fbpx

Узбекистон ба Русия дар робита ба латукӯби шаҳрвандонаш нота ирсол кардааст

Шахсияти ҳамаи ҳамлагарон муайян шудааст: яке боздошт гардида, ду нафари дигар дар ҷустуҷӯ мебошанд.


0
Консулгарии генералии Узбекистон дар Владивосток

Консулгарии генералии Узбекистон дар Владивосток ба мақомоти Русия вобаста ба ҳолати латукӯб ва таҳқири чанд шаҳрвандаш нота ирсол кардааст. Дар ин бора консули генералӣ Юсуф Кобулҷонов иттилоъ додааст, менависад хабаргузории “Фарғона”.

Ҳамла ба шаҳрвандони Узбекистон шаби 10-уми дар минтақаи Приморск рух додааст. Як гурӯҳи наврасони маст ба як мошини таваққуфкарда зарар расонда, сипас ба дохили он гази ашковар пошидаанд ва баъдан ба ронандаи мошини боркаш ҳамла намудаанд.

Баъди ин, наврасон ба як мағоза даромада, мардеро дар назди харидорон ва фурӯшанда латукӯб кардаанд. Минбаъд онҳо ба як таксӣ ҳамла карда, ронанда ва мусофирро задаанд.

Ин наврасон дар кӯча бо овози баланд дод зада, бо санг ва ашёи дигар ба роҳгузарон ҳамла карда, тартиботи ҷамъиятиро вайрон намудаанд. Шахсияти ҳамаи ҳамлагарон муайян шудааст: яке боздошт гардида, ду нафари дигар дар ҷустуҷӯ мебошанд.

Гуфта мешавад, ҷабрдидагон муҳоҷирони зодаи вилояти Бухорои Узбекистон мебошанд.

Ба гуфтаи Кобулҷонов, 16-уми сентябр Кумитаи тафтишотии Русия нисбат ба гурӯҳи наврасон бо моддаи 213 қисми 2 (“Авбошӣ”) парванда оғоз кардааст.

Дар консулгарии генералии Узбекистон таъкид кардаанд, ки ин қазия таҳти назорати ҳам намояндагии дипломатӣ ва ҳам мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия қарор дорад.

Ёдовар мешавем, ки дар аввали моҳи сентябр ВКХ Узбекистон низ ба ВКХ Русия нотаи расмӣ ирсол карда буд. Он замон Узбекистон хост нисбати як шаҳрванди Русия, ки дар шаҳри Химкии вилояти Москва ронандаи таксии узбекро таҳқир кардааст, чораҳои қонунӣ андешида шаванд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend