латукӯби духтараки хурдсол аз ҷониби модар дар Хуҷанд

Адолат барпо мешавад? Суди олӣ ҳукми суди шаҳри Ҳисорро дар қазияи таҷовузи ноболиғ бекор кард

Имрӯз, 12 январ Суди олии Тоҷикистон қарори Суди шаҳри Ҳисорро оиди парвандаи таҷовузи духтараки 12 сола бекор кард, хабар дод ба Your.tj як манбаи наздик ба оилаи ҷабрдида.

“Суди олӣ аризаи шикоятии моро ба инобат гирифта, имрӯз, 12-уми январ оиди бекор намудани ҳукми Суди шаҳри Ҳисор вобаста ба парвандаи  таҷовузи духтараки 12 сола, қарор қабул кард. Айни ҳол парвандаро барои тадқиқоти такрорӣ ба додситонии Ҳисор фиристоданд”, – иброз дошт  манбаъ.

Манбаъ афзуд, ки онҳо умедворанд, ки адолати судӣ барқарор мешавад.

Ёдовар мешавем, ки суди шаҳри Ҳисор 9 декабри соли 2020, нисбати Ҳусниддин Адуллоеви 42 сола ки дар таҷовузи духтари 12 солаи холааш гунаҳгор дониста мешуд, ҳукм содир намуд. Мурофиаи судӣ паси дарҳои баста сурат гирифт. Дар натиҷа додгоҳ Ҳусниддин Абдуллоевро тибқи моддаи 141 б.1  КҶ ҶТ ба 5 соли зиндон маҳкум намуда, юаъдан худи ҳамон замон тибқи қонуни авф аз толори суд озод кард.

Адвокати ҷабрдида, ба ҳукми баровардаи додситон розӣ нашуда ба Суди олӣ аризаи шикоятӣ навишт.

Пас аз ҳукми содир намудаи Суди шаҳри Ҳисор, дар шабакаҳои иҷтимоӣ сару садоҳое зиёде оиди  ноадолатии судя пайдо шуд.

Ҳукмро додраси додгоҳи Ҳисор Саидаҳмад Усмонзода содир намуда буд.

Журналисти Your. Tj чанде пеш барои муайян кардани асли воқеа ба шаҳри Ҳисор ба хонаи духтараки ҷабрдида рафт.

Ин ҳодиса соли 2019 пас аз оне ки модари духтар аз ҳомила буданаш огоҳ мешавад, расонаӣ мешавад. Фарзанди таввалуд намудаи духтарак алакай 7 моҳа буда, айни ҳол ба онҳо ташкилотҳои ҷамъиятӣ кӯмак мерасонанд.

Ба гуфтаи волидони духтар пас аз муроҷиатҳои бе натиҷа ба мақомотҳои дахлдор, онҳо маҷбур мешаванд, ки ба расонаҳо муроҷиат кунанд. Модари духтар гуфта буд, агар ҷинояткор, ки ҷиянаш мешавад, духтарро ба занӣ мегирифт онҳо ба суд муроҷиат намекарданд. Аммо тарафи гунаҳкор духтаракро бероҳа гуфта, хости онҳоро қабул накарданд.

Муфассали қазияи мазкурро дар бахши русии сомонаи мо мутолиа намоед.

Skip to toolbar