Ҳунарманди маъруфи эстрадаи тоҷик Хурмо Ширинова бидуни шубҳа осори боқӣ дар таърихи мусиқии тоҷик гузоштааст. Ӯ на танҳо сарояндаи машҳур, балки таҷассумгари зиндаи анъанаҳои мусиқии миллӣ ба шумор мерафт.
Хурмо Ширинова соли 1998 аз олам чашм пӯшид ва аз худ як силсила сурудҳои нотамом ва мероси гаронбаҳоеро боқӣ гузошт.
Аммо роҳи ҳаётие, ки ӯ оғоз карда буд, имрӯз аз ҷониби бародарзодааш идома меёбад – духтаре, ки ду сол пас аз вафоти ӯ таваллуд шуд ва номи ӯро низ Хурмо гузоштан. Ин ҳамноми овозхони маъруф на танҳо масъулияти зинда нигоҳ доштани сурудҳои аммаашро бар дӯш гирифт, балки бо ҳифз ва такмили сабки нодири ӯ ба як чеҳраи дурахшони мусиқии муосири тоҷик табдил ёфт.
Посмотреть эту публикацию в Instagram
Хурмо дар суҳбат бо Your.tj дар бораи роҳи эҷод, аҳамияти сарояндагӣ барои ӯ ва муҳимияти идомаи кори аммааш гуфт.
Мусиқӣ – забони рӯҳ
Хурмо аз кӯдакӣ дар муҳити мусиқии хонаводагӣ ба камол расидааст. Ӯ дар чорабиниҳои мактабӣ фаъолона иштирок мекард ва маҳорати овозхонии худро рушд медод.
“Ҳамеша эҳсос мекардам, ки мусиқӣ роҳи ман аст, на танҳо роҳи ман, балки роҳи тамоми хонадонамон. Эҷодиёти аммаам ҳамеша маро илҳом мебахшид, ва эҳсос мекардам, ки сурудҳои ӯ бояд ҳамеша садо диҳанд”,- нақл мекунад қаҳрамони мо.
Хурмо ба факултети технология ва дизайни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дохил шуд, вале муҳаббаташ ба мусиқӣ кам нашуд.
Посмотреть эту публикацию в Instagram
Ӯ дарк мекард, ки бояд кори бештареро анҷом диҳад, то ин санъатро ба наслҳои оянда бирасонад.
Баъдан Хурмо ба Москва кӯчид ва мусиқӣ дубора ба қисми ҷудонашавандаи зиндагиаш табдил ёфт. Ӯ ба омӯзиши эҷодиёти аммааш вақти бештар пайдо кард.
“Маҳз тавассути мусиқӣ тавонистам мероси аммаамро амиқтар дарк кунам, бо одамони нав шинос шавам ва санъати ӯро ба наслҳои дигар интиқол диҳам”,- мегӯяд ӯ.
Душвориҳо дар роҳи ҳифзи мерос
Барқарорсозии сурудҳои Хурмо Ширинова ба ӯ осон даст надод. Яке аз мушкилиҳои асосӣ мутобиқсозии онҳо ба завқи шунавандаи имрӯза бо ҳифзи асолати сурудҳо мебошад.
Ҳамчунин, ҷустуҷӯи сабтҳои аслӣ ва нотаҳои мусиқии ӯ низ ба як монеаи ҷиддӣ табдил ёфт. Бо вуҷуди ин, Хурмо таслим намешавад.
Ӯ бо навозандагон ҳамкорӣ мекунад, бойгониҳоро меомӯзад ва талош мекунад, то руҳи санъати аммаашро то ҳадди имкон дақиқ эҳё намояд.
Ин кӯшишҳояш, махсусан дар клипи ӯ ба суруди “Ману Дарё” – яке аз шоҳкориҳои машҳури аммааш таҷассум ёфтаанд.
Ин сурудро Хурмо ба хотири аммааш иҷро кард ва он ба лаҳзаи ҳассосу муҳими фаъолияти ҳунарии ӯ табдил ёфт.
Дар клип ӯ на танҳо месарояд, балки ба мероси аммааш арҷ мегузорад ва бинандаро ба фазои муҳаббат, мусиқӣ ва ёдҳо мебарад.
“Ифтихор дорам, ки кори ӯро идома медиҳам. Барои ман ин танҳо як карераи сарояндагӣ нест, балки вазифаи бузург аст. Ин масъулияти бузург ва шараф аст”,- иқрор шуд Хурмо.
“Мехоҳам мусиқии ӯ бо забони имрӯз садо диҳад, вале аслу рӯҳияи худро гум накунад, то насли нав битавонанд рӯҳу тавони ӯро эҳсос намояд”,- афзуд Хурмо.
Ҳар боре, ки сурудҳои аммаашро иҷро мекунад, Хурмо лабрези эҳсос мешавад. Ӯ мегӯяд, дар ин гуна лаҳзаҳо эҳсос мекунад, ки аммааш наздик аст.
“Вақте сурудҳои ӯро месароям, эҳсос менамоям, ки аммаам бо ман ифтихор мекунад. Фикр мекунам, ки ӯ овоз ва мусиқии маро мешунавад ва бовар дорам, ки маро дастгирӣ мекард.
Ин эҳсосро бо сухан баён кардан номумкин аст, вале мусиқӣ ҳамеша ба ман кӯмак мекунад, то ҳузури ӯро эҳсос намоям”,- нақл мекунад Хурмо.
Посмотреть эту публикацию в Instagram
Ояндаи сарояндагӣ ва лоиҳаҳои нав
Бо вуҷуди тамоми мушкилиҳо, Хурмо ба оянда бо иродаи қавӣ ва умеди зиёд менигарад. Ӯ ният дорад як албоми наверо бо иҷрои нави сурудҳои аммааш барорад. Инчунин баргузории консертҳо ва як лоиҳаи мустанад дар бораи зиндагии Хурмо Шириноваро низ дар нақша дорад.
Ин овозхон ҳамчунин орзу дорад, ки як бунёд (фонд)-и махсусро барои дастгирии сарояндагони ҷавоне, ки аз эҷодиёти аммааш илҳом мегиранд, ба роҳ монад.
“Ҳадафи ман – ҳифзи мусиқии ӯ, интиқоли он ба наслҳои нав ва илҳомбахшии овозхонҳои ҷавон аст. Мехоҳам сурудҳои ӯ ҳамеша садо диҳанд, дар саҳнаҳои нав ва дар қалби мардум акси садо ёбанд”,- хулоса кард Хурмо.
Фирӯза Наврӯзова
Тарҷума аз русӣ, матни аслӣ дар ин ҷо