Имрӯз наворҳои SK Estate дар бораи манзилҳо дар Душанбе садҳо ҳазор тамошобин доранд, аз ҷумла онҳое, ки ҳоло умуман қасди харидани амволи ғайриманқулро надоранд. Муассис ва роҳбари агентӣ Қудратулло Шарифзода нақл мекунад, ки чӣ гуна кӯшиши номуваффақ барои фурӯши як иншоот ӯро ба соҳаи амволи ғайриманқул овард, чаро ба риелтор (Realtor) доштани продакшни шахсӣ (production) зарур аст, чаро агентӣ аз ҳамкорӣ бо баъзе сохтмончиён даст мекашад ва чӣ гуна як пайрави саҳифа баъди ҳафт сол метавонад ба харидори манзили 200-ҳазор-долларӣ табдил ёбад.
Имрӯз бозори амволи ғайриманқул дар Душанбе бе шабакаҳои иҷтимоӣ тасаввурнопазир аст. Риелторҳо манзилҳоро нишон медиҳанд, шарҳи биноҳои навсохтро ба навор мегиранд, дар бораи нархҳо ва минтақаҳо баҳс мекунанд ва амволи ғайриманқуле, ки қаблан асосан тавассути шиносҳо ва эълонҳо ҷустуҷӯ мешуд, ҳоло ба як навъи муҳтаво низ табдил ёфтааст.
Яке аз чеҳраҳое, ки ба оммавӣ шудани ин формат дар Тоҷикистон мусоидат кардааст, муассис ва роҳбари SK Estate Қудратулло Шарифзода мебошад. Вале ӯ худро аввалин риелторе намедонад, ки ба наворбардории видеоҳо дар бораи амволи ғайриманқул оғоз кардааст. Ба гуфтаи Шарифзода, ворид шуданаш ба ин соҳа на аз нақшаи пешакӣ, балки аз зарурати ҳалли як мушкили шахсӣ оғоз шудааст.
То замони ворид шудан ба бозори амволи ғайриманқул Шарифзода таҷрибаҳои гуногуни кориву соҳибкорӣ дошт. Ӯ фаъолияти худро ҳамчун омӯзгор оғоз карда, баъдан ба тиҷорати тарабхона рӯ овард. Тарабхонае, ки соли 2015 таъсис дода буд, аввалин таҷрибаи номуваффақи соҳибкории ӯ гардид. Барои пешбурди тиҷорат ӯ сармоягузори беруна надошт ва дар натиҷа қарздор шуд, аз ҷумла аз бонк.
Баъди ин Шарифзода барои кор ба Москва рафт. Соли 2019, пас аз пардохти қарзҳояш, ба Тоҷикистон баргашт. Маҳз пас аз бозгашт ӯ ба соҳаи амволи ғайриманқул ворид шуда, тадриҷан фаъолияти SK Estate-ро оғоз кард.

Ҳама чиз аз як иншооти ба фурӯш нарафта оғоз ёфт
Аввалин иншооте, ки Қудратулло барои фурӯш гирифт, ҳуҷраи таҳхонаи хешовандонаш буд. Чанд агентии амволи ғайриманқул муддати дароз натавонистанд онро фурӯшанд. Баъдан Шарифзода тасмим гирифт, ки худаш ба фурӯши он кӯшиш кунад.
Ӯ ҳуҷраро каме ба тартиб дароварда, равшанӣ гузошт ва ба ҷойи эълони маъмулӣ навор сабт кард. Дар навор на танҳо худи иншоот, балки имкониятҳои истифодаи он барои харидори эҳтимолӣ нишон дода шуд.
Ҳуҷра дар куҷо ҷойгир аст, чӣ гуна ба он расидан мумкин ва даромадгоҳ дар куҷо аст. Инчунин, барои кадом намуди тиҷорат мувофиқ аст: анбор, офис ё дорухона.
Дар натиҷа, иншоот тавассути шабакаи ииҷтимои Instagram зудтар аз он чизе, ки агентӣ тавониста буд, фурӯхта шуд.
Барои кӯмак ба хешовандонаш Қудратулло 2 ҳазор доллар гирифт. Ба ёд меорад, ки маҳз ҳамин ҳаққи хизмат ӯро водор кард, ки бори аввал ба соҳаи амволи ғайриманқул ҳамчун як тиҷорати эҳтимолӣ назар кунад.
Пас аз ин ӯ ба сохтмончиёни шинос муроҷиат кардан гирифт. Яке аз онҳо се манзилро барои фурӯш ба ӯ супорид. Дар моҳҳои аввал фурӯше ба қайд гирифта нашуд, аммо баъдан аввал як манзил, сипас дуюм ва сеюмро фурӯхта тавонист.
«Ман фаҳмидам, ки дар ин ҷо ҳам пул кор кардан мумкин аст ва ҳам мушкилро ҳал кардан», — гуфт Қудратулло.
Ҳамин тавр, тадриҷан модели фаъолияте пайдо шуд, ки баъдан SK Estate бар пояи он рушд кард: амволи ғайриманқул ва муҳтаво, ки метавонад иншоотро ба аудиторияи васеъ нишон диҳад.
Чаро ба агентӣ садҳо ҳазор обуначӣ лозим аст, агар манзилро одамон дар чанд сол як бор харанд?
Аудиторияи калони SK Estate маънои онро надорад, ки ҳамаи ин одамон ҳоло дар ҷустуҷӯи манзил ҳастанд. Худи Қудратулло эътироф мекунад, ки қисми зиёди обуначиён наворҳоро танҳо барои он тамошо мекунанд, ки барояшон ҷолиб аст.
Одамон манзилҳо ва таъмири хонаҳои дигаронро тамошо мекунанд, тағйироти Душанбе ва рушди шаҳрро пайгирӣ мекунанд. Ба ин гуна муҳтаво дизайнерҳо, устоҳо ва сохтмончиёни биноҳои нав низ таваҷҷуҳ доранд. Ҳамчунин, тоҷиконе ҳастанд, ки дар хориҷ зиндагӣ мекунанд ва тавассути ин наворҳо мебинанд, ки шаҳру зодгоҳашон чӣ гуна рушд мекунад.
Аммо барои тиҷорат ба як гурӯҳи дигар низ махсусан ҷолиб аст — одамоне, ки имрӯз танҳо тамошо мекунанд, вале баъди чанд сол ба муштарӣ табдил меёбанд.
«Тамошобин обуна мешавад, мушоҳида мекунад, солҳо мегузаранд, пул ҷамъ мекунад ва дар ниҳоят баъди панҷ, шаш, ҳафт сол барои харидани амволи ғайриманқул меояд», — шарҳ дод Қудратулло.
Ба гуфтаи ӯ, яке аз муштариён аз соли 2019 SK Estate-ро пайгирӣ мекард. Ӯ қариб ҳар як навори ширкатро медид ва баъди ҳафт сол тавассути агентӣ амволи ғайриманқулро ба маблағи тақрибан 200 ҳазор доллар харид.
Ҳамин тавр, дар соҳаи амволи ғайриманқул мӯҳтаво нисбат ба тиҷоратҳое, ки давраи хариди кӯтоҳ доранд, ба таври дигар кор мекунад. Одам метавонад солҳои зиёд чизе нахарад, аммо дар тамоми ин муддат бо бренд шинос шуда, муносибати худро нисбат ба он ташаккул диҳад. Вақте ниҳоят барои харидани амвол пул пайдо мешавад, дигар ба ӯ лозим нест, ки аз сифр агентии амволи ғайриманқул интихоб кунад.
«Онҳо аллакай медонанд, ки SK Estate платформаи боэътимод аст ва ба он метавон бовар кард. Пас аз солҳо меоянд ва мегӯянд: мо кайҳо боз шуморо обуна ҳастем, мо маҳз тавассути шумо харидан мехоҳем», — таъкид кард Шарифзода.
Маҳз аз ҳамин сабаб барои SK Estate на танҳо харидорони мустақим, балки аудиторияи васеъе, ки ба соҳаи амволи ғайриманқул таваҷҷуҳ дорад, низ муҳим аст.

«Ман чизеро, ки ба ман маъқул нест, фурӯхта наметавонам»
Аммо ба гуфтаи Қудратулло, худи Instagram манзилро намефурӯшад. Шабакаи иҷтимоӣ танҳо имкон медиҳад, ки иншоот ба харидори эҳтимолӣ нишон дода шавад. Пас аз ин кори муқаррарии агентӣ оғоз меёбад: зангҳо, гуфтушунидҳо, тамошои иншоот, интихоби вариантҳо ва ҳамроҳӣ дар раванди бастани муомила.
Шарифзода эътимодро дороии асосӣ дар ин низом медонад.
Ба гуфтаи ӯ, пеш аз нашри эълон SK Estate ҳар як иншоотро месанҷад ва ҳатто метавонад аз фурӯши он даст кашад, агар он ба талаботи агентӣ ҷавобгӯ набошад. Ин қарор ба муносибатҳои шахсӣ ҳам вобаста нест.
«Мо сохтмончиёне доштем, ки дар рӯйхати сиёҳ буданд, аммо баъзеи онҳо одамони наздики ман буданд. Меомаданду мегуфтанд: „Бародар, иншооти маро ба фурӯш мон, ба ман пул лозим аст“. Ман мегуфтам: „ Ҷӯра дӯстӣ дӯстист, аммо кор кор аст. Ман иншооти туро қабул карда наметавонам, зеро он дар рӯйхати сиёҳ аст. Чизеро, ки ба ман маъқул нест, фурӯхта наметавонам. Ман чизеро, ки баъди чанд сол ба мушкил табдил меёбад, ҳам фурӯхта наметавонам“», — нақл кард Қудратулло..
Ӯ мегӯяд, агентӣ қасдан варианти арзонтаринро ба харидор пешниҳод намекунад, агар мутмаин набошад, ки сохтмончӣ ӯҳдадориҳои худро иҷро мекунад. Ин махсусан ба объектҳои сохташаванда дахл дорад, ки мӯҳлати ба истифода додани онҳоро ба харидор баъди чанд сол ваъда мекунанд.
Ба гуфтаи Шарифзода, дар бозор хонаҳое ҳастанд, ки аллакай ҳафт-ҳашт сол боз сохта мешаванд. Аз ин рӯ, танҳо арзон будани нарх барои SK Estate далели кофӣ нест, то чунин иншоотро ба муштарӣ тавсия диҳад.
«Муҳимтар аз ҳама — эътимод аст. Агар эътимодро аз даст диҳӣ, дар асл обрӯву эътиборро ҳам аз даст медиҳӣ», — таъкид кард Қудратулло.
Агентӣ ва продакшн — «мисли ду боли як парвоз»
Дар тӯли чанд сол формате, ки замоне барои фурӯши як ҳуҷраи мураккаби таҳхонаӣ кумак карда буд, ба як бахши мустақили тиҷорат табдил ёфт.
Имрӯз Шарифзода SK Estate-ро агентии амволи ғайриманқул медонад, ки дорои гурӯҳи пурқуввати истеҳсоли муҳтавои худӣ (production) мебошад..
«Ин мисли ду бол аст: як бол агентӣ ва боли дигар продакшн (production). Ҳамин ду бол ба мо имкон медиҳанд, ки мустақим ба пеш ҳаракат кунем», — мегӯяд ӯ.
Ба андешаи Қудратулло, маҳз омезиши ин ду самт ба ширкат имкон дод, ки рушд кунад. Агентиҳое, ки танҳо бо усулҳои анъанавӣ фаъолияташонро идома дода, пурра ба шабакаҳои иҷтимоӣ ворид нашуданд, як қисми имкониятҳоеро, ки муҳтавои видеоӣ ба бозор фароҳам овард, аз даст доданд.
Дар баробари ин, рақобат аз ҷониби дигар риелторҳо (Realtor), ки имрӯз онҳо низ ба наворбардории манзилҳо машғуланд ва баъзан формати SK Estate-ро нусхабардорӣ мекунанд, Шарифзодаро нигарон намекунад.

«Баръакс, ин ба ман маъқул аст. Чунон ки мегӯянд, одатан одамони хубро нусхабардорӣ мекунанд. Ба мо маъқул аст, ки моро нусхабардорӣ ва пайгирӣ мекунанд. Бе рақибон мо заиф мешудем. Вақте рақобат ҳаст, рушд ҳам ҳаст», — таъкид кард ӯ.
Ҳоло вазифаи душвортарин ин аст, ки пайваста чизи наверо пешниҳод кардан лозим меояд. Аудитория ба манзилҳои зебо, ороиши ғайриоддии дохили хонаҳо амволи гаронарзиш одат мекунад, аз ин рӯ, бо як шарҳи одӣ ба ҳайрат овардани тамошобин рӯз ба рӯз душвортар мешавад.
Аммо Қудратулло мутмаин аст, ки идеяҳои нав барои мӯҳтавои хуб тамом намешаванд.
Чаро SK Estate рақами соҳиби манзилро нишон медиҳад?
SK Estate боз як таҷрибаи ғайриоддӣ барои агентии классикӣ дорад — дар эълонҳо метавонанд рақами тамоси худи соҳиби манзилро ошкоро ҷой диҳанд.
Дар назари аввал, ин хатари ошкореро ба вуҷуд меорад: харидор ва фурӯшанда метавонанд мустақиман ба мувофиқа расида, ба агентӣ ҳаққи хизмат напардозанд.
Шарифзода инро бо хусусияти бозори маҳаллӣ шарҳ медиҳад. Дар Душанбе харидорони амволи ғайриманқул мехоҳанд соҳиби иншоотро бубинанд ва мустақиман бо ӯ суҳбат кунанд.
«Дар Душанбеи мо ҳама чиз дигар аст. Одамон дӯст медоранд, ки мустақиман бо соҳиби амвол суҳбат кунанд. Аз ин рӯ, мо ҳама корро баръакс анҷом медиҳем», — шарҳ дод Қудратулло.
Ба гуфтаи ӯ, агентӣ фурӯшанда ва харидорро бо ҳам шинос мекунад ва кӯшиш намекунад, ки шартҳои як тарафро аз тарафи дигар пинҳон кунад.

«Мо харидор ва фурӯшандаро бо ҳам шинос мекунем: ин нархи шумост, ин ҳам харидори шумост. Мо нархро муайян намекунем, ҳама шарту шароит байни худи шумост», — нақл кард ӯ.
Агар соҳиби амвол нахоҳад, ки худаш ба зангҳо ҷавоб диҳад ва намоиши манзилро анҷом диҳад, ин корро пурра агентӣ ба ӯҳда мегирад.
Чунин шаффофият баъзан воқеан боиси аз даст рафтани ҳаққи хизмат мешавад. Ҳолатҳое буданд, ки фурӯшанда иддао мекард, харидорро худаш пайдо кардааст, ҳарчанд баъдан маълум мешуд, ки муштарӣ баъди дидани рекламаи SK Estate муроҷиат кардааст.
Аммо ҳолати баръакс низ рух медиҳад. Яке аз муштариён баъди як моҳ аз анҷоми муомила худаш ба агентӣ занг зада, хабар дод, ки харидор маҳз тавассути SK Estate пайдо шудааст. Ӯ ба ширкат ҳазор доллар пардохт кард, гарчанде агентӣ дигар интизори гирифтани ин ҳаққи хизмат набуд.
SK Estate аз чӣ даромад ба даст меорад?
Имрӯз SK Estate чанд манбаи даромад дорад.
Агентӣ пас аз анҷоми муомилаҳои харидуфурӯш ҳаққи хизмат мегирад, аммо пешбурди пулакии амволи ғайриманқул тавассути платформаҳои худи агентӣ низ нақши муҳим дорад.
Ин модел маҳз ба далели ҳолатҳое пайдо шуд, ки агентӣ барои таҳия ва паҳн кардани муҳтаво маблағ сарф карда, харидор пайдо мекард, аммо баъдан фурӯшанда муомиларо мустақилона анҷом медод.
«Мо тасмим гирифтем, ки аз ин одамон ақаллан ҳаққи хизмат бигирем. Дар ниҳоят мушкили онҳоро ҳал мекунем. Зеро чунин иншоотҳое буданд, ки солҳо фурӯхта намешуданд, аммо тавассути агентии мо дар як ҳафта фурӯхта шуданд», — шарҳ дод Қудратулло.
Ба гуфтаи Шарифзода, вақте аудиторияи SK Estate тақрибан 200 ҳазор обуначӣ дошт, ҷойгир кардани эълони манзил ҳазор сомонӣ ва хона 2 ҳазор сомонӣ арзиш дошт. Бо афзоиши аудитория нархи хизматрасониҳо тақрибан 50 фоиз боло рафт. Ҳангоми мусоҳиба, ҷойгир кардани эълони манзил тақрибан 1,5 ҳазор сомонӣ ва амволи тиҷоратӣ 5 ҳазор сомонӣ арзиш дошт. Агар муштарӣ хоҳиш кунад, ки худи Қудратулло иншоотро муаррифӣ кунад, ҳаққи хизматрасонӣ бештар мешавад..
Ҳамин тариқ, ширкат дар асл на танҳо аз хизматрасонии риелторӣ, балки аз медиаи хусусие, ки дар атрофи амволи ғайриманқул сохтааст, низ даромад ба даст меорад.
Манзилҳои миллионӣ низ харидори худро пайдо мекунанд
Як бахши алоҳидаи муҳтавои SK Estate ба амволи гаронарзиш бахшида шудааст, ки аксар вақт дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳои гармеро ба вуҷуд меорад.
Наворҳо бо манзилҳое, ки арзишашон як миллион доллар ва бештар аз он аст, миллионҳо тамошо мегиранд. Дар бахши шарҳҳо корбарон дар бораи тарҳрезӣ, арзиш ва ин ки оё барои манзил дар Душанбе чунин маблағ пардохт кардан арзанда аст ё не, баҳс мекунанд.
Аммо Шарифзода мегӯяд, ки дар Тоҷикистон барои чунин амвол низ харидор ҳаст.
Ба гуфтаи ӯ, яке аз наворҳо дар бораи як иншооти гаронарзиш тақрибан 2 миллион тамошо гирифта, худи манзилро чандин харидори эҳтимолӣ барои тамошо омадаанд.
Гузашта аз ин, муштарии сарватманд ҳатман набояд шахсан рекламаро дар Instagram бинад.
«Сарватмандон на ҳамеша дар Instagram менишинанд. Аммо дӯстон ҳастанд, бародарон ҳастанд, ки дар Instagram ҳастанд. Агар навори пуровоза ба дасти касе расад, дер ё зуд ӯ онро мебинад, маъқул мешавад ва ба бародараш мефиристад: бубин, маълум мешавад, ки дар Тоҷикистон мо чунин қасри боҳашамат ба маблағи якуним-ду миллион доллар дорем. Шояд бароят ҷолиб шавад», — шарҳ дод Қудратулло.
Ба гуфтаи ӯ, дар байни муштариёни бозори амволи гаронарзиш шаҳрвандони сарватманди худи Тоҷикистон низ ҳастанд, ки танҳо бартарӣ медиҳанд вазъи молиявии худро ба таври оммавӣ намоиш надиҳанд.
Қиматтарин манзиле, ки Шарифзода то имрӯз фурӯхтааст, тақрибан 800 ҳазор доллар арзиш дошт. Ҳамзамон, дар байни иншоотҳое, ки агентӣ бо онҳо кор мекунад, амволи хеле гаронтар низ ҳаст. Масалан, як иншоот бо масоҳати тақрибан 1,1 ҳазор метри мураббаъ, ки арзишаш 2,5 миллион доллар аст.
Тезтарин муомила дар таҷрибаи Қудратулло бошад, ба гуфтаи ӯ, ҳамагӣ тақрибан 30 дақиқа тӯл кашидааст.

Чаро пас аз муваффақият дар Instagram ба SK Estate сомонаи худӣ лозим шуд
Бо вуҷуди он ки маҳз шабакаҳои иҷтимоӣ ба SK Estate барои ба бренди шинохташуда табдил ёфтан кумак карданд, ҳоло Шарифзода сохтани тиҷорат танҳо бар пояи платформаҳои дигаронро хатарнок мешуморад.
Instagram, Facebook, TikTok ё YouTube аудиторияи бузург медиҳанд, аммо тиҷорат ин платформаҳоро пурра назорат карда наметавонад. Ҳисоб метавонад баста шавад, қоидаҳо тағйир ёбанд ё дастрасӣ ба шабакаи иҷтимоӣ маҳдуд гардад.
Аз ин рӯ, марҳилаи навбатии рушди ширкат таъсиси платформаи худӣ мебошад.
«Ҳар як агентии амволи ғайриманқул ё ҳар як тиҷорат бояд сомонаи худро дошта бошад. Ту як платформаро мегирӣ, рушд медиҳӣ ва ногаҳон рӯзе мерасад, ки аккаунтатро дар Instagram, YouTube, Facebook ё TikTok мебанданд. Барои ҳамин, то вобаста ба Instagram ва Facebook набошем, бояд сомонаи худро дошта бошем ва аз дигар платформаҳо мустақил бошем», — гуфт Шарифзода.
Ҳамзамон, ӯ мутмаин аст, ки имрӯз SK Estate метавонад ҳатто бе Instagram ҳам фаъолияташро идома диҳад. Ҳоло ширкат сомонаи худро бо номи sk.tj дорад, ки дар он ҳар як фурӯшанда метавонад мустақилона эълони худро ҷойгир карда, харидор пайдо кунад.
Илова бар ин, ширкат дар тӯли солҳои фаъолият пойгоҳи муштариёнро ҷамъ кардааст. Мизоҷон ширкатро тавассути Google пайдо мекунанд, ба якдигар тавсия медиҳанд ва нафароне, ки агентӣ панҷ-шаш сол пеш ба онҳо кумак кардааст, дубора муроҷиат мекунанд ё харидорони навро меоранд.
«Аксари муштариён аллакай тавассути тавсияҳо ба назди мо меоянд. Онҳое, ки панҷ сол пеш барои харид ё фурӯши амвол кӯмак карда будем, имрӯз дубора бармегарданд. Ҳар рӯз ба офиси мо одамони нав меоянд», — нақл кард Қудратулло.
Дар маҷмӯъ, таҷрибаи SK Estate барои бозори Тоҷикистон тағйироти ҷолиберо нишон медиҳад. Ҳама чиз аз иншооте оғоз шуд, ки бо усули маъмулӣ фурӯхта намешуд. Навор аз эълони одӣ самараноктар баромад, дар атрофи навор аудитория ҷамъ шуд, дар байни аудитория эътимод пайдо гардид ва дар ниҳоят ҳамин эътимод тадриҷан ба як сармояи мустақили тиҷорат табдил ёфт.
Имрӯз, вақте аз Шарифзода мепурсанд, ки агар маҷбур мешуд тиҷорати навро аз сифр оғоз кунад, аз чӣ сар мекард.
«Ман аз як гурӯҳи хурд оғоз мекардам. Одамони мувофиқро интихоб мекардам, зеро бе дастаи қавӣ пеш рафтан душвор аст. Албатта, платформаҳо — Instagram, Facebook, TikTok, YouTube — ҳам заруранд. Бе онҳо ҳам намешавад.








