Сарояндаи тоҷики зодаи Бадахшон ки дар садама кушта шуд

“Айбро ба гардани якдигар бор мекунанд”. Ду иштирокчии садамае, ки боиси марги овозхони тоҷик шуд, боздошт шудаанд

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз боздошти ҳарду иштирокчии садамаи нақлиётие, ки дар натиҷаи он сарояндаи тоҷик Некрӯз Ниёзов ҳалок шуд, хабар дода, вале ҳуввияти онҳоро ошкор накардааст.

Дар ин бора “Азия-Плюс” иттилоъ медиҳад.

Манбаъ менависад, онҳо ба ҷуз ному насаб, ки қаблан хабар дода шуда буд, ҳуввияти гумонбаронро ифшо накарданд.

Расонаҳо хабар дода буданд, ки яке аз ронандагон – Файзулло Комёб Машраб писари ректори ДСРТ Файзулло Машраб Қурбоналӣ аст, вале Вазорати корҳои дохилӣ инро тасдиқ ё рад накардааст.

Аз Раёсат гуфтаанд, ки дар робита ба ин ҳодиса тибқи моддаи 212, қисми 2 (Вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат ва истифодаи воситаҳои нақлиёт, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги одамон мегардад) парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Дар ин модда маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то панҷ сол ва маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то се сол пешбинӣ шудааст.

“Тафтишот идома дорад, тамоми маълумот ва далелҳои зарурӣ ҷамъоварӣ карда мешаванд, то муайян кунем, ки ҳодиса бо айби кӣ рух додааст. Аз ин рӯ, ҳоло барвақт аст, касеро гунаҳкор гӯем”,- гуфтаанд мухтасар аз РВКД.

Қаблан ин ниҳод хабар дода буд, ки “ронандаи 18-сола автомашинаи тамғаи “Lexus RX350”, Файзулло Комёб Машраб, ҳангоми ҳаракат бо роҳи мошингарди кӯчаи А.Дониш, аз самти кӯчаи С.Айнӣ ба самти кӯчаи Д.Халқҳо, ба автомашинаи тамғаи “Lexus RX350”, таҳти идораи Аҳтамзода Оятулло, ронандаи 19-сола бархӯрда, ҳамзамон пиёдагарди дар канори роҳ қарор дошта, Некрӯз Ниёзовро пахш кардааст”.

Ба гуфтаи яке аз наздикони овозхони марҳум, ҳарду боздоштшуда донишҷӯёни Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон (РТСУ) будаанд. Ӯ гуфтааст, ҳоло ҳарду гумонбар талош доранд, айбро ба гардани ҳамдигар бор кунанд.

Садамаи мудҳиш шаби 21 сентябр рух дод. Некрӯз Ниёзовро ба гуфтаи шоҳидон, баъди садама як мошини такси ба беморхона бурдааст. Мутаассифона овозхон субҳи 22 сентябр дар бемористони “Шифобахш” (Қараболо) даргузашт ва рӯзи 23 сентябр дар зодгоҳаш деҳаи Возми ноҳияи Шуғнони ВМКБ ба хок супурда шуд.

Skip to toolbar