fbpx

Муҳаммадюсуф Имомзода аз вазифаи вазири маориф барканор шуд

Имомзодаро дар ин вазифа Саидзода Раҳимҷон Ҳамро ректории филиали Донишгоҳи миллии тадқиқоти технологии Маскав дар Душанбе.


-1
-1 points

Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистонро аз мақомаш барканор карданд, дар ин бора ба Your.tj як манбаъ аз вазоратb маориф хабар дод.

Ҳамчунин “Азия-Плюс”  низ бо такя ба мабаи худ дар ҳукумати Тоҷикистон менависад, ки, фармони барканории Имомзода, субҳи имрӯз аз сӯйи раисҷумҳури Тоҷикистон ба имзо расидааст. Аммо дар ин бора дар сомонаи президент то ҳол иттилоъе нашр нашудааст.

Аз табрикоти истифодабарандагони шабакаҳои  иҷтимоӣ бар меояд, ки ба ҷои Имомзода, Саидзода Раҳимҷон Ҳамро ректори филиали Донишгоҳи миллии тадқиқоти технологии Маскав дар Душанбе вазири нави маорф таъин шудааст.

Акс аз бойгонии шахсии Саидзода Раҳимҷон Ҳамро

Барканории Имомзодаро аз мақоми вазири маориф пас аз интиқоди шадид президент Эмомалӣ Раҳмон дар паёми рӯзи 21-уми декабри соли 2021 ба Маҷлиси Олӣ ҳадс мезаданд.

Президент дар паём, низоми таҳсил дар кишвар ва сатҳи забономӯзиро сахт танқид карда буд.

Муҳаммадюсуф Имомзода, дар нишасти матбуотии рӯзи 3 феврал интиқодҳои Эмомалӣ Раҳмонро нисбат ба сифати таҳсил дар ҷумҳурӣ қаблу  кардаву гуфта буд, ки он эродҳои ҷиддие, ки аз ҷониби президент гирифта шуданд, воқеиву дурустанд ва онҳо аз пайи ислоҳаш ҳастанд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

-1
-1 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
1
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend