Имрӯз иддае аз калонсолон ба насли нав баъзе махсусиятҳои замони Шӯравӣ таъриф мекунанд, ки он ба назари бархе ҷавонон афсонаро мемонад. Шояд онҳо пай намебаранд, ки васф кардани замони пешин барои аксарияти имрӯзиён манфиат надорад.
Дар ҳаёти рӯзмарра ҳам зиёд ба чашм мерасад, ки ин ду қишри ҷомеа на ҳамеша ба ақидаҳои ҳамдигар эҳтиром мегузоранд. Бо гуногунии андеша сар задани бархӯрди наслҳоро муҳтавои филми ҳунарии “Хоби сурх” бори дигар собит мекунад.
Чанде пеш дар шаҳри Хуҷанд нахустнамоиши филми мазкур баргузор гардид. Он бо ташаббуси Раёсати суғдии “Тоҷикфилм” амалӣ гардид. Ҳамзамон, дар доираи лоиҳаи “Киноклуб”-и киностудияи “Суғдсинамо” пас аз тамошо муҳокимаи филми “Хоби сурх” сурат гирифт, ки коргардон ва муаллифи филм Соҳибёр Толиб низ дар он ширкат дошт.

Муаллифи Your.tj низ филмро тамошо карда, огоҳӣ ёфт, ки тамошобинон ва мутахассисони соҳаи синамо ба филми “Хоби сурх” чӣ гуна баҳо доданд.
Дар бораи филми “Хоби сурх”
Филми” Хоби сурх” аз рӯзгори як пирамард қисса мекунад, ки дар гузашта сарбози шӯравӣ дар Афғонистон буд. Ӯ ба ҳеҷ вақҳ қабул карда наметавонад, ки давлати советӣ пош хӯрду арзишҳои он низ беаҳамият монд.
Вай дар айёми пирӣ ба бемории рӯҳӣ гирифтор мешавад. Дар бемористон ду сол табобат мегирад, баъдан писари бузургаш ӯро ба хона меоварад. Мӯйсафед ҷонибдори ақидаҳои Карл Маркс, Фридрих Энгелс ва Ленин буда, тасаввур мекунад, ки низоми шӯравӣ то ҳол зинда аст. Ӯ ба оина нигариста, зоҳири худро ба шахсиятҳои болозикр монанд мекунад, чун доимо бо мӯйсар ва риши дароз мегардад. Хаёлпарастиаш сабаб мешавад, ки дар хонавода ҳамандеш наёбад ва азияти танҳоӣ кашад.

Нақши ин пирамардро, ки персонажи асосии филм аст, Исфандиёр Ғуломов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон бозӣ кардааст. Ҳамзамон, дар филм Меъроҷиддин Асоев, Меъроҷиддин Бобиев, Таҳмина Раҷабова, Қандил Тоиров, Аъзам Розиқ, Қурбон Собир, Зарпарӣ Хушвақт, Ғолиб Исломов, Мирзовалӣ Фозилов ва дигарон нақш офариданд.
Муаллиф ва коргардони филм Соҳибёр Толиб, филмбардор Шӯҳрат Қурбонов, продюссер Маҳмадсаид Шоҳиён буда, оҳанги филмро Иқболшо Завқибеков эҷод намудааст. Давомнокии филми “Хоби сурх” 80 дақиқа буда, он соли сипарӣ дар ноҳияҳои Варзоб ва Рӯдакӣ ба навор гирифта шудааст.
Муҳокимаи филми “Хоби Сурх” бо тамошобинон
Толори Маркази ҷавонон ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Хуҷанд пур аз тамошобини синнусоли гуногун буд. Пас аз тамошои филми “Хоби сурх” баррасии муҳтавои он сурат гирифт, ки зимни он пиру барно ибрози назар карданд.
Баҳром Мирсаидов, номзади илмҳои филологӣ бо зикри муҳтавои таъсирбахш доштани филм пешниҳод кард, беҳтар мебуд, ки агар дар филм хандаи қаҳармони асосӣ камтар шавад.

“Ба назари ман, дар филм пурра нишон дода нашуд, ки персонажи асосӣ чӣ гуна ба дарди муҳаббти давлати Шӯравӣ гирифтор шудааст. Албатта, риояи назокати лаҳзаҳо ва мувофиқати бандубасти замон муҳтавои филмро боварибахш мекунад”, – гуфт ӯ.
Ҳусейн Зайтметов, доктори илмҳои психологӣ гуфт, ки аз филм чанд мавзӯи ҳассоси равониро метавон ҷудо кард. Масалан, дар симои қаҳармони асосӣ шахсеро шинохтан мумкин аст, ки нишонаҳои бемории равонӣ дорад. Дар илми психология чунин ҳолатро “дармондагӣ” меноманд.
“Хандаҳои баланд ва беҷо, ки дар ин ҷо ба он эрод гирифтанд, дар асл механизми худмуҳофизатии шахс мебошад, яъне ханда роҳест, ки бо он аз дард ё фишори равонӣ раҳо ёфтан имкон дорад. Дар филм зиддиятҳои байни капитализм ва сотсиализм хеле хуб нишон дода шудааст. Эҳтиром ва муносибати дурусти оилавӣ низ хуб инъикос ёфтааст. Типикунонии персонажҳо хеле муваффақона иҷро шудааст, ҳар кадоме чеҳраи равонӣ ва иҷтимоии мушаххас дорад.”, – изҳор дошт равоншинос.
Ба қавли Ҳусейн Зайтметов, дар филми “Хоби сурх” мавзӯи буҳрони синнусолии наврасон ва мағзшӯйи шудани онҳо матраҳ мегардад. Филм нишон дод, ки чӣ гуна ҷавонҳоро бо водорсозӣ метавон ба роҳҳои хатарнок кашид.

Фарзона Муродӣ, рӯзноманигор зикр дошт, ки дар филм як одати тоҷикон хуб инъикос ёфтааст.
“Имрӯз мушоҳида мешавад, ки ҷавонон бо ягон баҳона аз нигоҳубини волидон даст кашида, онҳоро ба хонаи пиронсолон бурда мемонанд. Аммо писарони қаҳрамони асосии филм ба падари дармандашон чунин муносибатро раво намебинанд.
Онҳо барои табобат ба равоншинос муроҷиат карданд, падарро ҳатто барои дуохонӣ назди рӯҳонӣ бурданд. Ё бо ғамхорӣ падарашонро оббозӣ дорониданд. Фикр мекунам, ки чунин эпизодҳои филм барои ҷавонон омӯзанда аст”, – изҳор дошт бонуи рӯзноманигор.
Гуфтугӯ бо коргардони филм – Соҳибёр Толиб
Соҳибёри Толиб коргардон ва филмноманавис аст. Филми “Хоби сурх” сеюмин маҳсули кори ӯст. Вай пас аз фориғ шудан аз Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон чанд сол машғули рӯзноманигорӣ шуд. Баъдан дар бахши филмноманависии Донишкадаи синамо ва телевизиони Санкт-Петерсбург ҳам таҳсил кард. Коргардон ба чанд саволи тамошобинон посухи возеҳ дод.
– Чаро вақте қаҳрамони асосӣ дар рахти хоб буд, сараш баръакс нишон дода мешуд?
Соҳибёр Толиб: Ин тарзи зовия ҳолати бади инсонро нишон медиҳад. Интихоби ин зовия ба дидгоҳи коргардонӣ рабт дошта, бозгӯи он аст, ки қаҳрамон дар ҳолати хоб вазъи бади равонӣ дорад.

– Ҳамчун коргардони филми “Хоби сурх” мегуфтед, ки ҳадафи асосии он дар чист?
Соҳибёр Толиб: Ҳадафи асосии ҳар эҷодкор таъсир гузоштан ба ҷомеа аст. Медонам, ки тамошои ин филм талху душвор аст. Ба бинанда фишори равонӣ меорад. Ман бо чӣ метавонам, ки кори худро ҳимоя кунам. Фарз кардем, барои он ки аз як беморӣ раҳоӣ ёбед, ҳатман бояд доруи талх нӯшед.
Андешаи мо ҳам ба воситаи фишор гоҳе метавонад, ки иваз шавад, ба дигар сӯ тоб хӯрад. Дар умум, филм мавзуи гуногунии наслҳоро дар бар мегирад. Мо наметавонем, ба кӯдакон гӯем, “шумо бояд калонсолонро дарк кунед”. Ӯ инро намефаҳмад. Аммо мешавад ба бузургсолон гуфт, ки “бузургони азиз, насли навро дарк кунед”.

– Оё Шумо наметарсед, образи қаҳрамони асосии филм сабаб мешавад, ки дар шуури тамошобини ҷавон коммунистон ҳамчун девона нақш бандад?
Соҳибёр Толиб: Ман аз он метарсам, ки насли бузургсол шуури ҷавононро ба ҳамон давра ҷалб кунанду гӯянд: “Шумо насли бадбахт ҳастеду ҳеҷ чизро надидед, мо даврони сериву пурии Шӯравиро дидему халос”. Аммо имрӯз мушкилӣ дар дигар ҷо аст.
Ман аз ин метарсам, ки ҷавонони мо забонашонро гум кунанд. Вақте онҳо фикр мекунанд, ки бо забони русӣ ҳарф зананд донову аммо тоҷикӣ гап зананд, на. Ин ҷойи тарс дорад. Хуб, коммунизм дигар дар фарҳанги миллати мо нест. Барои мо арзишҳои дигаре ба вуҷуд омад.

Назари коршиноси соҳа
Давлатмурод Каримов, филмноманавис, коршиноси масоили синамоӣ пас аз тамошои насхустнамоиши ин филми ҳунарӣ, ки дар дафтари Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон баргузор гардида буд, навишт, ки “Хоби сурх” оинаи равони инсон ва ҷомеа аст. Ин филм дар жанрҳои драмаи равонӣ, иҷтимоӣ ва оилавӣ таҳия гардида, тавассути баррасии амиқи масъалаҳои инсониву ҷамъиятӣ диққати тамошобинро ҷалб менамояд.

“Мӯйсафед, ки нақши ӯро Исфандиёр Ғуломов бо маҳорати баланд офаридааст, на танҳо ёдгори як насли гузашта, балки тимсоли зиндаи таассуб ва истеъморзадагӣ мебошад. Ӯ то ба охир ба идеологияи шӯравӣ содиқ монда, барҳамдиҳандагони онро нафрин мекунад ва орзуи бозгашти он низомро дар дил мепарварад.
Аз оғоз то анҷоми филм, мӯйсафед механдад, хандае, ки бештар нишонаи ихтилоли равонӣ ва нобоварӣ ба воқеият аст, на изҳори шодӣ. Ин интихоби бадеӣ, гарчанде ҷолиб аст, метавонад баҳсбарангез бошад. Агар ӯ бо чеҳраи ҷиддие зери таъсири таассуби амиқи идеологӣ тасвир мешуд, шояд таъсири истеъмори фикрӣ бар шахсият ва тафаккури миллӣ равшантар инъикос меёфт”, – шарҳ дод коршинос.

Ба андешаи Давлатмурод Каримов, набераи қаҳрамони асосӣ низ дар гирдоби ақидаҳои зиддунақиз ва фишорҳои иҷтимоӣ қарор дорад. Ҷомеаи муосир, ки аз наслҳои гуногун, таърихҳои парешон ва арзишҳои мухталиф иборат аст, барои ӯ фазои пуршиддати равонӣ ва ахлоқӣ эҷод мекунад. Таассуби гузашта ва ноустувории имрӯз монеаи рушди табиии тафаккур ва худогоҳии ӯ мегардад.
“Филм бо истифода аз шеваҳои муосири коргардонӣ ва рамзҳои равонии замони нав мекӯшад паҳлуҳои ноаёни равони инсон ва ҷомеаи печидаро ба намоиш гузорад. Қаҳрамонони иловагӣ, аз ҷумла келин ва писарони мӯйсафед, ҳар кадом ба як низоми арзишӣ пойбанданд ва дар маҷмӯъ як панорамаи иҷтимоии пуртанишро пеши назар меоранд.
Ҳар яке аз ин қаҳрамонҳо дар ҷустуҷӯи ҳалли муаммои шахсии худ қарор дорад, аммо дар пушти ин талошҳо як мазмуни умумии инсонӣ ва иҷтимоӣ нуҳуфтааст, мазмуни худшиносӣ, истиқлол ва озодии фикр”, – изҳор медорад филмноманавис.

Давлатмурод Каримов мегӯяд, ки бо вуҷуди муҳтавои пурбор, филм баъзе камбудиҳои техникӣ ва бадеӣ низ дорад. Буридан ва кӯтоҳ намудани баъзе саҳнаҳои муҳими сужа ба пайвастагии мантиқии қисматҳо осеб расонда, боиси сардаргумии тамошобин дар фаҳми хатти марказии филм мегардад.
“Ин камбуд метавонад аз маҳдудиятҳои буҷетӣ, вақт ё таҳрири шитобкорона ва ё ноуҳдабароёна маншаъ гирифта бошад. Бо вуҷуди ин, чунин нуқсонҳо аз арзиши умумии филм чизе намекаҳанд, вале ишора бар он доранд, ки дар таҳияи филмҳои равонии иҷтимоӣ дақиқият ва амиқнигарӣ зарур аст”, – бар ин бовар аст ӯ.
Ёдовар мешавем, ки шоми 19 октябри соли 2025 дар Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷоизасупории Синамоҷашнвораи дуюми байналмилалии Душанбе – “Тоҷи Сомон” баргузор гардид, ки дар он ҳунарпеша Таҳмина Раҷабова барои нақш дар филми “Хоби сурх” ҷоизаи Беҳтарин нақши занонаро соҳиб шуд.
Интизор меравад, ки филми “Хоби сурх” моҳи октябр дар синамоҷашнвораи “Само” дар Истокҳолм, пойтахти Суэд (Шветсия) ба намоиши озмунӣ гузошта мешавад.
Файзуллохон Обидов









