fbpx

Билети парвоз аз Тоҷикистон ба Қазоқистон 100% қимат шуд. Мақомот: Хабар надорем.

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои рӯз мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


1
1 point
Акс аз сомонаи tengrinews.kz

Дар Хатлон шаҳрванди Эрону дӯсти тоҷикашро ба зиндон андохтанд

Дар Тоҷикистон як шаҳрванди Эронро бо гуноҳи пошидани кислота ба рӯи як зани тоҷик ва талош барои қатли ҳамсари собиқи тоҷикаш ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум кардаанд.

Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 18-уми январ бо нашри як баёнияи расмӣ, хабар дод, ки муҳокимаи Саидҳусейн Ризвониёни 49-сола дар додгоҳи вилояти Хатлон рӯзи 8-уми январ ба поён расидааст ва додгоҳ ӯро бо гуноҳи талош барои Гулбаҳор Ашӯрзодаи 30-сола ба 17 соли зиндон маҳкум кардааст.

Додгоҳ барои ин ҷиноят дӯсти Ризвониён, Комрон Нуралиев, сокини шаҳри Кулобро ба 15 соли зиндон маҳкум кардааст. Ҳарду бояд ин муҳлатро дар зиндони низомаш сахт сипарӣ кунанд. Назари вакилони дифои ҳарду маълум нест.

Билети парвоз аз Тоҷикистон ба Қазоқистон 100% қимат шуд

Дар Тоҷикистон нархи билетҳои ҳавопаймо ба Қазоқистон якбора боло рафт. Нархи парвоз қариб 100 фоиз зиёд шуда, лекин маҳз дар хатсайрҳои ширкати ҳавопаймоии Air Astana. Мусофирон мегӯянд, айни замон он зиёда аз 8 ҳазор сомонӣ нарх дорад.

Аз Тоҷикистон ба Қазоқистон асосан шаҳрвандоне парвоз мекунанд, ки аз Русия ихроҷ шудаанд.

Дар яке аз нуқтаҳои билетфурӯшии шаҳри Душанбе тасдиқ карданд, ки моҳи ахир билетҳо ба Қазоқистон хеле гарон шуданд ва шояд ин ба шумори зиёди мусофирон (талабот) вобаста бошад.

“Айни замон ба самти Қазоқистон талабот хеле зиёд аст. Намедонам ин ба чӣ вобаста бошад, лекин нархҳо ногаҳон боло рафтанд. Масалан, дар рӯзи 20 феврал нархи билети хатсайри Душанбе-Алматои ширкати Air Astana  8 ҳазор сомонӣ ва ба самти бозпас 1 ҳазору 568 сомониро ташкил медиҳад. Аз Тошканд то Алмато бо 7 ҳазору 723 сомонӣ расидан имкон дорад”, – гуфтанд дар нуқтаи фурӯши билетҳои ҳавопаймо.

Дар ҳамин ҳол, дар нуқтаи расмии билетфурӯшии Somon Air хабар доданд, ки онҳо моҳи феврал  парвоз дар нақша надошта, билети хатсайри рӯзи 2 март ба Алмато пешбинишуда 5 ҳазору 291 сомониро ташкил медиҳад.

“Билети хатсайри Душане-Алмато дар рӯзи 9 март 5 ҳазору 91 сомонӣ ва бозпас аз он ҷо 1 ҳазору 275 сомонӣ нарх дорад”, – гуфтанд дар ин нуқта.

Дар ҳамин ҳол, дар Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” дар ин робита хабар доданд, ки аз болоравии нархи билетҳо ба Қазоқистон огаҳӣ надоранд.

“Агар дар рафти санҷиш тасдиқ шавад, ки нархи билетҳои ҳавопаймо боло рафтааст, ҳатман барои поин бурдани он чора хоҳем андешид”, – изҳор намуданд дар Агентӣ.

Геологҳои тоҷик тавсия додаанд, даҳҳо оила ба ҷойи амн кӯч дода шаванд

Як таҳқиқоти геологӣ дар Тоҷикистон 51 мавзеи хатарнок барои зиндагиро ошкор кардааст ва бояд хонаводаҳо ба ҷойҳои амн кӯч дода шавад. Ин пажӯҳиш дар 886 ноҳияву деҳа ва маҳаллаҳои кишвар гузаронида шудааст.

Масъулини саридораи геологияи Тоҷикистон мегӯянд, маконҳои хатарнок бештар аз ҳама дар ноҳияи Масчоҳи куҳӣ ошкор шудаанд. Муттахассисон ҳушдор додаад, ки аз 18 мавзеи ин ноҳия бояд 94 оила кучонида шавад. Соли гузашта ба ҳамин далел 375 оила дар Вилояти Хатлону Суғд ва Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон аз маҳалҳои зисти худ кучонида шуда буданд.

Дар маҷмӯъ дар Тоҷикистон беш аз 1000 мавзеҳои хатарнок барои зиндагӣ сабт шудаанд. Дар нисфе аз онҳо хатари сар задани офатҳои табиӣ ва ҳолатҳои фавқулода хеле зиёд аст.

Ба 14 сол ҷазои “Хӯҷа-командир” боз 7 соли дигар илова шуд

Суди олии Тоҷикистон тибқи парвандаи нав нисбати собиқ фармондеҳи саҳроии Фронти халқии Тоҷикистон Хӯҷа Каримов, ки бештар бо номи “Хӯҷа-командир” маъруф аст, ҳукм содир кард, хабар медиҳад Радиои Озодӣ.

Моҳи марти соли 2021 ӯ ба 14 соли зиндони низомаш шадид маҳкум шуда буд. Бо истинод ба Прокуратураи генералии Тоҷикистон Радиои Озодӣ рӯзи 18 феврал хабар медиҳад, ки ҳукм ду рӯз пеш эълон шудааст.

Гуфта мешавад, акнун бо назардошти ҳукми пешинаш, муҳлати ҳукми ӯ дар маҷмӯъ 21 солро ташкил медиҳад.

Вокуниши худи Хӯҷа-командир ва хонаводааш ба ҳукми нави додгоҳ то ҳол маълум нест.

Арзиши сӯзишворӣ дар Душанбе рӯ ба пойин аст, газу бензин арзонтар шуданд

Пас аз авҷи болоравии нархи сӯзишворӣ дар Душанбе дар моҳи ноябри соли гузашта айни замон дар нуқтаҳои фурӯш он бо нишондиҳандаҳои дурақама поин меравад.

Нархи чакана ба бензини “навъи маъмулӣ” миёни мардум (АИ-92) аз даҳаи дуюми моҳи ноябри соли гузашта то имрӯз ба андозаи 11,5%, сӯзишвории диделӣ (солярка) – 11,3% ва гази моеъ – 13,3% поин рафт.

Айни замон 1 литр бензин дар нуқтаҳои фурӯши пойтахт 10 сомонӣ, сӯзишвории дизелӣ – 10,20 сомонӣ ва гази моеъ – 6,50 сомонӣ нарх доранд.

Аввали даҳаи дуюми моҳи ноябри соли 2021 замоне, ки нархҳо баъди афзоиши бесобиқа аз оғози сол ба авҷи худ расиданд, арзиши 1 литр бензин дар Душанбе 11,30 сомонӣ, сӯзишвории дизелӣ – 11,50 сомонӣ ва гази моеъ – 7,50 сомониро ташкил медод.

Як шаҳрванди Русияро дар Тоҷикистон ба 28 соли зиндон маҳкум карданд

Додгоҳе дар Тоҷикистон як шаҳрванди Русияро ба 28 соли зиндон маҳкум кард. Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 17-уми феврал бо нашри як баёния дар сомонаи расмиаш дар ин бора хабар додааст.

Сергей Проскуряков, ки ба таҷовуз ва куштори як кӯдаки 6-сола гунаҳкор дониста шудааст, дар маҳбаси дорои низомаш сахт адои ҷазо хоҳад кард. Бино ба иттилои ин ниҳод, шаҳрванди Русия, Сергей Проскуряков, ки дар ноҳияи Дӯстии Вилояти Хатлон зиндагӣ мекардааст, моҳи сентябри соли гузашта, дар ҳолати мастӣ кӯдаки хурдсолеро бо роҳи фиреб ва қасди таҷовуз ба ҷойи беодам бурда, баъди озору азияти ҷинсӣ ӯро аз фишурдани гулӯ ва бастани роҳи нафасаш ба қатл мерасонад.

Додситонии ноҳияи Дӯстии Вилояти Хатлон Сергей Проскуряковро ба одамкушӣ бо бераҳмии хос ва таҷовузи ноболиғ муттаҳам мекард. Ҳукми шаҳрванди Русияро охири моҳи декабр додгоҳи вилояти Хатлон эълон кард ва натиҷаи он ахиран дастрас шуд. Назари вакили дифои шаҳрванди Русияро маълум нест.

Барои кадом моли Тоҷикистон дар бозори хориҷ “ҷанг” аст?

Дар соли 2021 аз Тоҷикистон аз ҳама бештар ашёи хом содирот шудааст. Аз маҳсулоти ба хориҷ фиристода ҷумҳурӣ зиёда аз 2 миллиард доллар ба даст овардааст.

Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон мегӯяд, ин баландтарин нишондод дар таърихи истиқлоли кишвар аст.

Барои муқоиса, соли 2020 ҳаҷми содирот 740 миллион доллар арзёбӣ шуда буд. Металлҳои қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо ба маъруфтарин моли тоҷикон табдил ёфтанд.

Онҳо қариб 40 фоизи экспорти ашёи хомро ташкил медоданд. Дар ҷои дуюм маъданҳо ва консентратҳо (16%), пахта (9,5%) ва алюминий (6%) дар ҷои сеюм қарор доранд.

Ғайр аз ин Тоҷикистон ба мамлакатҳои дигар 4,5 фоиз қувваи барқ, 4 фоиз сурма, 2 фоиз семент, 1,7 фоиз сабзавоту мева фиристод. Кишвар аз ҳама камтар металли сиёҳ (1 фоиз) ва либос (0,9 фоиз) содир кардааст.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

1
1 point

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend