Саодат Азизова, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, аз ҷумлаи чеҳраҳои барҷастаи театр ва синамои тоҷик аст, ки бо ҳунар, заҳмат ва маҳорат тавонистааст дар қалби ҳазорон тамошобин ҷойгоҳи худро пайдо кунад. Шуҳрати ӯ дар синамои тоҷик пас аз иҷрои нақши “янгаи Меҳрубон” дар силсилафилми “Дар орзуи падар” бештар шуда буд.
Дар баробари ин, ҳунарманд барои поси хотири ситораҳои санъати тоҷик барномаи телевизионии “Дар масири ёдҳо”-ро пеш мебурд, ки баъдан дар шакли китоб дар ду қисм онро ба нашр расонид. Саодат Азизова ба тарбияи насли нави ҳунармандон низ машғул аст ва мекӯшад, ки таҷрибаи худро ба ҷавонон бирасонад.
Муаллифи Your.tj бо ин бонуи ҳунарманд ҳамсуҳбат шуда, аз ҳаёту эҷодиёти ӯ қисса намуд.
““Янгаи Меҳрубон” барои ман як муҳр шуд”
Саодат Азизова аз нақшҳои аввалинаш нақл кард, ки замони донишҷӯияш иҷро кардааст. Барои ҳимояи кори дипломӣ ӯ дар намоишномаҳои “Дохунда” (Гулнор), аз рӯи асари устод Айнӣ, “Моҷаро дар Кёза” (Арсета) ва “Камбағалӣ айб нест”-и (Лизочка) Островский нақшҳои асосиро иҷро кардааст.
Ба гуфтаи ӯ, ҳунарпеша бояд ҳам нақши манфӣ ва ҳам мусбиро иҷро карда тавонад. Лекин ба ӯ бештар нақшҳои манфиро медоданд. Саодат афзуд, иҷрои он душвортар аст, барои он ки ҷустуҷӯ мекунӣ, бояд тарзе иҷро намоӣ, ки ба ҳақиқат наздик бошад, боварибахш бошад.
“Нақши янгаи Меҳрубон дар филми “Дар орзуи падар” барои ман як муҳр шуд. Коргардон ба ман ин нақшро пешниҳод карда буд. Баъди иҷрои нақш одамон ба ман чун ба ҳамон образи иҷрокардаам муносибат мекарданд. Дар аввал зиқ мешудам, вале баъдан одат кардам”,- афзуд вай бо табассум.
Рӯзе як ронандаи такси ба Саодат гуфт, ки “шумо дар он филм ин гуна нақшро офаридед, аммо дар ҳаёт тамоман одами дигар”. Ӯ шӯхиомез посух дод, ки “зӯрии ман фақат дар кино, агар дар ҳаёт ҳам зӯр мебудам, ту аз ман роҳкиро гирифта наметавонистӣ”.
“Ман фикр мекунам, тамошобин ҳама чизро хеле хуб мефаҳмад, ҳатто медонад, ки кадом ҳунарманд аз таҳи дил нақш бозӣ мекунаду кадомаш сохтакорона.
Бисёр ҳунарпешаҳо мегӯянд, ки театр хонаи дуюми мо. Вале ман мегӯям, театр хонаи якуми мост! Барои он ки субҳ вақте бедор мешавем якум дар бораи театр фикр мекунем”,- таъкид кард бонуи ҳунарманд.
Ба гуфтаи Саодат, ҳар як ҳунарманде, ки дар синамо машҳур шудааст, таҳкурсиаш дар театр аст.
“Ман гумон мекунам, агар театр намебуд, вай нақшро дар синамо ончунон самимӣ бозӣ карда наметавонист. Синамову телевизион нағз, ки зуд машҳур мекунад, аммо барои ман театр беҳтар”,- афзуд ӯ.
“Мехоҳам “Дар масири ёдҳо”-ро рӯзноманигори аз театр огоҳе идома диҳад”
Саодат Азизова муаллиф ва барандаи барномаи телевизионии “Дар масири ёдҳо” аст. Ӯ баъди бозгашт аз театри “Аҳорун” ба театри Лоҳутӣ, бо Телевизиони “Тоҷикистон” мувофиқа карда, дар бораи 80 нафар асосгузорони театри Тоҷикистон барнома кардааст.
“Баъдан ҳамаи онро ба шакли китоб дароварда дар ду қисм ба нашр расонидам. Ин ҷо як осорхонаи хурди театрро ташкил кардам ва барои ҳунармандони гузашта як гӯшаеро таъсис додам.
Ҳоло чанд вақт шуд, ин барномаро идома надодам. Мехоҳам як рӯзноманигори аз театр огоҳе пайдо шаваду бо роҳнамоии ман барномаро пеш барад”,- изҳори умед кард ӯ.
“Зодаи Тоҷикистон”
Саодат зодаи шаҳри Панҷакент аст, вале дар чор ноҳияи Тоҷикистон ба воя расидааст. Чун падараш корманди ҳифзи ҳуқуқ буд, оилаи онҳо ҳар чор сол аз як ноҳия ба ноҳияи дигар мекӯчид.
