҳо низ ҳамаррӯза ба ин ҳунар машғул шуда, маҳсули дастони худро дар бозорҳои ноҳия ва берун аз он низ бурда мефурӯшанд. Шукр мекунам, ки меъроси бобоӣ сабаб шуд, то табақҳои сохтаи ман то ба Амрикову Олмон раванду худаму фарзандонам аз ин ҳисоб зиндагиамонро пеш барем ” – мегӯяд усто Саидаҳтам.

 Назокат Солеҳова, Your.tj


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
5
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
4
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
1
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend