fbpx

Қонун “Дар бораи мақоми омӯзгор” ба муаллимон чӣ медиҳад

Омӯзгорон дар давраи кор аз хизмати ҳарбӣ озод мешаванд, ҳуқуқ доранд, таҳсилоти олии дуюмро дар равияи омӯзгорӣ ройгон гиранд.


0
Акс: аз бойгонии АП

Дар Тоҷикистон лоиҳаи қонун «Дар бораи мақоми омӯзгор» таҳия гардида, дар баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ қарор дорад.

Ба иттилои Вазорати маориф ва илм, ҳадафи асосии ин қонун, баланд бардоштани мақоми омӯзгор, таъмини ҳуқуқу кафолатҳои иҷтимоӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти касбӣ ва ҷалби омӯзгорон ба соҳаи маориф мебошад, менависад АМИТ “Ховар”.

Лоиҳа аз 6 боб ва 16 модда иборат буда, дар он чунин самтҳо пешбинӣ шудаанд:

  • принсипҳои асосии мақоми омӯзгор;
  • ҳуқуқу уҳдадориҳо;
  • тартиби тайёркунӣ ва такмили ихтисос;
  • дараҷаи тахассусӣ ва аттестатсия;
  • кафолату ҳавасмандгардонӣ;
  • маҳдудият ва дахлнопазирӣ дар фаъолияти омӯзгорӣ;
  • ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи қонун.

Тибқи лоиҳа, барои омӯзгорон шароити мусоиди корӣ ва иҷтимоӣ, махсусан дар деҳот, бояд фароҳам оварда шаванд. Ҳамчунин, барои ҷалби ҷавонон ба омӯзгорӣ, як қатор имтиёзҳои муҳим пешниҳод шудаанд:

  • омӯзгорон дар давраи фаъолияти касбӣ аз хизмати ҳатмии ҳарбӣ озод мешаванд;
  • ҳуқуқ доранд, таҳсилоти олии дуюмро дар равияи омӯзгорӣ ройгон гиранд;
  • ба фаъолияти ғайритаълимӣ ҷалб карда намешаванд;
  • ҳуқуқу манфиатҳои онҳо зери ҳимояи давлат қарор доранд.

Дар лоиҳа таъкид шудааст, ки санҷиш ва назорати фаъолияти омӯзгор танҳо аз ҷониби мақомоти ваколатдори соҳаи маориф анҷом дода мешавад. Инчунин, давлат барои ҳифзи саломатии омӯзгорон чораҳои зарурӣ меандешад.

Аз рӯи моддаи 6, омӯзгор уҳдадор аст, ки хонандагонро дар руҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба қонун, арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ, ҳамчунин эҳтиром ба падару модар ва атрофиён тарбия намояд.

Мақомоти масъул мегӯянд, ки қабули ин қонун заминаи устувори ҳуқуқӣ барои баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа ва ҷалби кадрҳои шоиста ба мактабҳо хоҳад шуд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend