fbpx
0

Барои Давлатхуҷа Раҷабов калидсозӣ танҳо касб ё шуғли одӣ нест, балки орзуву ҳаваси ҷавониаш аст. Ӯ зиёда аз 10 намуди калид месозад ва мегӯяд, ҳар як калид дар зиндагиаш маънову арзиши баланд дорад.

Давлатхуҷа Раҷабов 70 сол дорад ва то имрӯз бо шавқу завқи баланд ба кораш идома медиҳад. Калиди хонаву идора, мошину мебел бо хости муштарӣ месозад.

Муаллифи Your.tj бо ин мард ҳамсуҳбат шуда, дар бораи кору зиндагии ӯ нақл кард.

Шавқу ҳавас ба касб

Қаҳрамони мо дар як гӯшаи серодами бозори “Ганҷина”-и шаҳри Душанбе бо дастони шахшӯл ва чашмони пур аз умед калид месозад.

На ба хотири ниёз доштанаш, балки ба хотири кӯмак кардан ба мардум, ба хотири инсоният, ба хотири оромии виҷдон.

“Фарзандонам мехоҳанд корро бас кунам, аммо ман орзуямро ба ин осонӣ тарк кардан намехоҳам. Ҳадди аккал як соли дигар кор мекунам, баъдан корро ба писари хурдӣ ё набераам месупорам, чун чашмонам каме хира шудаасту қувваи корӣ ҳам камтар”,- гуфт пирамард.

Дар бораи калидсозӣ

Усто Давлатхуҷа ба металлҳои гуногун кор мекунад. Ҳар навъи калид диққати хос талаб мекунад. Дастони калидсоз бояд дақиқ, устувор ва сабрнок бошанд, як миллиметр фарқ метавонад калидро корношоям кунад. Баъзан як калиди нав ба даҳҳо санҷиш ниёз дорад.

“Калидсоз на танҳо металлро бурида, балки шакл, ҳаракат ва фишори дастро бояд эҳсос карда тавонад. Ҳар калид як маъно дорад, агар онро бо эҳсос ва бодиққат сохтанӣ нашавӣ, кор намекунад”,- мегӯяд қаҳрамони мо.

Муштариёни қадршинос

Қаҳрамони мо бо муштариён меҳрубонона ва бо эҳтиром ҳарф мезанад. Ҳатто муштариёни доимӣ дорад.

“Рӯзе зане парешону нороҳат наздам омад, гуфт фақат як калид дораду он ҳам шикаст. Калидро гирифтаму яктои дигар сохтам, зан ҳамоно хушҳол набуд, бовар надошт, ки дари хонааш бо калиди нав кушода шавад.

Калидро гирифту рафт ва як рӯз баъд омад, хеле хурсанд буд, фақат ба хотири ташаккур ба наздам омада буд. Чунин лаҳзаҳо беҳтарин лаҳзаҳои зиндагии ман аст”,- изҳор дошт устои калидсоз.

Давлатхуҷа Раҷабов соҳиби 6 фарзанд аст, аз баракати ҳамин касб фарзандонашро бузург кардаву рӯзгорашро пеш бурдааст. Ҳоло ҳамаи фарзандон ва наберагонаш аз уҳдаи сохтани ҳама намуди калид баромада метавонанд ва гоҳ-гоҳе омада ба падарашон кӯмак мекунанд.

20 сол бо калидсозӣ

Қаҳрамони мо пеш аз омӯхтани калидсозӣ ҳамчун ронанда ва роҳбари хоҷагӣ кору фаъолият кардааст. Мегӯяд, 20 сол пеш устои калидсоз хеле кам буд. Ба назди чанде аз онҳо рафтааст, аммо розӣ нашуданд, ки шогирд гиранд.

Баъдан бо як марди чинӣ шинос шудааст, ки аз ӯҳдаи калидсозӣ мебаромааст.

“Бо кӯмаки ӯ як асбоби калидсозӣ аз Чин супориш додем. Онро оварданду бо ин роҳ калидсозиро омӯхтам ва то ҳол бо ҳамон асбоб калид месозам”,- нақл кард Раҷабов.

Шогирди калидсоз

Қаҳрамони мо ба нафарони зиёд калидсозиро омӯхтааст. Шогирдонаш аллакай устои моҳир шудаанд ва кори худро пеш мебаранд.

“Ман ба шогирдонам аз омӯзиш то харидории асбоби мувофиқ кӯмак мекунам. Як шогирдам дорои имконияти маҳдуд аст, мехост калидсозиро омӯзаду зиндагиашро пеш барад. Аз ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон ба назди ман омад, барояш ҳама нозукиҳои корро омӯзондаму асбоби калидсозиро аз Чин дастрасаш кардам. Хеле хушҳолу розӣ ба ноҳияааш рафт. Ҳоло дар бозори ноҳияи Ҳамадонӣ калид месозад”,- нақл кард усто.

Калид худ дар зиндагӣ маънои хос дорад, на танҳо дарҳоро мекушояд, балки умеду орзуҳоро боз мекунад. Садои сохтани калид аз масофаи дур ҳам эҳсос мешавад. Ин меҳнати хомӯшонаи калидсоз аст, ки зиндагиро осон мекунад.

Муборак Қосимзода


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend