fbpx

Дар Хатлон модар кӯдаки 5-моҳаашро барои “ҷазо додани шавҳар” латукӯб кардааст

Бойсарова Шукрона дар пайи муноқишаи хонаводагӣ ва ҷанҷоли лафзӣ бо шавҳараш, кӯдаки 5-моҳаашро мавриди сарзаниш ва латукӯб қарор додааст.


0
Акс: РВКД дар вилояти Хатлон

Ҷавонзани 21- солаи сокини ноҳияи Темурмалик пас аз нашри навори латукӯби кӯдакаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба мақомоти милитсия дастрас карда шуд, хабар медиҳад Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон.

Муайян шудааст, ки Бойсарова Шукрона дар пайи муноқишаи хонаводагӣ ва ҷанҷоли лафзӣ бо шавҳараш, кӯдаки 5-моҳаашро мавриди сарзаниш ва латукӯб қарор додааст.

Гуфта мешавад, ки ин зани ҷавон кирдори худро ба навор гирифта, видеоро ҳамчун “чораи ҷазо” ба шавҳараш ирсол кардааст.

Мақомоти милитсия нисбат ба қазия маводи санҷишӣ тартиб дода, изҳор доштанд, ки қарорҳои қонунӣ қабул карда мешаванд.

Ҳамзамон, бо модар суҳбатҳои профилактикӣ гузаронида шуда, ба ӯ ҳушдор додаанд, ки минбаъд аз кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ худдорӣ намояд ва ҳуқуқи кӯдакро риоя кунад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend