fbpx
0

Намояндаи Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Ҷонибек Ҳикмат раиси иҷлосияи 60-уми Комиссияи СММ оид ба аҳолӣ ва рушд (CPD) интихоб гардид.

Дар ин бора, аз Намояндагии доимии Тоҷикистон дар СММ хабар дода, таъкид шудааст, ки интихоби ӯ бозгӯи эътимоди ҷомеаи ҷаҳонӣ ба нақш ва талошҳои Тоҷикистон дар пешбурди масъалаҳои аҳолӣ ва рушд мебошад.

Ба иттилои манбаъ, Комиссияи мазкур яке аз сохторҳои калидии СММ ба ҳисоб рафта, масъалаҳои муҳими марбут ба сиёсати демографӣ, тандурустӣ, маориф, баробарии гендерӣ ва ҳифзи ҳуқуқу некӯаҳволии занон, кӯдакон ва ҷавононро баррасӣ мекунад.

Дар Намояндагии доимии Тоҷикистон изҳор доштанд, ки кишвар омода аст барои баргузории муваффақонаи иҷлосия бо давлатҳои аъзо ва шарикони байналмилалӣ ҳамкории зичро ба роҳ монад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend