Дар шаҳри Душанбе Фестивали ҳуқуқи инсон баргузор шуд, ки онро ташкилоти ҷамъиятии «Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ» роҳандозӣ намуд.
Дар чорабинӣ фаъолон, коршиносон, донишҷӯён ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок карданд, ки ба тарғиб ва ҳифзи ҳуқуқи инсон дар ҷомеаи муосир таваҷҷуҳ доранд.

Яке аз мавзӯъҳои асосии фестивал ҳуқуқҳои рақамӣ буд, мафҳуме, ки имрӯз дар замони рақамикунонӣ бештар садо медиҳад. Иштирокчиён таъкид карданд, ки дар асри технологияҳои иттилоотӣ ҳуқуқҳои инсон дар интернет аз байн намераванд, балки ба фазои рақамӣ мегузаранд ва шаклу мазмуни нав мегиранд.
«Ҳуқуқҳои рақамӣ – ин чизи нав нестанд. Онҳо идомаи ҳуқуқ ва озодиҳои асосии мо дар муҳити рақамӣ мебошанд»,- зикр карданд сухангӯён.
Ба гуфтаи коршиносон, ҳуқуқҳои рақамӣ фарогири ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот, озодии баён ва ҳифзи маълумоти шахсӣ мебошанд.
Ҳамзамон дар фестивал ба мафҳуми масъулияти рақамӣ, яъне огоҳ будан аз паёмадҳои рафтор дар муҳити онлайн низ аҳамияти ҷиддӣ дода шуд.

Мубоҳисаҳо бо сессияҳои интерактивӣ, пурсишҳо аз толор ва табодули андешаҳо мустаҳкам карда шуд.
Иштирокчиён таъкид карданд, ки чунин чорабиниҳо на танҳо донишу ҷаҳонбиниро васеъ мекунанд, балки фарҳанги истифодаи огоҳонаи технологияҳоро ташаккул медиҳанд.
Фестивал намунаи равшани он гардид, ки масъалаҳои ҳуқуқи инсон дар замони рақамӣ, дар ояндаи рақамие, ки мо аллакай дар он зиндагӣ мекунем низ метавонанд садои нав ва замонавӣ дошта бошанд.









