fbpx

Пешбинии вазири тандурустӣ: Коронавирус то тобистон дар Тоҷикистон нест мешавад

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои Тоҷикистон мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


0
Вазири тандурустӣ

Талабот ба хариди хона дар Душанбе кам шудааст

Нархи манзил дар кишвар аз аввали соли гузашта амалан бетағйир боқӣ мондааст. Қайд мешавад, ки кохиш ёфтани талабот ба манзил ба кам шудани интиқоли пул аз ҷониби муҳоҷирони меҳнатӣ, ки харидори асосӣ буданд, рабт дорад.

Нархи мӯътадил на танҳо дар бозори дуввуми манзил, балки дар биноҳои нав низ ба назар мерасад. Агар дар аввали соли гузашта арзиши як метри мураббаъ дар биноҳои нав, вобаста ба ноҳия, ба ҳисоби миёна аз 450 то 800 долларро ташкил медод, пас ин рақамҳо то ҳол бетағйир боқӣ мондаанд. Дар канори Душанбе арзиши як хонаи якҳуҷрагӣ ба ҳисоби миёна 23 ҳазор долларро ташкил медиҳад. Тибқи маълумоти оморӣ, дар зарфи ёздаҳ моҳи соли гузашта зиёда аз 1 миллиону 66,5 ҳазор метри мураббаъ манзилхои истиқоматӣ ба истифода дода шудааст.

Театри Маяковский тамошобинонро даъват мекунад

Театри драмавии русӣ ба номи Владимир Маяковский дар моҳи ҷорӣ чанд нахустнамоишхоро пешниҳод мекунад. 16 январ соати 16:00 театр тамошобинонро ба намоиши “Шабе дар театр” даъват мекунад. Намоиш се ҳикояи маъруфи Чеховро дар бар мегирад. Намоишро коргардон Хуршед Мустафоев ба саҳна гузоштааст.

Ҳамчунин 17 январ намоишномаи бачагона “Доно ва дӯстони ӯ” -ро Римма Уланова ба саҳна мегузорад. “Ҳоло мо ба мактабҳо ва ноҳияҳо сафар карда истодаем”,- мегӯяд муовини директори театр Гулнора Ахмедова. Театри драмавии русӣ намоишҳои худро дар саҳнаи хурди Театри давлатии академии ба номи А.Лоҳутӣ намоиш медиҳад.

Ҷамолиддин Абдуллозода: коронавирус то тобистон дар Тоҷикистон нест мешавад

Вазири тандурустии Тоҷикистон омилҳои асосиеро номбар кард, ки боис ба коҳиш ёфтани маризии сироятии коронавирус дар кишвар гардиданд.

Ҷамолиддин Абдуллозода вазири тандурустии Тоҷикистон дар мусоҳиба бо агентии “Ховар” изҳор доштааст, ки дар Тоҷикистон сироятиёбӣ ба COVID – 19 метавонад дар соли ҷорӣ коҳиш ёбад.

Ба боварии ӯ ин маризӣ дар Тоҷикистон то авоили фасли тобистон шояд тамоман нест шавад. Зимнан, Абдуллозода омилҳоеро номбар кард, ки роҳи паҳншавии даҳшатбори ин маризиро дар Тоҷикистон боздоштанд.

Омили асосӣ дар пешгирӣ кардан аз авҷи ин беморӣ ин ба карантин фаро гирифтани шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои хориҷ ба мамлакат ворид шудаанд, ба ҳисоб меравад.

“Омили дигаре, ки ба коҳиш ёфтани шумораи гирифторони бемории коронавирус дар кишвар сабаб гардид, қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқоли минбаъдаи он Тоҷикистон мебошад”, – мегӯяд Абдуллозода.

Зимнан, манъ шудани баргузории ҳама гуна чорабиниҳои тантанавӣ, аз ҷумла ташкили арчаи солинавӣ, чорабиниҳои фарҳангии оммавӣ, нишастҳои ҷашнӣ, шабнишиниҳо ва дигар чорабиниҳои оммавӣ аз сабабҳои дигари коҳиш ёфтани коронавирус дар Тоҷикистон мебошад.

Агентии обуҳавошиносӣ ба формати 3D мегузарад

Агентии обухавошиноси барои пешгӯии обу ҳаво ба формати нави пахши 3D мегузарад. Тибқи иттилои Кумитаи ҳифзи муҳити зист, пешгӯӣ дар формати нав дар шабакаи телевизионии Тоҷикистон пахш шуда, инчунин дар вебсайти расмӣ ва шабакаҳои иҷтимоии Кумита ва Агентии обухавошиноси бо забони давлатӣ нашр мешавад.

Пешгӯиҳои ҳаррӯза то соати 18:00 нашр карда мешаванд. Инчунин, Агентии обуҳавошиносӣ сокинони кишварро аз падидаҳои хатарнок ва табиӣ пешакӣ огоҳ мекунад.

Дар Панҷакент муҷассамаи 14-метрии китоб месозанд

Шаҳрдории Панҷакент ба нақша гирифтааст, ки дар маркази шаҳр мучассамаи 14 метри бо номи “Рамзи китоб” насб кунад, хабар медиҳад хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд. Он аз 5 сутунпоя иборат хохад буд. Дар муҷассама мониторҳои электронӣ насб карда мешаванд, ки тавассути он сокинон ва меҳмонони шаҳр метавонанд ашъори доимо такмилёфтаи намояндагони назми муосир ва классикиро бихонанд.

Инчунин шаҳрдории Панҷакент аз аҳолӣ даъват кардааст, ки андешаи худро оид ба такмили лоиҳаи муҷассамаи “Рамзи китоб” баён кунанд.

Раҳмон умедвор аст, равобит бо Қирғизистон “сатҳи сифатан нав” касб мекунад

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Содир Ҷабборовро бо пирӯзӣ дар интихоботи президентии Қирғизистон табрик кард. Дар барқияе, ки матнаш 12-уми январ дар вебсайти раиси ҷумҳурии Тоҷикистон нашр шуд, натиҷаҳои интихоботи Қирғизистон ҳамчун “далели ҷонибдории васеи ҷомеа” ситоиш шудааст. Эмомалӣ Раҳмон изҳори умедворӣ кардааст, ки равобити ду ҳамсоякишвар “ба сатҳи сифатан нав” мебарояд.

Баъди ҳисоби тахминан тамоми баргаҳо Комиссиюни марказии интихоботҳо гуфт, ки Ҷабборов 79,2 дарсади овозҳоро бурда ғолиби интихоботи президентӣ эълон шудааст.

Тоҷикистону Қирғизистон бо ҳам беш аз 976 км марзи муштарак доранд, вале ҳалношуда мондани мақоми 504 км сарҳад ба яке аз мушкилоти ҷиддии миёни ду ҳамсоя табдил шудааст.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend