Додгоҳи вилояти Суғд як сокини шаҳри Кӯлобро барои содир кардани чанд ҷиноят, аз ҷумла муомилоти ғайриқонунии беш аз 100 килограмм маводи мухаддир, гунаҳкор дониста, ба 23 соли зиндон маҳкум кардааст.
Ба иттилои мақомот, маҳкумшуда Имомуддин Исломзодаи 56-сола мебошад. Акбар Шарифӣ, сухангӯи Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд, дар як барномаи телевизионӣ гуфтааст, ки ӯ бо чанд моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон айбдор дониста шудааст.
Аз ҷумла, Исломзода барои муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ, қочоқ, ғайриқонунӣ убур кардани сарҳади давлатӣ, ғайриқонунӣ дастгир ё ҳабс намудан ва сохтакории далелҳо гунаҳкор эътироф шудааст.
Ҷузъиёти бештари парванда, аз ҷумла вақти боздошт, санаи содир шудани ҳукм ва мавриди мушаххаси кирдорҳои ӯ, дар гузориш шарҳ дода нашудааст. Ҳамчунин, мавқеи худи маҳкумшуда, наздикон ва вакили дифоъаш дастрас нест.
Мақомот мегӯянд, ки мубориза бо қочоқи маводи мухаддир дар кишвар идома дорад. Ба иттилои расмӣ, танҳо дар соли 2025 дар Тоҷикистон беш аз 5,2 тонна маводи мухаддир мусодира шудааст, ки нисбат ба соли қаблӣ зиёд мебошад.
Ҳамчунин, дар ҳамин давра фаъолияти 44 гурӯҳи ҷиноӣ дар ҳайати 88 нафар ошкор ва қатъ гардида, 132 парвандаи ҷиноӣ нисбати 180 нафар ба додгоҳҳо ирсол шудааст.
Қаблан низ мақомот хабар дода буданд, ки дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ду узви як гурӯҳи қочоқбар боздошт шуда, аз онҳо 58 килограмм маводи мухаддири навъи ҳашиш, афюн ва героин мусодира гардидааст.









