fbpx

Аз боркашӣ ба тоҷирӣ. Қиссаи муҳоҷири тоҷик, ки дар Маскав миллионер шуд

Фарид Чакабоеви 37 сола яке аз тоҷикиони муваффақ дар Маскав аз кору фаъолияташ қисса кард.


1
1 point
Акс аз бойгонии шахсии Фарид Чакабоев

Фарид соли 2004 аз Тоҷикистон ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия меравад. Тӯли 5 сол ӯ дар Маскав ба боркашонӣ машғул мешавад. Пас аз азобу машаққатҳои зиёд ширкатҳои хусусии худро мекушояд ва яке аз сарватмандони тоҷик дар Маскав мешавад. Ӯ ба мо дар бораи гузаштаи талху муваффақиятҳояш қисса кард. 

Фарид корро дар муҳоҷират аз боркашӣ одӣ оғоз кардааст, пасон вазифаи боркашон, роҳбари анбор ва баъдан ронандагӣ низ намудааст. Ӯ ба корҳои тиҷоратиаш баъд аз гирифтани шаҳрвандии Русия шурӯъ мекунад. Дар аввал бо кушодани идораи кӯчак, аз як ширкати мобилӣ намояндагӣ мекард.

Дар намояндагиаш ӯ барои овардани ҳар як муштарии нав ба ширкат, комисия мегирифт. Фарид шаҳр ба шаҳр гашта ба мардум сим-корт тақсим мекард ва ба ширкат муштариёни нав меовард, ҷавонҳои ҳавасмандро ба кор ҷалб менамуд.

Акс аз бойгонии шахсии Фарид Чакабоев

“Ҳар як муштарии нав барои ман даромад буд. Кӯшиш мекардам, ки ҳар чӣ бештар ҷавононро барои панҳ кардани сим-кортҳо ҷалб кунам. Қисми зиёди онҳо фурӯшандагони хушкмева буданд. Чун ман замоне дар бозор низ боркашӣ мекардам, бо савдогарони зиёд ошноӣ доштам. Дар моҳи сеюми кориам даромадам ба 11 ҳазор рубл расид”, – мегӯяд Фарид.

Рӯз то рӯз кори ҷавон авҷ мегирифту даромади моҳонааш зиёд мешуд. Кор то ҷое мерасад, ки даромади моҳонаи ҷавон 700 ҳазор рубли русиро ташкил медод

Зиндагӣ дар хобгоҳи валангор

Фарид Чакабоев зодаи деҳаи Барҷангали ноҳияи Рошткаъла аст. Волидонаш дар хурдсолиаш ба Душанбе кӯч мебанданд. Пас аз чанд сол дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ оғоз меёбаду оилаи Фарид боз ба Бадахшон бармегарданд. Онҳо ҷойи зист надоштанд, аз ин рӯ дар яке аз хобгоҳҳои вайрону валангор шуда зиндагӣ мекунанд.

“Дар хобгоҳ шароити одӣ барои зистан набуд, вале мо дигар илоҷе надоштем. Хобгоҳ на дар дошту на тиреза, зимистонро бисёр сангин мегузарондем. Падарам ба ду тангаи кор мекардаашон нон мехардианду халос. Он замон ба даст овардани нон низ кори осон набуд. Барои ин падарам як шабонарӯз дар навбат меистоданд”, – хотироти талхи кӯдакиашро ба ёд меорад Фарид.

Ҳоло бовариам намеояд

Ба нақли Фарид ӯ барои ба мактаб рафтан ҳатто пойафзол надошт, вале бисёр мехост, ки хонад. Барои ба пойафзоли даридааш об надаромадан, ӯ аввал пойҳояшро маҳкам бо пакети пластикӣ мепечонид ва ба мактаб мерафт.

“Ҳоло бовариам намеояд, ки ман чунин рӯзҳои сахтро паси сар намудам. Дар ҳақиқат ба хондан шавқ доштаму, кӯшиш мекардам аз дарсҳо қафо намонам. Орзу доштам, ки корманди милитсия шавам. Вале пас аз хатми мактаб бо амри тақдир ба ҷои донишгоҳ ба муҳоҷират омадам”, – нақл мекунад, қаҳрамони мо.

Пас аз анҷоми ҷанги шаҳрвандӣ оилаи Фарид боз ба Душанбе бармегардад. Аммо аз сабаби надоштани хонаи шахсӣ хеле сарсону саргардон мешаванд. Ҳамин буд ки аввал бародараш ва пас аз хатми мактаб худи Фарид ба муҳоҷират мераванд. Фарид чун забонро хуб медонист ёфтани ҷойи кор барояш осон шуд.

Акс аз бойгонии шахсии Фарид Чакабоев

То хона нахарам барнамегардам

“Модарам бисёр ғам мехӯрданд, ки хона надорем. Ман орзуи милиса шуданро як сӯ гузоштаму ба модарам ваъда додам, ки ба муҳоҷират мераваму барояшон хона харида медиҳам, то ба ваъдаам вафо накунам барнамегардам гуфтам

Ҳам ин тавр ҳам шуд. Ману акаам кӯшиш кардем маблағ пасандоз кардему волидонамонро соҳиби хона намудем”,- мегӯяд, Фарид.

Ин ҳама мувафақиятҳо барои Фарид Чакабоев ба осонӣ ба даст наомадааст. Ӯ барои музди ночизе бори вазнин мекашонид. То ин ки тавонад маблағ пасандоз кунад, ҳатто барои хӯрок сарфакорӣ мекард. Чун Фарид ҷавони корчалону дидадаро буд, кӯшиш мекард, ки аз ҳар тараф даромади иловагӣ орад.

“Фикр мекунам, ки то инсон сарфакорӣ накунад, пеш намеравад. Ман тӯли ду сол ба пӯшидану хӯрданам аҳмият намедодам. Танҳо дар фикри кор кардану мувафақ шудан будам. Ҳоло ҳар хоста худаму оилаамро бароварда карда метавонам”, – мегӯяд ӯ.

Акс аз бойгонии шахсии Фарид Чакабоев

Миёрави арабу яҳудиҳо

“Чун ҳам забони русӣ ва ҳам тоҷикиро медонистам. Байни арабҳову яҳудиҳо миёнрав шудам. Бо кӯмаки ман онҳо маҳсулоташонро ба якдигар мефурӯхтанд ва барои корам ба ман музди хубе медоданд”, – қисса мекунад, Фарид.

Соли 2018 Фарид кори ширкати мобилиро як сӯ гузошта, маркази шиносномавӣ – визавии “Проф-Док” – ро мекушояд, ҳамчунин якчанд лоиҳаро низ сармоягузорӣ кардааст, ки аз онҳо низ даромади хубе мегирад.

Ҳоло Фарид бо аҳли оилааш дар маркази Маскав зиндагӣ мекунаду тиҷораташро пеш мебарад. Ӯ ният дорад, ки дар зодгоҳаш 10 ҳазор дарахт шинонад ва то 50 солагиаш яке аз сарватмандтарин мардони бадахшӣ шавад.

“Мехоҳам ки аз ман чизе ёдгорӣ бимонад дар ин дунё, барои ҳамин ният дорам ки дар Бадахшон 10 ҳазор дарахт шинонам, то ки барои  насли оянда аз ман ба мерос бимонад”, – мегӯяд Фарид.

Ғолиб Мараматшоев, хатмкардаи Академияи рӯзноманигори навкори Your.tj


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

1
1 point

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
6
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
3
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
1
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend