fbpx

Аз арзон шудани арзиши билетҳо то барқарории парвозҳои мунтазам байни Русияву Тоҷикистон

Тоҷикистон бо кишварҳои дигар барои барқарор кардани парвозҳои мунтазам гуфтушунид дорад.


0
Ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" дар Тоҷикистон
Акс аз маркази матбуотии Сомон Эйр

Директори агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар вохӯрӣ бо журналистон аз 30% арзон шудани чиптаҳои чартерӣ аз Русия ба Тоҷикистон, барқарор шудани парвозҳо ва дигар масъалаҳои мубрами ниҳоди худ суҳбат кард.

Тоҷикистон қарори Русияро мунтазир аст

Ҷониби Тоҷикистон ҳанӯз моҳи июн омодагии худро ҷиҳати барқарор кардани парвозҳои мунтазам бо Русияро изҳор карда буд. Барқарор кардани парвозҳои мунтазам танҳо аз Русия вобаста аст. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ Икром Субҳонзода директори Агентии авиатсияи граждании ҷумҳурӣ хабар дод.

“Айни ҳол барои барқарор кардани парвозҳои мунтазам бо Чин, Русия, Қирғизистон ва Қазоқистон гуфтушунид рафта истодааст. Барқарор кардани парвозҳо (бо Русия, – аз идора) барои мо бисёр муҳим аст. Ҳудуди 70 дарсади парвозҳое, ки дар умум аз фурудгоҳҳои Тоҷикистон анҷом дода мешавад, ба Русия рост меояд. Вобаста ба ин агентӣ муроҷиатҳои зиёдеро аз ҷониби муҳоҷирон, донишҷӯён ва дигар афрод қабул кардааст”, – гуфт Субҳонзода.

Ба гуфтаи ӯ ҷониби Тоҷикистон бо Вазорати нақлиёт ва Оҷонсии федералии нақлиёти ҳавоии Русия ҳамкории зич дорад ва ин мавзӯъро борҳо баррасӣ кардааст. “Дирӯз низ дар Русия бевосита дар ин бора сӯҳбат карда будем, мо қарори ҳамкоронамонро интизорем”, – афзуд Субҳонзода.

Ӯ ҳамчунин таъкид кард, ки вазъи эпидемиологӣ дар Тоҷикистон беҳбуд ёфтааст. “Тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ, дар ҷумҳурӣ дигар ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирусу фавт аз ин беморӣ ба қайд гирифта намешавад. Ҷониби Русия ин масъаларо меомӯзад ва ҳалли масъала ба онҳо вобаста аст”,-афзуд ӯ.

Икром Субҳонзода, директори агентии авиатсияи гражданӣ дар марказ

Паст шудани арзиши билетҳои чартерӣ аз Русия

Бо дархости Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон арзиши билетҳоро ширкатҳои ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ва «Turkish Airlines» аз 25 то 35% коҳиш додаанд.

“Мо аз ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр дархост кардем, ки оид ба паст кардани арзиши чипта якбори дигар нархномаи худро дида таҷдиди назар намоянд. Аз ҷониби роҳбарияти “Сомон эйр” нархи чипта аз Русия ба Тоҷикистон аз 39 то 40 ҳазор рубли русии қаблӣ ба 26-27 ҳазор рубли русӣ муқаррар карда шуд, яъне наздики 30% кам карда шуд”,- афзуд Икром Субҳонзода.

Ба гуфтаи Субҳонзода, ҳамчунин агентӣ аз ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ низ дархост кард, ки оиди паст кардани арзиши билет дар хатсайрҳои аз Тоҷикистон амалӣ мешуда тадбирҳо андешад. Пас аз дархости агентӣ ширкати ҳавопаймоии Turkish airlines аз 25 то 35 % арзиши чиптаро ба масири Душанбе-Стамбул коҳиш додааст..

Тоҷикистон ду ҳавопаймои Boeing 737 MAX мехарад

Тоҷикистон то моҳҳои июн-сентябр ду ҳавопаймои “Boeing 737 MAX” мехарад, хабар дод Сӯҳроб Ҷӯраев, муовини аввали мудири кулли “Сомон Эйр” дар рафти вохӯрӣ бо журналистон.

“Имрӯз намояндагони ширкати “Боинг” барои имзои давраи ниҳои созишномаи харидории ду ҳавопаймои “Boeing 737 MAX” ба Тоҷикистон расиданд. Дар ҳақиқат раванди харидоррии ин ҳавопаймо вақти зиёд гирифт. Зеро сертификатсияи он вақти зиёдро талаб кард”, – гуфт Ҷӯраев.

Муовини аввали директори генералии “Сомон Эйр” гуфт, ӯ умедвор аст, ки онҳо ҳамин ҳафта имзои созишномаро ба намояндагони ширкати “Боинг” ба анҷом мерасонанд.

Парвандаи корманди фурудгоҳи Душанбе, ки худкушӣ карда буд ба додгоҳ рафтааст

Парвандаи Шерафган Ҳоҷақулов, корманди хадамоти амниятии фурудгоҳи байналмилалӣ пас аз таҳқиқот ба додгоҳ ирсол шудааст. Дар ин бора Аслиддин Меликов, муовини раиси Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар нишасти матбуотӣ хабар дод.

Ба гуфтаи Аслиддин Меликов нисбати худи Шерафган ва ду ҳамроҳи дигараш ба иттиҳоми “қаллобӣ” парванда боз шуда, тафтишот анҷом ёфтааст. Ин се нафар аз чанд шаҳрванд барои харидани чиптаи парвоз аз Душанбе ба Русия 109 ҳазор сомонӣ гирифтаанд, вале дар иваз ба онҳо чипта надодаанд.

“Як нафар аз ҳамроҳони Шерафган Ҳоҷақулов бо номи Ҷамшед Саломов ҳоло дар боздошт ва ҳабси пешакӣ қарор дорад ва фарди савум фирор кардааст”,- гуфт Меликов.

Ӯ ҳамчунин фарзияи Шерафган бинобар пардохт нашудани маошаш даст ба худкушӣ задаастро, радд кард.

Ёдовар мешавем, ки Шерафган Хоҷақулов 26 октябри соли 2020 дар ҷойи кори худ давст ба худкушӣ зада буд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend