fbpx

Тоҷикистон дар пайи нашри мақолаҳои баҳсбарангез оиди Помир ба Пекин ёддошти расмӣ фиристодааст

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои Тоҷикистон мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


0
Хорӯғ. Акс аз «Номус ва Инсоф»

Дар ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон кӯштӣ мешавад, аммо намоиши калони рақсу суруд не

Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзўр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ барои пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID–19 ба баргузории барномаҳои фарҳангӣ, варзишӣ ва сайругашти идонаи Наврӯз иҷозат дода, чорабиниҳои бузурги идоранро манъ кардааст. Дар ин бора торнамои расмии баазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хабар додааст.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ, бо мақсади арҷгузорӣ ва эҳтиром ба фарҳанги ниёгон ва арзишҳои миллӣ ба гузаронидани барномаҳои фарҳангиву варзишӣ ва сайругашти идона ба муносибати ҷашни байналамилалии Наврӯз, ба истиснои намоишҳои театрикунонидашудаи оммавӣ дар варзишгоҳҳо бо дарназардошти риояи талаботи қоидаҳои беҳдоштӣ ва зиддиэпидемӣ бо дарназардошти риояи талаботи қоидаҳои беҳдоштӣ иҷозат дода мешавад, аммо ин ниҳод “намоишҳои театрикунонидашудаи оммавӣ дар варзишгоҳҳо”-ро манъ кард.

Тоҷикистон ба Чин ёддошти фиристодааст

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ба Чин дар пайи нашри мақолаҳои баҳсбарангез дар мавриди даъвоҳои ҳудудӣ – таърихӣ ба Пекин ёддошти расмӣ фиристодааст

Вазири умури хориҷӣ, дар мавриди мақолаҳои расонаҳои чинӣ, ки як қисми қаламрави Тоҷикистонро моли таърихии Чин хондаанд, изҳори назар кард.

Вазири корҳои хориҷӣ дар нишасти матбуотиаш гуфт, ки дипломатҳои тоҷик бо ҳамтоёни чинияшон ва инчунин бо роҳбарияти расонае, ки чунин маводро ҷой додааст, мулоқот кардаанд. Дар натиҷа мақолаи ҷанҷолбарангез аз сомона бардошта шуд.

Ба иттилои манбаъ, мақомоти Чин дар пайи норозигии ҷониби Тоҷикистон изҳор доштаанд, ки чунин маводро расонаҳои ғайридавлатӣ ҷой додаанд ва он ба ҳеч ваҷҳ маънои мавқеи расмии Пекин нест.

“Бо мақомоти Чин ҳамкориҳои ниҳоят хуб дорем, вақте муроҷиат мекунем, дарҳол ҷавоб медиҳанду аз ҳамкории стратегии ду давлат ёд карда таъкид мекунанд, ки чунин мавод ҳеч вақт мавқеи расмии Чин нест”, – изҳор дошт Сироҷиддин Муҳриддин.

Ин маъсала дар ҳолест, ки қаблан бархе аз расонаҳои чинӣ бо истиқбол аз он, ки Тоҷикистон қаблан қисмате аз ҳудудро ба Чин дод, таъкид кардаанд, ки мавзеи Помир таърихан қаламрави Чин будааст, ки таҳти таъсири абарқудратҳои ҷаҳонӣ аз он ҷудо шуда буд.

“Дар масъалаи узвияти Иттиҳоди Авруосиё мавқеи Тоҷикистон дигар нашудааст” 

Вазири хориҷаи Тоҷикистон гуфт, мавқеи Душанбе дар масъалаи пазириши узвияти кишвар дар Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё тағйир наёфтааст. Сироҷиддин Муҳриддин, ки рӯзи 15 феврал дар нишасти хабарии ниҳодаш оиди ин масъала ибрози назар кард.

“Дар масъалаи шомилшавӣ ба Евразес мавқеи мо дигар нашудааст. Гурӯҳи байниидоравӣ оиди омӯхтани ҳама ҷанбаъҳои ин масъала фаъолият дорад. Ин гурӯҳ минбаъд низ тамоми ҷанбаъҳои ин масъаларо омӯхта ба ҳукумат пешниҳод мекунад. Мавқеи мо дигар нашудааст”.

Русия аз соли 2014 замони таъсиси Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё Тоҷикистонро барои пайвастан ба он ташвиқ мекунад. Ин иттиҳод, ки нахуст се кишвар – Русия, Беларус ва Қазоқистонро дар бар мегирифт, соли 2015 бо пайвастани Арманистон ва Қирғизистон қаламраваш васеътар шуд.

