Аз 24 апрел то 1 майи соли ҷорӣ Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Беларус баргузор мегардад. Дар ин хусус Вазорати фарҳанги Тоҷикистон иттилоъ додааст.
Дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Беларус ҳамчунин Рӯзҳои кинои тоҷик, намоиши мусаварраҳо, либосҳои миллӣ ва барномаи фарҳангӣ доир мешаванд.
Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Беларус дар шаҳрҳои Минск, Витебск ва Молодечно сурат мегирад ва мақсади он таҳким бахшидан ба робитаҳои фарҳангии ду давлат арзёбӣ мешавад.
Қаблан, Рӯзҳои фарҳанги Беларус дар Тоҷикистон солҳои 2007, 2015, 2018, 2024 ва Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Беларус солҳои 2008, 2016 ва 2021 баргузор гардида буд.