“Барои ҳамин мегӯям, ки ман зодаи тамоми минтақаҳои Тоҷикистонам. Дар Панҷакент ба дунё омадам, дар Шаҳритус ба мактаби миёна рафтам, дар Комсомолобод (ҳоло Нуробод) таҳсилро давом додам, баъд охир омадам дар ноҳияи Данғара мактабро хатм кардам”,- гуфт ҳамсуҳбати мо бо табассум.
Ӯ аз хурдсолӣ дар чорабиниҳои фарҳангӣ дар ин минтақаҳои дурдасти кишвар баромад мекард. Дар саҳна бо меҳру муҳаббати зиёд шеър мехонд. Ба ӯ модараш бо ҳавас ёд медод.
Вале падараш бисёр мехост, ки Саодат ҳуқуқшинос шавад. Баъди хатми мактаб ӯ ба падар арз кард, ки “ба Москва иҷоза намедодед, акнун дар Тоҷикистон ҳам ҳаст, ман ҳунарпеша мешавам”. Падар дигар норозигӣ накард.
Ҳунарманд ба ёд меорад, ки замони зинда будани падар зуд-зуд ба зодгоҳаш шаҳри Панҷакент мерафтанд.
“Соли гузашта дар ёдбуди устод Лоиқ Шералӣ бо сафари ҳунарӣ рафта будем. Дар Шаҳритус ҳамагӣ як сол таҳсил кардам, аммо асосан дар Нуробод калон шудам. Баъд дар Данғара ҳамагӣ чор сол таҳсил кардам”,- афзуд ӯ.
“Ё беҳтарин бошӣ, ё ин ки набошӣ!”
Ба гуфтаи Саодат, шахсе, ки роҳи ҳунарро интихоб мекунад, бояд ба ҳама чизе, ки дар ҳаёт рух медиҳад, омода бошад.
“Лекин мо он вақт ҷавон будем ва ҳатто фикр ҳам намекардем, ки зиндагӣ чӣ асту дар он чӣ воқеаҳо мешавад. Мо ин касбро бо як ишқу эҳсоси баланд интихоб карда будем ва намедонистем, ки чӣ гуна бояд мубориз буд. Ба мо инро касе ҳам нагуфта буд”,- афзуд ӯ.
Аммо вақте худаш омӯзгор шуд, ба шогирдонаш, махсусан ба духтарон бисёр “сирҳои касбӣ”-ро гуфт, то дар оянда ба қавле “пешонаашон рафта ба девор назанад”. Ӯ шогирдонро омода мекунад, то аз пастиву баландиҳои роҳи ҳунар дилозурда нашаванд, фирефта нашаванд.
“Ҳоло бисёриҳо мегӯянд, ки шумо – насли калонсол равед, дар театр кӣ мемонад? Вале мо мебинем, ки ҷавонони лаёқатманд зиёданд. Кор мекунанд, санъату ҳунарро пеш мебаранд.
Албатта, ҳоло барои онҳо каме мушкил аст, чун бисёрашон дар хонаҳои иҷора зиндагӣ мекунанд. Театр ҳам то тавонаш ҷавононро дастгирӣ мекунад. Агар дар соҳаи худ содиқона меҳнат кунанд, ба ҳамааш даст меёбанд. Ё беҳтарин бошӣ, ё ин ки набошӣ – шиори ман ҳамин”,- таъкид кард Саодат.
Ӯ мегӯяд, барои ҳунарманд дар давоми фаъолияташ гирифтани унвон низ муҳим аст. Чун ин ченакест, ки заҳматҳои ӯро баҳо медиҳад.
Боре аз ман пурсиданд, ки ба ҳунарманд унвон лозим аст? Гуфтам, бале! Гуфтанд, барои чӣ? Посух додам, барои ба нафақа баромадан. Ҳунарманд ягон даромади иловагӣ надорад. Унвон ченаке ҳаст, ки заҳматҳои ҳунармандро баҳо медиҳад. Ҳунармандро бояд дар зинда буданаш қадр кунанд!
Ёде аз устодону ҳамсабақон
Ҳунарманд аз устодон, ҳамсабақон ва давраи донишҷӯияш ба некӣ ёд кард. Ӯ аз ҳунармандони боистеъдод сабақ гирифтааст.
“Вақте мо омадем, аллакай факултети санъат дар назди Донишгоҳи омӯзгории ба номи С.Айнӣ (он замон ба номи Шевченко) таъсис ёфта буд. Мо студияи дуюм будем ва аз мо пештар як студияи дигар таҳсил мекард, ки ҳунармандону коргардонҳои дар оянда хеле машҳурро ба камол расонид, аз ҷумла Исо Абдурашидов, Мирзоватан Миров, Бобоҷон Ҳасанов, Асалбек Назриев.
Ба гурӯҳи мо Муҳаммадҷон Қосимов, Ҳоҷиқул Раҳматуллоев, Тамара Абдушукурова, Хушназар Майбалиев, Аскар Абдураҳмонов, Тӯрахон Аҳмадхонов, Аҳмадҷон Қодиров, Марям Исоева, Қимматшо Ҳимматшоев ва худи Маҳмудҷон Воҳидов хушбахтона ба мо як моҳ дарси нутқи саҳнавӣ омӯзониданд”,- ёди устодону ҳамдарсон кард Саодат Азизова.
Ӯ нақл кард, ки дар гурӯҳи онҳо дар аввал 25 нафар буд, вале донишгоҳро 21 нафар хатм кард. Дар байни ин курс беҳтарин ҳунармандоне буданд, ки дар оянда ҳунарпешаҳои халқӣ, коргардонҳои шинохта шуданд.
“Фаррух Қосимов, Баҳодур Миралибеков, Шералӣ Абдулқайсов – ҳунарпешаҳои халқии Тоҷикистон, Сабоҳат Қосимова, Латофат Барзуева, нафароне шуданд, ки дар саҳнаи тоҷик бисёр заҳмат кашиданд. Курси мо бисёр хушбахт буд, чун аз устодони барҷаста хеле таҷриба гирифтем. Мустақилона низ кор мекардем”,- афзуд ҳамсуҳбати мо.
Роҳи пурпечутоби зиндагӣ ва ифтихор аз фарзандон
Соли 1973, баъди хатми донишгоҳ 8 нафар ҳамсабақон ба Театри ба номи А.Лоҳутӣ омаданд. Ба гуфтаи Саодат, ҳоло дар ин театр намоишҳо кам ва танҳо рӯзона мегузаранд. Вале он замон намоиши шабона низ буданд, ки аз соати 19 то 22 давом мекард. Ҳунармандон баъди намоиш шабҳо низ истода кор мекарданд.
“Баъдан аз ин ҷо соли 1977 бо сабабҳои оилавӣ ба Театри мазҳакаи мусиқии ба номи С. Вализодаи шаҳри Кӯлоб рафтам. Вақте шавҳарамро даъват карданд, боз аз он ҷо баргашта омадем.
Салим Муқимов ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон буд ва шеър мехонд. Баъди даргузашти устод Маҳмудҷон Воҳидов роҳбарияти ҷумҳурӣ ӯро аз Кӯлоб дубора ба Душанбе овард”,- ба хотир овард бонуи ҳунарманд.
Онҳо якчанд муддат дар хобгоҳ зиндагӣ карданд ва шавҳари Саодат ҳамон ҷо вафот кард. Ӯ 10 соли дигар бо кӯдаконаш дар хобгоҳ монд.
“Мо аз ҷумлаи охирин нафароне будем, ки охири солҳои 90 соҳиби хона шудем”,- нақл кард қаҳрамони мо.
Ӯ соҳиби се фарзанд аст ва имрӯз ҳар яке дар касбу кори худ муваффақанд. Саодат чанд муддат барои тарбияву ба камол расонидани онҳо талоши кори саҳна накардааст.
“Худоро шукр, духтарам Донишгоҳи тиббиро дар замони ректории Ю.Исҳоқӣ бо дипломи аъло хатм кард, ҳоло дар хориҷ аз кишвар кору зиндагӣ дорад. Як писарам ҳуқуқшинос, дигараш муҳандис шуд.
Вале ҳамаашон маълумоти мусиқӣ доранд. Аз ҳама дӯстони наздик барои ман фарзандонам ҳастанд”,- гуфт ӯ боифтихор.
Сайри ҷаҳон бо ҳунар
Саодат Азизова хеле зиёд сафарҳои ҳунарӣ доштааст. Махсусан, замоне ки дар Театри “Аҳорун” кор мекард, бо талошҳои коргардон Фаррух Қосимов аҳли ҳунар борҳо ба сафарҳои ҳунарӣ баромаданд, дар озмунҳои театрии кишварҳои ҷаҳон иштирок карда соҳиби ҷоизаҳо мешуданд.
“Чандин бор ба Эрон сафар карда, “Гран-при” гирифтем, бо намоиши “Юсуфи гумгашта” “Сиккаи тилоӣ”-ро ба даст овардем. Ба Белжик, Фаронса, Ҳолланд, Лаҳистон сафарҳои ҳунарӣ доштем. Соли 90-ум ҳамин хел бисёр сафар доштем, ки давоми сол тақрибан ҳамагӣ як моҳ дар Тоҷикистон будему боқӣ дар хориҷа”,- ёд овард ҳунарманд.
“Мехоҳем симои зани тоҷикро пас аз истиқлол офарем”
Саодат Азизова орзу дорад, ки толорҳо пур аз тамошобин шавад. Драматургҳои мо асарҳои хуби саҳнавӣ нависанд.
“Масалан, мо ҳунарпешаҳо бисёр мехоҳем, симои зани тоҷикро пас аз истиқлол офарем. Мо интизори асари драматургии хубе ҳастем, ки қаҳрамониҳои зани тоҷикро хуб тасвир кунад”,- гуфт ҳунарманд дар охир.
Саодат Азизова ба синни 74 расид ва имрӯзҳо дар ҳалқаи фарзандону наберагон зиндагии орому осуда дорад.
С.У.