fbpx

Чунин ҳам мешудааст: Шӯрои уламо 50 занро ба ҷойи шавҳаронашон талоқ дод

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои Тоҷикистон мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


-3
-3 points
Акси Нозим Каландаров

Даргузашти овозхони саршинос Қурбоналӣ Абдуллоев

Бино ба хабарҳои дарёфтӣ Қурбоналӣ Абдуллоев, овозхонаи пуровоза ва Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон бар асари беморие, ки дошт чанд лаҳза пеш даргузаштааст. Дар ин бора баъзе аз нафарони наздик ба ҳунарманд дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар додаанд.

Бархе аз расонаҳо бо такя ба манбаъҳои худ гуфтаанд, ки овозхон чанд вақти ахир дар Беморхонаи сироятӣ, воқеъ дар маҳаллаи 102-юми шаҳри Душанбе, бистарӣ буд. Дар моҳи декабр бисёре аз корбарони шабакаи Фейсбук навишта буданд, ки ҳунарманд дар беморхона бо бемории ковид даст ба гиребон аст.

То кунун далели марги Қурбоналӣ Абдуллоев расман гуфта нашудааст. Вале Беморхонаи бемориҳои сироятии Душанбе ҳоло ягона беморхона дар Душанбе аст, ки дар он беморони гирифтори коронавирус ва илтиҳоби шуш бистарӣ карда мешаванд.

Шӯрои уламо 50 занро ба ҷойи шавҳаронашон талоқ дод

Шӯрои уламои Маркази исломӣ Тоҷикистон, ягона ниҳоди содиркунандаи фатво дар кишвар мебошад, ки дар соли 2020 ҳудуди 50 зани тоҷикро ба ҷойи шавҳарошон хатти талоқ додааст.

Аз Маркази исломии Тоҷикистон хабар додаанд, ки инҳо занҳое мебошанд, ки солҳои тӯлонӣ шавҳаронашон бо онҳо зиндагии якҷоя надошта, ба онҳо дар тамос нашуданд ва аз ҷиҳати молӣ низ ёрдам накарданд.

Шӯрои уламо мегӯяд, ки ин занҳо қонунан, мувофиқи қонунгузории Тоҷикистон ҳам аз ҳамсарони худ ҷудо шуда будаанд, вале шавҳаронашон ба далелҳои гуногуне аз додани талоқи мусалмонӣ худдорӣ кардаанд.

Шӯрои уламо далели додани хатти талоқ ба ин занҳоро ба он марбут медонад, ки бе талоқи шаръӣ роҳи зан барои зиндагии минбаъдаи баста аст. Аксари ин занҳо ҳам гуфтаанд, ки барои худ номзадҳои нав ёфтаанд, вале ба далели надоштани талоқ наметавонанд зиндагии навро оғоз кунанд.

Сокини Душанбе барои хона ва мағоза 104 ҳазор доллар дода, вале чизе насибаш нашуд

Сокини 45-солаи Душанбе ба қаллобӣ гумонбар дониста мешавад. Ӯ аз дигар сокини пойтахт 145 ҳазор доллар пул гирифта, ба ӯ дар дар бинои нав хонаҳо ва мағоза ваъда мекунад.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, ҷабрдида ба ШВКД-2 ноҳияи Синои шаҳри Душанбе муроҷиат карда, изҳор мекунад, ки моҳи майи соли 2018, дар назди хонаи истиқоматиаш марди 43-солаи сокини ҳамин ноҳия бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 104 ҳазор доллари амрикоиро гирифта ваъда додааст, ки дар кӯчаи Меҳнати шаҳри Душанбе, 2-адад хонаҳои дуҳуҷрагӣ ва як нуқтаи савдо гирифта медиҳад.

Гуфта мешавад, бо гузашти беш аз 2 сол ҷабрдида на хона гирифтаасту на пулашро баргардонидаанд. Гумонбар маблағҳои гирифтаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.

Пирӯзии сеюми пайдарпайи Баҳодур Усмонов дар бокси касбӣ

Муштзани тоҷик Баҳодур Усмонов дар як муддати кӯтоҳ дар мусобиқаҳои бокси касбӣ се қувваозмоӣ гузаронида, дар ҳарсеяш дастболо шуд.

Аз ҷумла, дар доираи мусобиқаи “Матч! Боец” дар Сочи Баҳодур Усмонов ҳарифи худ аз Русия Гусейн Магомедовро бо бартарии том мағлуб намуд. Онҳо дар вазни 64 кило ҳунарнамоӣ карда, ин қувваозмоии сеюми Усмонов дар мусобиқаҳои бокси касбӣ маҳсуб меёбад.

Охири моҳи декабр Баҳодур Усмонов дар қувваозмоии аввал дар муштзании касбӣ дар Маскав бар русиягӣ Вилдан Минасов ғолиб омада, дар қувваозмоии дуюм дар Сочи Амир Басировро шикаст дода буд.

Аз ҳаққи падариву модарӣ маҳрум мешаванд: ҷазои нав барои даллагӣ ва ташкили фоҳишахонаҳо

Тағйироту иловаҳо ба Кодекси оилаи кишвар ба парлумони ҷумҳурӣ пешниҳод шуд.

Дар сурати пазируфта шудани тағйирот аз ҷониби парлумон дар Тоҷикистон шахсоне, ки аз ҷониби суд дар содир намудани амалҳои шаҳвонӣ нисбати ноболиғон айбдор дониста мешаванд, инчунин ташкилкунандагони фоҳишахонаҳо ва даллаҳо (миёнаравон) дар ин амал аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум шуда метавонанд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз парлумон.

Дар тағйирот қоидаҳои нав барои касоне, ки мехоҳанд кӯдакони ятим ва маъюбонро ихтиёрӣ муваққатан ба сифати меҳмон қабул кунанд, низ муқаррар карда мешавад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

-3
-3 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
3
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
1
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend