fbpx

Боздошти марди 57-сола бо гумони дастдарозӣ ба кӯдаки 5-сола

Холиқов дар ҳолати мастӣ “нисбати кӯдаке, ки ба бозӣ машғул буд, ҳаракатҳои бадахлоқона анҷом додааст.”


0
Гумонбар ба дастдарозӣ ба кӯдак

Дар Душанбе Олимҷон Холиқов, як сокини 57-солаи пойтахт бо гумони дастдарозӣ ба кӯдаки 5-сола дастгир шудааст.

Дар ин бора Раёсати ВКД дар Душанбе хабар дод.

Ба иттилои мақомоти милитсия, ҳодиса рӯзи 4 октябр дар кӯчаи Муҳаммадҷон Қосимов рух додааст.

Холиқов дар ҳолати мастӣ “нисбати кӯдаке, ки ба бозӣ машғул буд, ҳаракатҳои бадахлоқона анҷом додааст.”

Гуфта мешавад, гумонбар ҳоло дар ҳабси пешакӣ қарор дорад ва нисбаташ бо моддаи 142, қисми 2 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (“ҳаракати бадахлоқона нисбат ба шахси ба синни 14 нарасида”) парванда боз шудааст. Ин модда ҷазои аз 2 то 5 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Назари худи боздоштшуда ё пайвандони ӯ дар ин бора маълум нест.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
1
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
1
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend