Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) барои татбиқи лоиҳаи «Таъминоти гармӣ дар шаҳри Душанбе» 6 миллион доллар қарзу грант ҷудо менамояд.
Лоиҳа 12-уми декабр дар Маҷлиси намояндагон баррасӣ шуда, ба тасвиб расидааст.
Ба гуфтаи вакили парлумон Нигина Шарифзод, аз маблағи умумӣ 3 миллион доллар грант ва 3 миллион доллар қарз мебошад. Дар доираи ин тарҳ таҷдид ва тавсеаи шабакаҳои гармидиҳии пойтахт пешбинӣ шуда, 193 биною иншоот ва 8 бунгоҳи насосӣ ба шабакаи мутамаркази гармидиҳӣ пайваст хоҳанд шуд.
Юсуф Маҷидӣ, муовини якуми вазири молияи Тоҷикистон, таъкид кард, ки лоиҳа барои коҳиши талафоти қувваи гармӣ, кам кардани садамаҳо дар шабакаҳо ва паст намудани арзиши истеҳсоли гармӣ равона шудааст. Ба гуфтаи ӯ, давраи татбиқи созишномаи қарзии иловагӣ аз соли 2025 оғоз шуда, то соли 2028 идома меёбад.
Интизор меравад, ки бо амалисозии лоиҳа беш аз 500 ҳазор сокини Душанбе дар фасли зимистон бо гармӣ таъмин гардида, ҳамзамон ҳаҷми партови гази карбон (CO₂) коҳиш ёбад.