Вазир гуфт, дар воқеъ дипломатҳои тоҷикро дар Русия задаанд

Вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон гуфт, соли 2020 “латукӯби” дипломатҳо ва кормандони консулгарҳои кишвар дар Русия ҷой дошт. Латукуби дипломатҳо моҳи сентябри соли гузашта вақти муроҷиати зиёди мусофирону муҳоҷирон ба дипломатҳо барои бозгашт ба Тоҷикистон сурат гирифтааст.

Сироҷиддин Муҳриддин, ки рӯзи 15-уми феврал дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе сӯҳбат мекард, гуфт, ба сабаби пандемияи коронавирус ва маҳдудиятҳои сафар ва парвозҳо шаҳрвандони хостори бозгашт ба ватан зиёд шуд ва 11 корманди сафорат дар Маскав пайваста бо таҳияи санадҳои ҳамватанон машғул буданд.

Вазир гуфт, гоҳо “ҳолатҳои латукӯби” кормандони консулгарӣ рух медод, вале “мо сокит будем, мушкили онҳоро мефаҳмем”. Ӯ гуфт: “Ба ҳазорҳо шаҳрвандони мо, ки дармонда буданд, кӯмакҳои моддӣ ҳам кардем. Мавридҳое буд, ки даҳҳову садҳо нафарро бо ҷойи хоб ва ғизо таъмин кардем.”

Ҳарчанд вазир мушаххас нагуфт, ки манзури ӯ кадом ҳамла ба дипломатҳо аст, вале сентябри соли 2020 сафорати Тоҷикистон дар Русия дар бораи латукӯби кормандаш хабар дод.

Тарифҳои об дар Тоҷикистон имсол боло бурда намешаванд

Роҳбари КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” (ХМК)-и Тоҷикистон Ҷамшед Табарзода зимни нишасти хабарии имрӯза хабар дод, ки имсол дар ҷумҳурӣ тарифҳо ба хизматрасониҳои таъминот бо об ва баровардани партовҳо боло бурда намешаванд.

“Ҳарчанд тарифҳои мазкур пасту хароҷоти корхонаро рӯйпӯш карда наметавонанд”, – қайд кард ӯ.

Тавре дар КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” маълумот доданд, тарифҳо барои ҳар кадоме аз шаҳру навоҳӣ фарқ доранд.

Дар Душанбе тарифҳо ба хизматрасониҳои таъминот бо об ва обу корез барои гурӯҳҳои гуногуни истеъмолгарони пойтахт бар асоси қарори раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ тағйир дода шуд.

Дар ин қарор ба корхонаи “Обу корези Душанбе” дастур дода шуд, ки насби обҳисобкунакҳоро оид ба харҷи об таъмин кунад. Ин ба корхона имкон медиҳад, ки харҷи воқеии об ва истифодаи обу корезро аз ҷониби аҳолӣ саҳеҳ муайян созад. Инчунин истеъмолгарон низ пули обро мувофиқи нишондиҳандаи обҳисобкунак пардохт мекунанд.

“Тоҷик Эйр” аз кормандонаш 7,8 миллион сомонӣ қарздор аст

“Тоҷик Эйр” дар назди кормандонаш 7,8 миллион сомонӣ қарздор шудааст. Дар ин бора ширкат имрӯз дар рафти нишасти матбуотиаш ба рӯзноманигорон хабар дод.

Тавре манбаъ таъкид мекунад, дар соли 2020 харҷи ширкат нисбат ба даромадаш бештар будааст.

“Тоҷик Эйр” дар соли 2020 126,2 миллион сомонӣ даромад ба даст овард, 140 миллион сомонӣ хароҷот намуд”, – омадааст дар иттилои манбаъ.

Ҳамчунин қайд мешавад, ки дар соли 2020 “Тоҷик Эйр” 40,3 ҳазор мусофир интиқол дода, ба кормандан 13,3 миллион сомонӣ музд пардохт кардааст.

“Дар давраи ҳисоботӣ “Тоҷик Эйр” 119 ҷасад, 267 мусофири ихроҷшударо ройгон интиқол додааст, ки маблағи он 628,9 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. 3089 нафар кӯдаки то 5-сола бепул парвоз кардаанд”, – таъкид мекунад ширкати миллӣ.

Гуфта мешавад, феълан “Тоҷик Эйр” танҳо як ҳавопаймои коршоям – АН-28 дошта, боқимонда ҳама таъмирталабанд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend