Имрӯз, 22 апрел Президент Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остона дар ҳошияи Ҳамоиши минтақавии экологӣ таҳти унвони “Диди муштарак барои ояндаи устувор” аз намоишгоҳи чорабинӣ боздид намуд.
Тавре иттилоъ дода мешавад, дар ин намоишгоҳ сарони давлатҳо ва ҳайатҳои як қатор кишварҳо иштирок доранд. Саммит яке аз чорабиниҳои муҳими сатҳи минтақавӣ дар самти масъалаҳои иқлим ва рушди устувор ба ҳисоб меравад.

Дар намоишгоҳ, гушаи Тоҷикистон низ муаррифӣ гардидааст, ки саҳми кишварро дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии иқлим инъикос мекунад. Ба иштирокдорон оид ба масъалаҳои обшавии пиряхҳо, ҳифзи гуногунии биологӣ, беҳдошти муҳити зист, рушди “иқтисодиёти сабз” ва густариши экотуризм маълумот пешниҳод шуд.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки Тоҷикистон ба масъалаи ҳифзи табиат ва гуногунии биологӣ аҳамияти хос медиҳад. Дар ин замина татбиқи барномаҳои ҳифзи бабри барфӣ ва барқарорсозии саршумори бузи пармашох ва гӯсфанди кӯҳии архар (Марко Поло) аз тадбирҳои муҳими экологӣ дар кишвар арзёбӣ мегардад.
Дар гушаи Тоҷикистон инчунин мероси табиӣ ва фарҳангии кишвар, анъанаҳо, ҳунарҳои мардумӣ ва робитаи амиқи ҷомеа бо муҳити зист муаррифӣ карда шуд.








