fbpx

Дар Русия лавҳаҳои тарғиботӣ ба ҷанг алайҳи Украина бо забонҳои тоҷикӣ ва узбекӣ пайдо шуданд

Бар ивази иштирок дар ҷанг "пули бисёр ва қитъаи замини бепул" ваъда мекунанд.


-1
-1 points
Даъват ба ҷанг дар Русия бо забони тоҷикиӣ ва узбекӣ
Акс аз Factcheck.tj

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва манбаъҳои хабарии русӣ акси лавҳаҳои тарғиботие паҳн шуд, ки дар он бо забонҳои тоҷикӣ ва узбекӣ ба ҷанги Русия алайҳи Украина ё ба шарҳи мақомоти Русия “амалиёти махсуси низомӣ” (СВО) даъват мекунанд.

Дар матни он тоҷикон ва узбакони Русияро ба ҷанг даъват карда, бар ивази он пули бисёр ва қитъаи бепули замин ваъда шудааст. Ҳамчунин дар зери матн рақамҳои телефон барои тамос низ навишта шудааст.

“Ба Амалиёти махсус рав – соҳиби пули бисёр ва қитъаи замини бепул шав”,- оварда шудааст дар матн.

Сомонаи Factcheck.tj, ки дурустӣ ё нодурустии факту далелҳоро тариқи тадқиқотҳои худ муайян месозад, мавҷудияти ин лавҳаи тарғиботиро тасдиқ кардааст.

“Аз маълумоти ҷамъоварда маълум мешавад, ки ин лавҳаҳо воқеан вуҷуд доранд ва бо фармони комиссариати ҳарбии шаҳри Всеволожск ва ноҳияи Всеволожски вилояти Ленингради Федератсияи Русия гузошта шудаанд. Аксҳои лавҳаҳо 20 сентябри соли 2023 гирифта шудаанд”,- менависад ин сомона.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 1,28 миллион нафар шаҳрвандони Тоҷикистон барои муҳоҷират дар Русия сабти ном шудаанд.

Аксарияти онхо барои кор омадаанд. Тибқи иттилои ғайрирасмӣ, шумори шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба Русия муҳоҷират кардаанд, шояд ба 2 миллион нафар бирасад.

Аммо мақомоти Тоҷикистон наметавонанд аз иштироки шаҳрвандони худ дар ҷанг аз ҷониби Русия ҷилавгирӣ кунанд. Ягона пешгирии онҳо ин огоҳии Вазорати корҳои хориҷӣ аз парвандаи ҷиноятӣ ба шахсони дар ҷанг иштирок мекарда аст.

“Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон тавассути намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгарии худ дар Русия пайваста шаҳрвандони моро даъват мекунад, ки аз иштирок дар амалиёти ҷангӣ худдорӣ кунанд”,- гуфт намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Your.tj.

Дар Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои иштирок дар амалиёти ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар ба муҳлати аз 12 то 20 сол ҷазои зиндон пешбинӣ шудааст.

Аммо ин масъулият ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки душаҳрвандӣ доранд ва бо шиносномаи Русия дар ин кишвар қарор доранд, дахл надорад, зеро онҳо таҳти тобеияти Федератсияи Русия қарор доранд.

Мо дар як мақола қиссаи чанде аз тоҷиконеро навишта будем, ки аз зиндонҳои Русия ба ҷанг фиристода шудаанд ё аз хатари фиристода шудан раҳо ёфтаанд. Ин ҷо хонед.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

-1
-1 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
1
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
1
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend