fbpx

Аз ҷаҳиши якбораи нархи бензин то нархи эҳтимолии хидмати ҳарбӣ. Муҳимтарин хабарҳои рӯз

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои Тоҷикистон мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


1
1 point
Акс аз сомонаи Спутник Тоҷикистон

Ҷаҳиши якбораи нархи бензин дар Тоҷикистон

Арзиши бензин ва сӯзишвории дизелӣ дар Тоҷикистон тайи як рӯзи ахир якбора боз боло рафт

Бино ба нархномае, ки ахиран ширкатҳои фурӯши сӯзишворӣ пешниҳод кардаанд, қимати бензин ва сӯзишвории дизелӣ дар кишвар наздики 1 сомонӣ афзоиш ёфтааст. Бар асоси нишондоди нуқтаҳои фуруши бензин барои 1 литр сӯзишвории навъи 92 дар Хуҷанду Душанбе 7 сомонию 80 дирам ва барои тамғаи 95 бошад 8 сомони 10 дирам медиҳанд.

Ин нишондод дар ҳолест, ки аз аввали соли ҷорӣ, як литр бензин дар ҷумҳурӣ вобаста ба тамға ва минтақаи 5,80-6,90 сомонӣ арзиш дошт.

Як манбаи Sputnik Тоҷикистон гуфтааст, болоравии нархи маводи сухт ин ба маҳдудияти воридот аз Қирғизистон аст.

“Ҳукумати Қирғизистон қарор қабул кард, ки маводи сухт ба хориҷа содир нашавад. Мақомти қудратии он кишвар дидбонгоҳҳоро сахт назорат мекунанд ва ҳамзамон ба шикори қочоқчиён пардохтаанд, ки на ҳар кас дар чунин вазъ тавакал мекунад”.

Ба гуфтаи ӯ, тариқи қонунӣ ба кишвар аз Қирғизистон кам ворид мешуд, аммо аксар маводи сухт аз ин кишвар тариқи пинҳон ворид мегашт.

Раҳбари Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон қаблан дар бораи болоравии қиммати сузишворӣ гуфта буд, ки болоравии он ба Русия, ки воридкунандаи асосӣ аст, рабт дорад. Ба гуфти ӯ дар соли 2020 дар Русия 26 фисад боло рафта буд.

Google ҳам дар Тоҷикистон ҳамчун андозсупоранда ба қайд гирифта шуд

Кумитаи андоз иттилоъ медиҳад, ки 3 март, ширкати бузурги онлайнии Google дар ин ниҳод ҳамчун супорандаи андоз аз хизматрасониҳои электронӣ, ки аз ҷониби шахсони хориҷӣ анҷом дода мешаванд, ба қайд гирифта шуд.

Ин ниҳод мегӯяд, қонуне, ки тибқи он шахсони хориҷӣ аз хизматрасониҳои электронӣ бояд ба буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон андоз аз арзиши иловашуда пардохт кунанд, 17 декабри соли 2020 қабул карда шуд.

Кумитаи андоз инчунин қайд менамояд, ки ба ғайр аз ширкатҳои бузурги Google ва Facebook, чунин ташкилотҳои хориҷӣ, ба монанди Doodle inc, Novatech IT ltd ва Xsolla (USA) Inc ба қайд гирифта шудаанд, ва барои бақайдгирии субъектҳои хориҷии дигар Кумита бо намояндагони Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (ОЭСР) ва ширкатҳои интернетӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида истодааст.

Тасмими андозбандӣ кардани “Google” аз сӯи раҳбарияти Кумитаи андоз дар Тоҷикистон ҳануз аз соли 2015 пешниҳод шуда буд.

Дар Тоҷикистон барои занони ҳомила ҳуҷраҳои “хушунат” таъсис додаанд

Дар Тоҷикистон барои занони ҳомилае, ки аз  ҷониби шавҳар ё хонаводаашон мавриди озору азият қарор мегиранд дар шуъбаҳои таваллудхонаҳои бемористонҳои кишвар  ҳуҷраи «хушунат» таъсис дода мешавад.

Зулфия Абдусамадзода, муовини вазири тандурустӣ гуфт,  ҳарчанд ин шуъбаҳо дар беморхонаҳои озмоишӣ, аз ҷумла дар бемористони «Истиқлол»-и пойтахт, беморхонаи Бохтар, Левакант ва ноҳияи Хуросон вуҷуд доранд, вале иловатан бояд дар шуъбаҳои таваллудхонаҳо низ ҳуҷраҳои «хушунат» таъсис дода шаванд, чун эҳтиёҷ ба онҳо дар ин шуъба вуҷуд дорад».

Ҳуҷраҳои «хушунат», ки ҳоло дар бархе аз беморхонаҳо фаъол шудаанд  бо ҳимояти ҳукумат ва  созмонҳои байналмилалӣ омода ва таъсис дода шудаанд.

Муштзани тоҷик дар Амрико барои рейтинг мубориза мебарад

Муштзани касбӣ Меҳрубон Сангинов аз рӯи рейтинги Ассотсиатсияи ҷаҳонии бокс ба 10 – гонаи муштзани беҳтарин шомил шуд. Рейтинги ӯ пас аз пирӯзии ахираш бар муштзани амрикои боло рафт.

Ҳоло Меҳрубон дар Амрико ба муборизаи навбатии рейтингӣ бо Мигел Анхел Суареси аргентинӣ, ки 6 март дар Майами баргузор мешавад, омодагӣ мебинад. Ба гуфтаи худи Меҳрубон, ҳадафи асосии ӯ ба даст овардани камарбанди қаҳрамонии WBA мебошад, ки ҳоло ба муштзани амрикои Ҷермелл Чарло тааллуқ дорад.

28 ҳазор сомонӣ: нархи хидмати аскарӣ маълум шуд?

Айни хол дар кишвар ҳаҷми ниҳоии маблағ барои хидматчиёни эҳтиётӣ муҳокима шуда истодааст. Имрӯз он  25 ҳазор сомонӣ муайян шудааст, хабар додааст ба Азия-Плюс як манбаъ аз бахши низомии ҳукумати кишвар. “Вале ин маблағ ҳадди ниҳоӣ нест ва то охири моҳи март дар ин маврид ҳукумати Тоҷикистон қарор қабул мекунад”,- гуфтааси манбаъ.

Дар вазорати дифоъи кишвар гуфтаанд, ин масъала дар марҳилаи муҳокима карор дорад. Он то охири моҳи ҷорӣ дар як нишасти матбуотӣ расман эълон хоҳад шуд.

Фурудгоҳи Внуково: парвозҳо бо Тоҷикистон то моҳҳои апрел-май барқарор мешавад

Фурудгоҳи Внуково интизор аст, ки парвозҳо ба як қатор самтҳоро моҳҳои апрел-май аз сар гирад. Пеш аз ҳама, ҳаракати ҳавоӣ бо Тоҷикистон ва Ӯзбакистон барқарор карда мешавад, гуфт роҳбари шӯрои директорон Виталий Вантсев, хабар медиҳад ТАСС.

“Вазъи эпидемиологӣ дар он ҷо нисбат ба мо хеле беҳтар аст. Ин бозорҳои хеле калон ва манфиатоваранд “гуфтааст Вантсев ва таъкид кард, дар назар аст, ки Внуково парвозхоро пурра то тирамох баркарор кунад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

1
1 point

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend